Ru  | Tj
Соҳибкорони Тоҷикистон ба ҳамоиши СҲШ даъват мешаванд
Соҳибкорони Тоҷикистон ба ҳамоиши СҲШ даъват мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Соҳибкорони Тоҷикистон ба ҳамоиши СҲШ даъват мешаванд

Нашр шуд

Дар шаҳри Омски Русия 17 сентябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби нишасти IV сарони минтақаҳои кишварҳои узви СҲШ, ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор мегардад.

Дар барномаи ҳамоиши соҳибкорону тоҷирон аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаҳои мавзуӣ, мулоқоти бевоситаи соҳибкорон, боздид аз корхонаҳои пешрафтаи Омск ва барномаи фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Бо назардошти ин соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон низ барои ширкат дар ҳамоиши Омск даъват мешаванд.

Хоҳишмандони иштирок дар ҳамоиши мазкур бояд дар вебсайти расмӣ сабти ном кунанд: https://sco-omsk.com.

Бояд гуфт, ки нишасти сарони минтақаҳои кишварҳои узви СҲШ иттиҳодияи ихтиёрии сарони минтақаҳои кишварҳои созмон буда, ҳамчун заминаи муколама дар сатҳи минтақавӣ амал мекунад.

Ҳадафи ҳамоиш амиқтар кардани ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника, фарҳанг ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дониста мешавад.

Ҳамоиши сарони минтақаҳои кишварҳои узви СҲШ аз соли 2020 бо ибтикори Федератсияи Русия баргузор мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед