Ru  | Tj
Тоҷикистониҳо ба озмуни байналмилалии «ПроКлимат» даъват мешаванд
Тоҷикистониҳо ба озмуни байналмилалии «ПроКлимат» даъват мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистониҳо ба озмуни байналмилалии «ПроКлимат» даъват мешаванд

Нашр шуд

Донишҷӯён аз Тоҷикистон барои ширкат дар квести байналмилалии интерактивӣ таҳти унвони “ПроКлимат” даъват карда мешаванд. Барои иштирок дар озмун, довталабонро зарур аст, то гурӯҳи иборат аз 3 то 10 нафарро ҷамъ карда ва ҳашт санҷиши квестро иҷро кунанд.

Тибқи иттилои созмондиҳандагони озмун, иштирокчиён донишҳои арзишманд ва малакаҳои шахсӣ, таҷрибаи кори гуруҳӣ дар лоиҳаи муфид, ширкати воқеӣ дар ҳифзи муҳити зист, инчунин диплом, сертификат ва ҷоизаҳои муфиди экологиро дарёфт хоҳанд кард.

Барои иштирок чӣ лозим аст?
- Пайвастан ба квест дар вебсайти проклимат.вузэкоквест.рф.
- Таъсиси гуруҳ аз 3 то 10 нафар.
- Иҷро кардани то 8 санҷиш дар доираи озмун.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби барномаи байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» бо дастгирии "Россотрудничество" ва Созмони ғайритиҷоратии мусоидат ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии «Евразия» амалӣ мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед