Озмуни байнулмилалии нуҷум донишомӯзони тоҷикро фаро мехонад
Нашр шуд
Дар қаламрави федеролии Сириус аз 14 то 22-юми ноябр Дувумин озмуни байнулмилалии озоди нуҷум (Open World Astronomy Olympiad 2023) баргузор мешавад, ки дар он донишомӯзони тоҷик низ метавонанд ширкат варзанд.
Дастаҳои иборат аз чаҳор то шаш кас имкон доранд, ки дар чаҳор давр: назарӣ, амалӣ, мушоҳида ва блитс рақобат кунанд. Ҳамзамон дар озмун дар шакли маҷозӣ иштирок кардан мумкин аст, ки иштирокдорон вазифаҳои матниро таҳти назорати видёӣ анҷом хоҳанд дод.
Гуфтанист, ки забони кории озмун инглисӣ хоҳад буд, ки шароити баробарро барои дастаҳо аз саросари ҷаҳон фароҳам хоҳад кард. Барои иштирокдорони воқеъии донишозмоӣ барномаи омӯзишиву фарҳангии густурда ҳамроҳ бо лексияҳо, дарсҳои амалӣ, сайругашт, ҳамчунин ҳамоиш дар заминаи таълими нуҷум барои роҳбарони дастаҳо ва намояндагони кишварҳои иштирокдорро пешбинӣ шудааст.
Будубош, ғизо, интиқоли иштирокдорон ва роҳбарони дастаҳо аз сӯйи дастандаркорони озмун ироа мешавад.
Барои иштирок дар донишозмоӣ ва дастрас кардани маълумоти комил дар бораи ин ҳамоиш метавонед дар вебгоҳи расмӣ сабтином кунед.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед