Ru  | Tj
Мактаби байналмиллалии муаррихони ҷавон қабули шунавандагонро оғоз намуд
Мактаби байналмиллалии муаррихони ҷавон қабули шунавандагонро оғоз намуд
Акс: Донишгоҳи федеролии Канти Балтика

Мактаби байналмиллалии муаррихони ҷавон қабули шунавандагонро оғоз намуд

Нашр шуд

Мактаби байналмилалии муаррихони ҷавон «Сиёсати ҳофиза дар фазои пасошӯравӣ: рўикард ва таҷрибаҳои калидӣ» қабули дархостҳоро барои ширкат дар он оғоз кардааст. Ҳуҷҷатҳоро метавон то 1-уми июни соли равон пешниҳод кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии «Русское пространство» машғулиятҳо аз 20 то 27-уми август дар шаҳри Калининград сурат мегирад. Ширкаткунандагон дар лексияҳои коршиносони варзидаи рус ва хориҷӣ дар соҳаи сиёсат ширкат хоҳанд варзид. Афзун бар ин барои онҳо барномаи тафреҳии вижа бо гаштугузор дар соҳили баҳри Балтика роҳандозӣ мегардад.

Гуфтанист, ҳамоиши мазкур аз сӯйи Донишгоҳи федеролии Канти Балтика созмон дода шуда, бо сарпарастии Вазорати илм ва маълумоти олии Русия баргузор карда мешавад. Шарики иттилоотии Мактаби болозикр Бунёди Горчаков мебошад.
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед