Мактаб барои рӯзноманигорони ҷавон дар Душанбе
Нашр шуд
Мактаби рӯзноманигорон ва блогнависони ҷавон дар “Хонаи русӣ” дар Душанбе қабули хоҳишмандонро барои басти тирамоҳӣ эълон мекунад.
Гуфта мешавад, ки рӯзноманигорону блогерони ҷавон дар ин давраи омӯзишӣ кор бо матн, озодона дар кадр будан, фаҳмо ва босаводона сухан гуфтан ва дар мусоҳиба пешниҳоди саволҳои дурустро хоҳанд омӯхт.
Барои ширкат дар дарсҳои омӯзишӣ, рӯзноманигорон ва блогнависони аз 13 то 20-сола, бояд ҳолномаро бо нишон додани ному насаб, синну сол, ҷойи таҳсил, рақами телефон ва почтаи электронӣ пур карда, ҳамзамон зикр намоянд, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳанд.
Бояд гуфт, ки мактаби расонаӣ дар "Хонаи русӣ" ройгон буда, бо такмил шудани гурӯҳ дарсҳо оғоз мешаванд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед