Ru  | Tj
Олимони Тоҷикистон барои ширкат дар як давраи коромӯзии байналмилалӣ даъват шуданд
Олимони Тоҷикистон барои ширкат дар як давраи коромӯзии байналмилалӣ даъват шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Олимони Тоҷикистон барои ширкат дар як давраи коромӯзии байналмилалӣ даъват шуданд

Нашр шуд

Роҳбарону мутахассисони соҳаи ҳифзи табиат, илм, сайёҳии табиӣ-таълимӣ ва маърифати экологии Тоҷикистон метавонанд дар Русия малакаи худро такмил диҳанд. Дар ин бора намояндагии созмони “Россотрудничество” дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин созмон, аз 21 то 27 июл барои мутахассисони хориҷӣ таҷрибаомӯзии байналмилалии «Ташаккули дастгирии ҷамъиятӣ дар минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи қаламрави Перм» баргузор мегардад. Сафар дар чаҳорчӯби барномаи "Насли нав"-и ташкилоти “Россотрудничество” сурат хоҳад гирифт.

«Иштирокчиён метавонанд минтақаҳои нодири муҳофизатшавандаи Перм ва вилояти Пермро бубинанд, аз ҷойҳои муҳими марбут ба ҳифзи табиат дидан кунанд, бо таҷрибаи беҳтарини идоракунии минтақаҳои махсуси табиии Перм шинос шаванд ва дар соҳаи ҷалби ҷавонон дар фаъолияти волонтёрӣ, ки ба маърифати экологӣ алоқаманд аст, табодули таҷриба кунанд”, - таъкид мекунанд ташкилкунандагон.

Хоҳишмандони ширкат дар ин давраҳои таҷрибаомӯзӣ метавонанд, дархости худро то рӯзи 2 июн пешниҳод кунанд.

Шарти иштироки довталабон сини аз 25 то 35 сола, доштани шаҳрвандии хориҷӣ (шаҳрвандии Русия набошед) ва қаблан ширкат надоштан дар барномаи "Насли нав" аст.

Хоҳишмандон барои дарёфти маълумоти бештар метавонанд ба почтаи “Хонаи русӣ” дар шаҳри Душанбе ё дар шаҳри Хуҷанд нависанд.

Бояд гуфт, ки барномаи мазкур аз ҷониби созмони “Россотрудничество” якҷоя бо ҷунбиши ҷамъиятии байниминтақавии «Дӯстони ҷазираҳои муҳофизатшаванда» ташкил карда шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед