Имконияти таҷрибаомӯзӣ барои олимони ҷавон аз кишварҳои ИДМ дар Русия
Нашр шуд
Қабули дархостҳо барои барномаи таҷрибаомӯзии InterRussia дар риштаи муносибатҳои байналмилалӣ оғоз шуд.
Бунёди Горчаков дар ҳамкорӣ бо созмони "Россотрудничество" ва пажуҳишгоҳҳои бонуфузи Академияи илмҳои Русия барномаи таҷрибаомӯзии InterRussia барои олимони ҷавон аз кишварҳои ИДМ-ро оғоз мекунад.
Мавзӯи таҷрибаомӯзӣ дар доираи ин барнома "Ҷаҳони чандқутбӣ: тамоюлҳо ва хатарҳои нав" интихоб шудааст.
Дар давоми як моҳ иштирокчиён бо олимони риштаи муносибатҳои байналмилалӣ аз марказҳои пешбари илмии Русия кор хоҳанд кард.
Шарикони барнома Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқотии иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, Пажӯҳишгоҳи ИМА, Пажӯҳишгоҳи Аврупо, Пажӯҳишгоҳи Амрикои Лотинӣ ва Пажӯҳишҳои Африқои Академияи илмҳои Русия ҳастанд.
Зимни таҷрибаомӯзӣ иштирокчиёни барнома бо ҳаёти ҷомеаи илмии Русия ошно шуда, аз мақомоти давлатӣ боздид мекунанд ва дар ҷаласаҳои коршиносӣ дар марказҳои илмию таҳлилии Русия иштирок мекунанд.
Ҳамзамон олимони ҷавон дар доираи барномаи мазкур таҳти роҳбарии олимони варзидаи Русия дар риштаи муносибатҳои байналмилалӣ дар пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Русия кор хоҳанд кард.
Таҷрибаомӯзии олимони ҷавон дар доираи барномаи InterRussia аз 29 сентябр то 27 октябри соли ҷорӣ дар Маскав бо забони русӣ баргузор мешавад.
Баргузоркунандагон барои иштирокчиёни барнома хароҷоти сафар барои рафту баргашт, будубош дар Маскав, бимаи саломатӣ ва кумакпулӣ ба маблағи 30 ҳазор рублро барои давраи таҷрибаомӯзӣ пардохт мекунанд.
Мӯҳлати охири қабули дархостҳо барои иштирок дар барномаи InterRussia 1 августи соли ҷорӣ муаяйн шудааст.
Барои тафсилоти бештар довталабон метавонанд ба сомонаи Бунёди Горчаков муроҷиат кунанд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед