Ru  | Tj
Иштирок дар донишозмоӣ ва имкони таҳсили ройгон дар Русия
Иштирок дар донишозмоӣ ва имкони таҳсили ройгон дар Русия
Акс: mos.ru (CC BY 4.0)

Иштирок дар донишозмоӣ ва имкони таҳсили ройгон дар Русия

Нашр шуд

Озмуни байнулмилалии донишозмоии “Open Doors” магистрантон ва унвонҷӯёнро барои ширкат даъват мекунад. Дар ин бора вебгоҳи ин озмун хабар дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, барандагону ҷоизадорони ин озмун ҳаққи омӯзиши ройгон дар Русияро пайдо хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки хоҳишмандон то 10-уми декабри имсол имкони сабтином дар вебгоҳи озмунро доранд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони озмун, озмун дар 14 равия баргузор мешавад. Иштирокдорони донишозмоӣ метавонанд якчанд равияро интихоб кунанд. Тамоми озмунҳо ба сурати маҷозӣ бо забони русӣ ё инглисӣ сурат мегирад.

Гуфтанист, ки озмуни донишозмоӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи миллии «Илм ва донишгоҳҳо» бо пуштибонии Вазорати маориф ва илми Русия барпо мешавад. Аз соли 2017 дар ин озмун беш аз 300 ҳазор кас аз 197 кишвари ҷаҳон ширкат карда, ҳудуди 4 ҳазор кас ҳаққи таҳсил дар беҳтарин донишгоҳҳои Русияро ба даст овардаанд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед