Оғози қабули дархостҳо ба Мусобиқаи байналмилалии таъмини амнияти киберӣ “BRICS+ CTF 2024”
Нашр шуд
Омодаед, ки малакаҳои худро дар заминаи киберамният дар сатҳи байналмилалӣ санҷед? Пас шуморо барои иштирок дар мусобиқаи гурӯҳии “BRICS + Capture The Flag” даъват мекунем!
Хоҳишмандон имкон доранд дар мусобиқаи байналмилалии дастаӣ дар заминаи киберамният “BRICS+ Capture The Flag” ширкат кунанд.
Марҳилаи интихобӣ ба сурати онлайн дар формати CTF Jeopardy баргузор мешавад.
Дастаҳои беҳтарин метавонанд дар даври ниҳоӣ, ки онлайн дар формати CTF Attack-Defense баргузор мешавад, ширкат варзанд.
– Марҳилаи интихобӣ: 5-6 октябри соли 2024 (онлайн, формати CTF Jeopardy)
– Марҳилаи ниҳоӣ: 16 ноябри соли 2024 (онлайн, формати Attack-Defense).
Имсол супоришҳо ба мавзӯи амнияти ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногун - молиявӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва шахсӣ марбут хоҳанд буд.
Дастаҳо зимни мусобиқа дар санҷишҳои марбут ба криптография, муҳандисии баръакс, осебпазирии веб, амнияти шабакавӣ ва криминалистии рақамӣ - мавзӯъҳое, ки муҳандисони амнияти компютерӣ маъмулан бо онҳо кор мекунанд, ширкат хоҳанд кард.
Иштирокчиён имконият доранд, ки дониш ва таҷрибаи худро дар соҳаи киберамният дар мусобиқа бо дастаҳо аз 100 кишвари ҷаҳон нишон диҳанд. Ҷоизапулии ин мусобиқа 1 000 000 рубли русӣ аст.
Ташкилкунандагони мусобиқа Анҷумани раҳбарони хадамоти амнияти иттилоотӣ, Донишгоҳи фановариҳои иттилоотӣ, механика ва оптика ва Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии мураббиёни кӯдакону наврасон «Мураббиёни Русия» мебошанд.
Тафсилоти бештар ва сабти ном барои ширкат дар мусобиқа дар вебсайти расмии лоиҳа BRICS+ CTF (brics-ctf.com) имконпазир аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед