Озмуни байналмилалӣ барои рӯзноманигорон ва блогнависон
Нашр шуд
Рӯзноманигорон ва блогнависон аз Тоҷикистон имкон доранд, ки дар озмуни байналмиллалии "Нигоҳи воқеӣ" ширкат кунанд.
Намояндагии созмони "Россотрудничество" дар Тоҷикистон хабар дод, ки қабули дархостҳо барои дарёфти ҷоизаи рӯзноманигорон ва блогерҳо оғоз мешавад.
Ин созмон мегӯяд, ки аз 1 августи соли ҷорӣ қабули дархостҳо барои дарёфти ҷоизаи байналмилалии “Нигоҳи воқеӣ” оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи ҷоиза ҳавасманд кардани намояндагони расонаҳои хориҷӣ ва муаллифони мавод барои инъикоси мунсифонаи ташаббусҳои фарҳангӣ, башардӯстона ва иқтисодии Федератсияи Русия мебошад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар озмун ҳайати эҷодии расонаҳо, инчунин рӯзноманигорони мустақил, муаллифон ва блогнависони аз 18-сола боло ширкат карда метавонанд.
Озмун дар бахшҳои ҷоизаи асосии озмуни “Нигоҳи воқеӣ”, «Масъалаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона», «Ҳамкорҳои байналмилалии фарҳангӣ бо Русия», «Публитсистика ва мустанадсозӣ» ва «Рӯзноманигорони ҷавон дар бораи Федератсияи Россия» баргузор мешавад.
Дар баробари ин имсол бори аввал дар озмун бахши рӯзноманигорони ҷавон ё навкор (18-25 сола) таъсис шуд.
Иштирокчиёни боистеъдод ва фаъолтарини ин бахш дар моҳи декабр ба Маскав барои дарсҳои "Мактаби расонаӣ" даъват карда мешаванд.
Дархости довталабон барои ширкат дар ин озмун то рӯзи 25 сентябр қабул мешавад.
Маросими супурдани ҷоизаҳои озмуни байналмилалии "Нигоҳи воқеӣ" моҳи декабр дар пойтахти Русия баргузор мешавад.
Маблағи умумии ҷоизапулии озмун 6.2 млн рубли русӣ аст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед