Озмуни адабии "Глаголитса" осори довталабонро интизор аст
Нашр шуд
Ҷоизаи XI байналмилалии адабии мустақили «Глаголитса» аз оғози қабули осори адабӣ ба забони русӣ дар бахши «Дузабона» хабар медиҳад.
Дар ин бора намояндагии созмони "Россотрудничество" дар Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки барои иштирок дар озмуни мазкур кӯдакони аз 10 то 17-солаи русзабон, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ҳар кишвари дунё забони русиро меомӯзанд, даъват карда мешаванд.
Барои ширкат дар озмун корҳои довталабон дар шакли ҳикоя, шеър, афсона, роман ва повест дар дилхоҳ мавзӯъ қабул карда мешаванд. Таъкид мешавад, ки осори пешниҳодкардаи муаллифони ҷавонро адибон, мутарҷимон ва рӯзноманигорони маъруф баҳогузорӣ хоҳанд кард.
Баъди натиҷагирии озмун ғолибон барои нишасти адабӣ дар моҳи ноябр дар Қазон роҳхат мегиранд ва ба онҳо планшет, маҷмӯи китобхонаи хурд ва ҷоизаи асосӣ – ҳайкалчаи «Буми булӯрин» тақдим мешавад.
Хоҳишмандони иштирок дар озмун метавонанд ба вебсайти (www.glagolitsa-rt.ru) муроҷиат кунанд. Осори муаллифони ҷавон то 16 сентябри соли ҷорӣ қабул карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2023 инҷониб, ҷоизаи адабии "Глалолитса" таҳти сарпарастии Комиссияи ФР оид ба ЮНЕСКО баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед