Ru  | Tj
Сабти номи омӯзгорони тоҷик барои ширкат дар Анҷумани байналмилалӣ оғоз гардид
Сабти номи омӯзгорони тоҷик барои ширкат дар Анҷумани  байналмилалӣ оғоз гардид
Акс: Хонаи русӣ дар Душанбе

Сабти номи омӯзгорони тоҷик барои ширкат дар Анҷумани байналмилалӣ оғоз гардид

Нашр шуд

Сабти номи омӯзгорони тоҷик барои ширкат дар Анҷумани байналмилалии «Забони русӣ дар системаи таълими мактабӣ: чолишҳо ва нуқоти рушд», ки дар давраи 12 – 14 декабри соли равон дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор мегардад, оғоз шудааст. Барои иштирок дар Анҷумани мазкур ва ҷиҳати ба даст овардани сертификат, зарур аст, то ҳуҷҷати намунаи муқаррагардида пур карда шавад.

Дар як вақт курсҳои такмили ихтисоси роҳбарони мактабҳо, муаллимони забони русӣ ва фанҳои ба забони русӣ таълим медода гузаронда мешаванд. Барои хоҳишмандон ду барнома: «Забони русӣ дар олами рақамӣ: муносибатҳои муосир ба таълим» ё «Менеҷмент дар соҳаи маориф» пешкаш карда мешавад. Барои сабти ном дар омӯзиш пур кардани ҳуҷҷати намунаи муқаррагардида зарур аст.

Қайд кардан зарур аст, ки баргузоркунандагони ин чорабиниҳо Муассисаи федералии давлатии таълимии буҷавии таҳсилоти касбии «Донишгоҳи биотехнологии Россия (РОСБИОТЕХ)» мебошад, ки лоиҳаи мазкурро тибқи супориши Агентии федералӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ (Россотрудничество) роҳандозӣ менамояд.

 

Суроға барои сабт намудани ном: http://surl.li/dzavh

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед