Ru  | Tj
Донишмандони Русия дар Тоҷикистон аз аҳамияти омӯзиши таърих барои сохтани оянда мегӯянд
Донишмандони Русия дар Тоҷикистон аз аҳамияти омӯзиши таърих барои сохтани оянда мегӯянд
Акс: аз манбаъҳои боз

Донишмандони Русия дар Тоҷикистон аз аҳамияти омӯзиши таърих барои сохтани оянда мегӯянд

Нашр шуд

Дар доираи лоиҳаи фарҳангию маърифатии «80-солагии Ғалабаи умумии мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» аз 18 то 21 ноябр дар Тоҷикистон як силсила вохӯриву сӯҳбатҳо баргузор мешаванд.

Дар ин маҳфилҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ донишҷӯён ва омӯзгорон аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ширкат хоҳанд кард.

Ҳадафи чорабинӣ ҳифз ва оммавӣ гардонидани хотираи таърихӣ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва инчунин мубориза бо талошҳои таҳрифи таърих мебошад.

Барои ширкат дар чорабиниҳои ҷамъияти «Дониш»-и Русия дар Тоҷикистон дар вебсайти зерин сабти ном кунед: https://znanierussia.ru/events/diskussionnye-voprosy-velikoj-otechestvennoj-vojny-120917?date=2024-11-21

Бояд гуфт, ки созмондиҳандаи ин чорабинии фарҳангӣ - маърифатӣ ҷамъияти «Дониш»- Русия ва Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои донишҷӯён буда, он бо ҳимояти Палатаи ҷамъиятии вилояти Свердловск, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой ва намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.



halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед