Мутахассисони Осиёи марказӣ барои ширкат дар “Ҳамоиши иқтисодии шарқ” даъват мешаванд
Нашр шуд
Намояндагони Тоҷикистон имкон доранд дар нуҳумин “Ҳамоиши иқтисодии шарқ” иштирок кунанд.
Аз 3 то 6 сентябр дар чаҳорчӯби барномаи “Насли нав” дар Владивосток IX-умин “Ҳамоиши иқтисодии шарқ” баргузор мешавад.
Ин ҳамоиш имкони шиносоӣ бо рӯзномаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии Русия мебошад. Дар ин бора созмони “Россотрудничество” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамоиш шахсони зерин иштирок карда метавонанд:
- созандагони лоиҳаҳои фановариҳои иттилоотӣ, лоиҳаҳо дар соҳаи рушди устувор ва расонаҳои нав;
- раҳбарони афкори умумӣ дар соҳаи иқтисод, сармоягузорӣ, рушди устувор, энергетикаи ҷойгузин, муҳити зисти шаҳрӣ, лоиҳаҳои навоварона, лоиҳаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, илм, идоракунии давлатӣ, ҳамкории байналмилалӣ;
- роҳбарон ва соҳибкорон бо лоиҳаҳои миқёспазир ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи Ҳадафҳои рушди устувори СММ то соли 2030.
Талабот ба иштирокчиён:
- сатҳи баланди донистани забони англисӣ (на камтар аз B2);
- бақайдгирии ҳатмӣ дар утоқи шахсии дар вебсайти Росконгресс (https://reg.roscongress.org/en/login);
- Синни аз 25 то 35-сола;
- надоштани шаҳрвандии Русия;
- қаблан дар барномаи «Насли нав» иштирок надоштан;
Дархостҳо то 8 июл тавассути почтаи электронии l.abdullina@tjk.rs.gov.ru бо сарлавҳаи “Ҳамоиши иқтисодии шарқ” ( Восточный экономический форум) қабул карда мешаванд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед