Тоҷикистониҳоро ба ширкат дар озмуни “Селфи бо Русия” даъват карданд
Нашр шуд
Дӯстдорони аксҳои зебо аз Тоҷикистон барои ширкат дар озмуни “Селфи бо Русия” даъват шудаанд.
Ширкаткунандагон бояд дар пасманзари шаҳрҳои Русия ё маконҳои дидании маъруфи хориҷӣ, ки марбут ба Русияанд, акс бигиранд.
Натоиҷро метавон дар бахши шарҳҳо зери пост дар саҳифаи расмии “Россотрудничество” ё дар саҳифаи шахсӣ бо зикри #Россотрудничество нашр кард.
Озмун аз 21 июн то 29 июл идома дошта, барандаи он 30 июл эълом хоҳад шуд.
Осори нодиру ҷолиб бо обунаи солона ба сервис дар бораи таърих ва фарҳанг - Арзамас (https: //arzamas.academy/) қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед