Имконияти дохил шудан ба донишгоҳҳои пешбари Русия ва Белорусро аз даст надиҳед!
Нашр шуд
Донишгоҳҳои Русия ва Белорус барномаҳои таълимии худро дар Тоҷикистон муаррифӣ хоҳанд кард. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд намоишгоҳи “Маорифи Русия-Белорус. Тоҷикистон-2024” баргузор мешавад.
Тибқи иттилои намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, рӯзҳои 4 ва 7 октябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд донишгоҳҳои Русия ва Белорус барномаҳои таълимии худро барои донишомӯзон муаррифӣ мекунанд.
Дар ин намоишгоҳ, ки бори 12-ум дар Тоҷикистон баргузор мешавад, мактаббачагон ва донишҷӯён, волидон ва омӯзгорон имкон доранд бо барномаҳои таълимӣ ва пешниҳодҳои нави донишгоҳҳои пешбари Русия ва Беларус ва шароити дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ошно шаванд.
Муаррифии имкониятҳои таълимии мактабҳои олии Русия ва Белорус дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзҳои 4 ва 5 октябр баргузор мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд, бошад намоишгоҳи мазкур дар Кохи ҷавонони рӯзи 7 октябр ифтитоҳ мешавад.
Донишомӯзону волидони онҳо ва инчунин омӯзгорон зимни ин намоишгоҳ имкон дорад, ки бевосита бо намояндагони мактабҳои олии Русия ва Белорус аз наздик сӯҳбат карда, ба саволҳои худ дар бораи шароити таҳсил дар донишгоҳҳои ин ду кишвар маълумот бигиранд.
Бояд гуфт, ки намоишгоҳи қаблии мактабҳои олии Русия ва Белорус дар Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта бо ҳузури намояндагони 49 мактаби олӣ аз ин ду кишвар баргузор шуда буд.
Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар мактабҳои олии Русия беш аз 28 ҳазор донишомӯзон аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед