Ru  | Tj
Наврасону ҷавонони тоҷик ба озмуни мубориза бо фасоди молӣ даъват мешаванд
Наврасону ҷавонони тоҷик ба озмуни мубориза бо фасоди молӣ даъват мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Наврасону ҷавонони тоҷик ба озмуни мубориза бо фасоди молӣ даъват мешаванд

Нашр шуд

Наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба воситаи таҳияи таблиғоти иҷтимоӣ метавонанд дар роҳи мубориза бо фасоди молӣ ё худ коррупсия дар ҷомеа саҳм гузоранд.

Озмуни байналмилалии ҷавонон дар заминаи таблиғоти иҷтимоии зидди фасоди молӣ зери унвони “Якҷо бар зидди коррупсия!” мунтазири довталабон аст.

Дар ин бора Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дод.

Ин ниҳод эълон кард, ки наврасону ҷавонон аз синни 10 то 25-сола имкон доранд, дар ин озмуни байналмиллалӣ ширкат кунанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамасола Додситонии кулли Федератсияи Русия дар доираи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия озмуни байналмилалии ҷавонон дар таблиғоти иҷтимоии зиддикоррупсионӣ бо номи “Якҷо бар зидди коррупсия!”-ро баргузор менамояд.

Ҳадафи баргузории озмун ин фароҳам овардани шароит барои худшиносии эҷодии кӯдакону ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва таблиғи васеи маъёрҳои зиддикоррупсионӣ дар миёни мардум мебошад.

Гуфта мешавад, ки ҷуғрофияи озмун доимо васеъ шуда, алакай ҷавонон аз Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Индонезия, Ироқ, Қазоқистон, Мадагаскар, Покистон, Русия, Сурия, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо дар ин озмун иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар се бахш - “Плакати беҳтарин”, “Беҳтарин расм” ва “Беҳтарин навор”. баргузор мегардад.

Барои иштирок дар ин озмуни байналмиллалӣ шаҳрвандони Тоҷикистон аз синни 10 то 25-сола даъват карда мешаванд.
Асарҳои эҷодшуда дар вебсайти www.anticorruption.life   то 1 октябри соли ҷорӣ қабул карда шуда, қоидаҳои он дар вебсайти зикршуда бо забонҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва фаронсавӣ дастрас мебошад.

Ҷамъбасти натоиҷи озмун ба Рӯзӣ байналмилалии мубориза бо коррупсия, яъне 9 декабр бахшида мешавад.

Маводҳои озмун - плакатҳои зиддикоррупсионӣ, расмҳо ва видеоҳо баъдан ҳамчун таблиғи иҷтимоии зиддикоррупсионӣ истифода мешаванд ва дар намоишгоҳҳои сершумор, аз ҷумла дар майдонҳои байналмилалӣ намоиш дода мешаванд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед