Озмуни байналмилалӣ ба ифтихори 225-солагии А.С. Пушкин
Нашр шуд
Озмуни байналмилалии эҷодиёти наврасону ҷавонон «Ҳунар ҷаҳонро муттаҳид мекунад. Пушкини бекарон» қабули дархостҳоро тамдид кард.
Ба ифтихори 225-умин солгарди зодрӯзи Пушкин дар Русия озмуни байналмилалии наврасону ҷавонони «Ҳунар ҷаҳонро муттаҳид мекунад. Пушкини бекарон» баргузор мешавад.
Дар ин озмун наврасону ҷавонони синни аз 14 то 25-сола иштирок карда метавонанд. Иштирок дар озмун ройгон аст.
Иштирокчиёни озмун бояд таассуроти худ аз эҷодиёти Александр Пушкин, шоир ва нависандаи бузурги русро дар формати зерин тасвир кунанд:
графика (акварел, гуаш, пастел), андоза на бештар аз А4;
наққошӣ (равғанӣ, акрилӣ), андозаи на бештар аз 60х90 см;
муҷассама, андозаи на бештар аз 60х60 см;
ҳунари рақамӣ дар формати JPG.
Ғолиби Ҷоизаи ГРАНПРИ-и озмун ба ҳайси ҳаммуаллифи тарҳи муҷассамаи Пушкин, ки дар кишварҳои узви БРИКС насб мешавад, ба ҳайати гурӯҳи корӣ шомил мешавад.
Маълумоти муфассал дар бораи озмун дар вебсайти зерин дастрас аст: (https://mostpp.ru/guilds_news/mezhdunarodnyy-konkurs-yunosheskogo-i-molodezhnogo-tvorchestva-uchastnikov-stran-briks-iskusstvo-obe/)
Довталабони иштирок дар ин озмун имкон доранд, ки асар ва маҳсули эҷоди худро то рӯзи 15 октябр ба почтаи электронии g.marianna@inbox.ru ирсол кунанд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур аз ҷониби "Россотрудничество" ва Донишгоҳи давлатии забони русии Нижний Новгород ба номи Н. Добролюбов баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед