Ru  | Tj
Имконияти омӯзиш барои ҷавонони тоҷик дар Академияи гумруки Русия: Талабот чист?
Имконияти омӯзиш барои ҷавонони тоҷик дар Академияи гумруки Русия: Талабот чист?
Акс: аз манбаъҳои боз

Имконияти омӯзиш барои ҷавонони тоҷик дар Академияи гумруки Русия: Талабот чист?

Нашр шуд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон хоҳишмандони таҳсил дар риштаи умури гумрукро ба Русия мефиристад.

Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон метавонанд дар Академияи гумруки Русия ва филиалҳои он дар риштаи фаъолияти гумрукӣ таҳсил кунанд.

Дар бораи қабули санади довталабон барои таҳсил, дар сомонаи расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон эълон нашр шудааст.  Дар он гуфта мешавад, ки «дар асоси Созишномаи бисёрҷонибаи байниидоравии кишварҳои ИДМ дар заминаи ҳамкорӣ дар таълим ва такмили ихтисоси кормандони хадамоти гумрук аз 23 ноябри соли 1994 бо мақсади таъмини ин ниҳод бо кадрҳои баландихтисос, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ин кишвар барои таҳсил ба Академияи гумруки Русия фиристода мешаванд».

Гуфта мешавад, ки довталабони солҳои таҳсили 2024-2025 метавонанд ба Академияи гумруки Русия дар шаҳри Любертси ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Санкт- Петербург, Ростови лаби Дон аз рӯйи ихтисосҳои «Фаъолияти гумрукӣ» (мутахассис), «Ҳуқуқшиносӣ» (бакалавр) ва «Иқтисодчӣ» (бакалавр) санадҳои худро супоранд.

Барои дохил шудан ба Академияи гумруки Россия асноди довталабон аз 6 то 14 июни соли 2024, ба муддати 7 рӯзи корӣ қабул карда мешавад.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки супоридани имтиҳонҳо аз ду марҳила иборат аст. Марҳилаи якум навиштани кори хаттӣ (диктант) бо забони русӣ аз тарафи Хадамоти гумрук ва марҳилаи дуюми имтиҳонҳо аз фанҳои таърихи Русия, математика, забони русӣ, забони англисӣ ва ҷомеашиносӣ аз ҷониби Академияи гумруки Русия қабул карда мешавад.

Дар идома зикр мешавад, ки донистани фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ ва тайёрии хуби ҷисмонӣ барои довталабон ҳатмӣ аст.

Гуфта мешавад, ки барои дарёфти маълумоти бештар дар мавриди шарту шароити таҳсил дар Академияи гумруки Русия ва филиалҳои он довталабон метавонанд ба сомонаҳои расмии онҳо муроҷиат кунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед