Ru  | Tj
Омӯзгорон аз Тоҷикистон ба семинари онлайнии Донишгоҳи федералии Сибир даъват мешаванд
Омӯзгорон аз Тоҷикистон ба семинари онлайнии Донишгоҳи федералии Сибир даъват мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Омӯзгорон аз Тоҷикистон ба семинари онлайнии Донишгоҳи федералии Сибир даъват мешаванд

Нашр шуд

Муаллимони забони русӣ аз Точикистон ба семинари илмию амалии «Усул ва фановарии муосир дар таҷрибаи таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ» даъват мешаванд.

Ин семинари омӯзишӣ аз 2 то 29 сентябри соли ҷорӣ тариқи онлайн сурат мегирад.

Ин ҳамоиши омӯзиширо Донишгоҳи федералии Сибир бо дастгирии Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус ташкил кардаст.

Ба гуфтаи мубтакирони баргузории семинар, омӯзиш аз рӯи ду самт: «Асосҳои рақамӣ дар таълими забони русӣ» ва «Таълими забони русӣ ба донишҷӯёни муҳандисию техникӣ» гузаронида мешавад. Давраи омӯзишӣ дар маҷмуъ 72 соат давом мекунад, ки аз он 28 соат кори амалӣ хоҳад буд.

Барои иштирок дар ин семинари омӯзишӣ довталабон бояд то 25 августи соли ҷорӣ сабти ном кунанд. Пас аз анҷоми барномаҳо, ҳар як иштирокчӣ шаҳодатномаи Донишгоҳи федералии Сибир дар мавриди такмили ихтисосро соҳиб мешавад. Иштирок дар ин семинар ройгон аст.

 Бояд гуфт, ки семинарҳои илмию амалӣ дар заминаи такмили ихтисос аз ҷониби Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус бо дастгирии Вазорати маорифи Русия дар соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи федералии Шарқи Дур, Донишгоҳи федералии Сибир ва Донишгоҳи давлатии технологии Маскав «СТАНКИН» гузаронида мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед