Ru  | Tj
Сафар ба хориҷа. Озмуни "Уфуқ 2100" ин имконро барои ҷавонони халлоқ доданист
Сафар ба хориҷа. Озмуни "Уфуқ 2100" ин имконро барои ҷавонони халлоқ доданист
Акс: Вазорати маорифи Русия

Сафар ба хориҷа. Озмуни "Уфуқ 2100" ин имконро барои ҷавонони халлоқ доданист

Нашр шуд

Созмони худгардони «Бунгоҳи моделсозии оянда дар маориф, илм, иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоъиву гуманитарӣ» бори панҷум аст, ки озмуни байнулмилалии асарҳои илмӣ ва илмиву бадеъии «Уфуқ 2100»-ро баргузор мекунад, ки шахсони аз 16 то 30-сола низ метавонанд ширкат варзанд.

Ҳадафи аслии ин рухдод эҷоди ангеза дар ҷавонони мутафаккир аз кишварҳои гуногун бо мавзеъияти зиндагии фаъол барои анҷоми ҷустуҷӯи холиқонаи ғояҳои илмӣ, илмиву амалӣ, фарзияҳо, ғояҳои илмиву тахайюлӣ дар бораи ояндаи дур; ошкор ва ҳавасманд гардонидани беҳтарин ҷавонони шавқманд ва қодир ба анҷоми эҷоди илмӣ, таҳлил ва оянданигарӣ мебошад.

Озмуни байнулмилалии ҷавонон "Уфуқ 2100" озмуни асарҳои илмӣ ва илмиву тахайюлӣ мебошад, ки дар он ҷавонони кишварҳои гуногун чашмандози худро аз оянда дар остонаи соли 2100 ироа мекунанд.

Дар соли 2023 корҳои озмунӣ то 31-уми октябр пазируфта хоҳад шуд. Натиҷаҳо дар вебгоҳи озмун ва гурӯҳи расмии ВКонтакте 31-уми декабри соли 2023 эълон карда мешавад. Тамоми барандагон даъватнома ба Анҷумани байнулмилалии ҷавонон “Тавсеаи пойдор то соли 2100: пешбиниҳо, чашмандоз, сенария ва нақшаҳо”, ки аз 6 то 9-уми феврали соли 2024 дар Русия, Ҳиндустон, Эквадор ва Марокаш баргузор мешаванд, дарёфт хоҳанд кард. Шумо метавонед кори худро ба озмун пешниҳод кунед, бо шартҳои иштирок, низомнома, тавсияҳо даро бораи тарҳрезии кор ва самтҳои асосии озмун дар вебгоҳи расмии он шинос шавед.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед