Ru  | Tj
Коршиносони ҷавони умури байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба Новосибирск даъват мешаванд
Коршиносони ҷавони умури байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба Новосибирск даъват мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Коршиносони ҷавони умури байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба Новосибирск даъват мешаванд

Нашр шуд

Рӯзҳои 4-8 ноябр дар Новосибирск барномаи илмӣ-таълимии Бунёди Горчаков таҳти унвони “Мактаб барои Осиёи Марказӣ – 2024” баргузор мешавад.

Шарикони лоиҳа Донишгоҳи давлатии иқтисод ва менеҷменти Новосибирск, инчунин Ҷамъияти Тадқиқоти Байналмилалии Сибир мебошанд.

Мавзуи меҳварии ин нишасти илмӣ-омӯзишӣ геоиқтисод ва геополитикаи долонҳои нақлиётӣ аст.

Иштирокчиён ҷанбаҳои калидии ҳамкориҳои кишварҳои минтақа, таъсири зерсохтҳои нақлиётӣ ба рушди иқтисодӣ ва стратегияҳои геополитикӣ ва инчунин имконоти ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин маҳфил ба унвони коршинос ходимони пешбари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва илмии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ хоҳанд буд.
Дар ин чорабинӣ донишҷӯён, аспирантҳо, муҳаққиқони ҷавон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дипломатҳои ҷавон, хизматчиёни давлатӣ ва рӯзноманигорони масоили байналмилалӣ метавонанд ширкат кунанд.

Барои ширкат дар ин маҳфили илмӣ-омӯзишӣ довталабонро лозим аст, ки дар вебсайти русизабони Бунёди Горчаков сабти ном карда, дар бахши "Лоиҳаҳои ман" ба Мактаби Осиёи Марказӣ дархост фиристанд.

Баъдан зарур аст, ки довталаб ҳамаи бахшҳои пурсишномаро пур карда, ба пурсишнома дар яке аз се мавзӯи пешниҳодшуда иншоро замима намояд.
Барои муаллифони се иншои беҳтарин хароҷоти сафари рафту баргашт ба ин чорабинӣ пардохта мешаванд.

Мӯҳлати охирини қабули дархостҳо 15 октябри соли ҷорӣ аст.

Маълумоти бештарро дар бораи "Мактаби Осиёи Марказӣ" дар вебсайти зер пайдо кардан мумкин аст.
(https://gorchakovfund.ru/portal/news/view/shkola_po_tsentralnoi_azii_otkryvaet_nabor_v_2024_godu_65452)

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews



halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед