
Имкони муаррифии ҳунар ва бурди сафар ба Санкт-Петербурги Русия
Нашр шуд
Лоиҳаи «Классикаи ҷовидон» озмуни байналмилалии шеър барои нотиқони ҷавонро роҳандозӣ мекунад, ки дар он шаҳрвандони аз 10 то 17-сола метавонанд ширкат кунанд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагони озмун, барои ширкат боиста аст, ки сабти видеоии хониши шеъре аз даврони рушди адабиёти русро ба вебгоҳи озмун ирсол кунед. Гуфтанист, ки озмун ба забони русӣ баргузор шуда, дархостҳо барои иштирок то 6-уми ноябр қабул карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки иштирокдорони беҳтарин метавонанд ба сурати ҳузурӣ ё маҷозӣ дар рӯзи «Классикии ҷовидон» дар кишвари худ ҳунарнамоӣ кунанд. Ҳамзамон 20 нафар нотиқи муваффақтарини шеър барои иштирок дар даври ниҳоии озмун ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар хоҳанд кард.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед