Ru  | Tj
Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон имкони дарёфти бурсияро доранд
Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон имкони дарёфти бурсияро доранд
Акс: народнаядипломатия.рф

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон имкони дарёфти бурсияро доранд

Нашр шуд

Дувумин озмуни байнулмилалии «Роҳбари дипломатияи мардумӣ» қабули дархостҳоро барои ширкат эълон мекунад.

Тибқи иттилоъи вебгоҳи озмун, ҳадаф аз баргузории озмун муайян ва пуштибонӣ кардани роҳбарони ҷамъиятии хориҷӣ мебошад, ки фаъолияташон ба тавсеаи дипломатияи мардумӣ, сулҳу ваҳдат байни миллатҳо ва динҳо, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардум мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар озмун барои намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ки самти фаъолияташон амалӣ кардани лоиҳаҳо дар соҳаи дипломатияи ҷамъиятӣ мебошад, иштирок карда метавонанд. Синну соли довталабон набояд аз 18 кам бошад ва таҷрибаи дастикам 2-солаи амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи дипломатияи мардумиро дошта бошанд. Дар озмун кормандони давлатӣ иштирок карда наметавонанд.

Бояд гуфт, ки созмондиҳандагони ин озмун созмони ҷамъиятии «Анҷумани халқҳои Русия» ва маъмурияти роҳбари вилояти Перм буда, он бо пуштибонии Бунёди бурсияҳои раисҷумҳури Русия баргузор мегардад.

Дархостҳо то 10-уми сентябр қабул карда мешавад.

Маълумоти муфассалро аз нишонӣ дарёфт кардан мумкин аст: http://народнаядипломатия.рф/

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед