Ru  | Tj
Муаллимони забони русӣ аз Тоҷикистон дар омӯзиши онлайнӣ ширкат хоҳанд кард
Муаллимони забони русӣ аз Тоҷикистон дар омӯзиши онлайнӣ ширкат хоҳанд кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Муаллимони забони русӣ аз Тоҷикистон дар омӯзиши онлайнӣ ширкат хоҳанд кард

Нашр шуд

Аз 24 октябр то 28 ноябр зиёда аз 1470 нафар омӯзгорони забони русӣ аз 110 кишвари ҷаҳон дар чорабиниҳои фосилавии «Давраи омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар хориҷа» иштирок мекунанд. Дар миёни онҳо 56 нафар омӯзгорони забони русӣ аз Тоҷикистон низ ҳастанд. Дар ин бора намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон хабар дод.

Иштирокчиёни барнома омӯзгорон аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд, ки забони русиро дар давраҳои омӯзишии "Россотрудничество", дар марказҳои забономӯзӣ, маҳфилҳо, кӯдакистон, мактаб ва донишгоҳҳо тадрис мекунанд.

Суханрониҳои видеоӣ, дарсҳои маҳорат ва дарсҳои кушод дар шакли фосилавӣ барои омӯзгорони забони русӣ аз ҷониби коршиносони рус ва хориҷӣ оид ба таълими забони русӣ, муаллифони китобҳои дарсии машҳур, ташкилкунандагон ва роҳбарони мактабҳои забономӯзӣ гузаронида мешаванд.

Дар рафти омӯзиш иштирокчиён бо навтарин маводҳои таълимию методӣ шинос шуда, технологияҳо ва воситаҳои муосири таълимии рақамиро азхуд намуда, бо ҳамкасбон масъалаҳои ҷории ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати забони русиро барои шаҳрвандони хориҷӣ берун аз Русия баррасӣ мекунанд.

Барномаро маркази таълимии «Ҷаҳони китобҳои русӣ» бо кумаки нашриёти «Златоуст» таҳия кардааст. Лоиҳа бо дастгирии "Россотрудничество" амалӣ мешавад.

Давраи омӯзишӣ барои омӯзгорони забони русӣ дар вебсайти https://mirrki.ru сурат мегирад.
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед