Ru  | Tj
Олимпиада барои донишомӯзон - “Русия дар дунёи электронӣ”
Олимпиада барои донишомӯзон - “Русия дар дунёи электронӣ”
Акс: аз манбаъҳои боз

Олимпиада барои донишомӯзон - “Русия дар дунёи электронӣ”

Нашр шуд

Сабти ном ба олимпиада аз фанҳои таърих, ҷомеашиносӣ ва забони русӣ «Русия дар дунёи электронӣ» оғоз шуд.

Олимпиадаи «Русия дар дунёи электронӣ» аз ҷониби Китобхонаи президентӣ ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии “Мактаби олии иқтисод” баргузор мешавад. 
Мактаббачагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи барномаҳои соҳаи санъат таҳсил мекунанд, метавонанд дар ин олимпиада иштирок кунанд.

Мақсади олимпиада ошноии донишҷӯён бо шеваи кор аз манбаъҳои бойгонӣ дар мавриди таърих, назария ва амалияи давлатдории Русия мебошад.

Озмун дар се марҳила сурат мегирад:
 - якум (фосилавӣ) – бақайдгирӣ ва иҷрои супоришҳо (то 2 декабри соли 2024);
 - дуюм (фосилавӣ) - ҳалли санҷишҳои марҳилаи дуюм(аз 20 декабри соли 2024 то 24 январи соли 2025);
 - сеюм (ҳузурӣ) - аз 18 то 20 марти соли 2025.
Барои иҷрои супоришҳои даври аввали интихобӣ донишҷӯён бояд дар вебсайти олимпиада сабти ном кунанд ва пас аз он санҷишҳо аз таърих, ҷомеашиносӣ ва забони русӣ барои онҳо дастрас мешавад.

Ба донишҷӯён тавсия мешавад, ки дар аввал дониши худро бо саволҳои бахши «Архив»-и вебсайти олимпиада санҷанд. Дар ин бахш санҷишу саволҳои олимпиада дар солҳои гузашта пешниҳод шудаанд.
 
Ғолибони олимпиада соҳиби диплом ва имтиёзҳои иловагӣ барои дохил шудан ба “Мактаби олии иқтисодӣ” мешаванд. Тафсилоти бештар дар вебсайти olympiada.prlib.ru
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед