Ru  | Tj
Ҳабиб Баҳриддинов кист ва бо стендапҳояш ба мардум чӣ гуфтан мехоҳад?
Ҳабиб Баҳриддинов кист ва бо стендапҳояш ба мардум чӣ гуфтан мехоҳад?
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Ҳабиб Баҳриддинов кист ва бо стендапҳояш ба мардум чӣ гуфтан мехоҳад?

Нашр шуд

“Аҳамият додаед, вақте ки мо ба боғча меравем, мегӯянд, ки ин ҷо барои Шумо хонаатон нест. Вақте ки ба мактаб меравем, мегӯянд ин ҷо боғча нест, нозатонро касе намебардорад. Вақте ки ба донишгоҳ меравем, мегӯянд ин ҷо мактаб нест, ин ҷо ҷиддӣ бошед. Вақте ки ба кор меравем, мегӯянд он чизе дар мактабу донишгоҳ хондед ба кор намеоянд, ин ҷо кор аст ва бояд шумо кор кунед. Пас саволе ба миён меояд: агар ин қадар хонданҳо дар ҷойи кор ба кор наоянд, пас чаро якбора аз боғча ба кор намедароем?”

Ин як лаҳзае аз стендап-консерти Ҳабиб Баҳриддинов аст, ки 7-уми  марти соли равон дар Кохи Суруш бо номи “Занҳо чӣ мехоҳанд?” баргузор шуда буд.

Бале, ин навбат мо бо ҳаҷвнигор, сенарист ва шоир Ҳабиб Баҳриддинов доир ба ҳаҷв, стендап, баргузории стендап-консертҳо, аудиторияи стендап, ҳадафи ҳаҷвнигор аз гуфтани мушкилоти ҷомеа ва филмҳои ҳаҷвӣ суҳбат доштем.

Аввалин стендап-консерти калон дар Тоҷикистон

- Ҳабиб, Шумо аввалин стендапере ҳастед, ки дар Тоҷикистон аввалин стендап-консерти калонро бо ҳузури тамошобинони зиёд доир намудед ва барои ин ташаккур мегӯем. Чаро номи консертро “Занҳо чӣ мехоҳанд” мондед?

- Як гап аст: “Занҳо ҳатто худашон чӣ хостанашонро намедонанд”, вале то кадом андоза ба ин гуфта ман розӣ ҳастам ё не, дар консерт дидед. Сабаби пайдоиши ин ном он аст, ки доир ба ин мавзӯъ мушоҳидаҳо ва гуфтаниҳои зиёд доштам ва дар арафаи Иди бонувон онро ба аудиторияи муайян гуфтам.

- Бисёр кӯтоҳ гуфта метавонед, ки занҳо чӣ мехоҳанд?

- Занҳо аз мо муҳаббат, самимият ва дӯстдорӣ мехоҳанд.

- Дар консерт баъзан тарафи занҳо ва баъзан тарафи мардҳо будед, ин ба нофаҳмиҳо оварда намерасонад?

- Сараввал бояд бигӯям, ки одамони консертомада ҳамагӣ куҷо омадану чӣ гуна муносибат карданро хуб дарк мекунанд. Дуюм, ман он мушкилот ва умуман муносибати занону мардҳоро, ки мушоҳида кардаам бо ҷомаи ҳаҷв ба мардум расонидам. 

- Ин чандумин консерти Шумо буд?

- Фаъолияти ҳаҷвнигории ман расман аз соли 2017 оғоз шудааст. То имрӯз 38 консерти хурд ва 5 консерти калон доштам ва ин аввалин консерти калон дар жанри стендап дар кишвар буд, ки дар толори бузург доир гашт. 

Аз пештоқи Инстаграм то доштани ду бобои босавод

- Шумо дар пештоқи  саҳифаи Инстаграм худатонро “муаллиф”, “шоир”, “нависанда” ва “ҳаҷвнигор” муаррифӣ кардаед, ҳоло ман ин мафҳумҳоро алоҳида-алоҳида мегӯям ва ба таври мисол ин бахшҳоро бо корҳоятон пур кунед.

- Хуб.

- Муаллиф.

- Ман муаллифи силсилафилми ютубии “Метро 2067”  ҳастам.

- Шоир. 

- Аз рӯи шавқу ҳавас бисёр шеър менавиштаму ҳоло ҳам каму беш барои санъаткорони вилояти Суғд тарона менависам. 

- Нависанда. 

- Ман романе навиштаам ва насиб ба наздикӣ нашр хоҳад шуд. Роман реалӣ аст ва паҳлӯҳои зиндагии ҷавонони моро нишон медиҳад.

- Чӣ ном дорад?

- Ҳоло ду ном дорад ва дар арафаи интихоби яке ҳастем. Яке “Оё тақдир гунаҳкор аст?” ва дуюм “Хотираҳои зери баргӣ”.

- Ҳаҷвнигор.

- Аз даврони мактабӣ бо ҳаҷв шиносам ва дар маҳфилҳо баромад мекардам. Дар замони донишҷӯӣ аъзои дастаи КВН-и донишгоҳ будам ва аз соли 2017, пас аз гузаштан аз кастинги лоиҳаи “Территория юмора” пурра дар соҳаи ҳаҷв фаъолият дорам.

- Шумо Донишгоҳи техникиро бо ихтисоси муҳандис — барномасоз хатм кардаед, чӣ монеа пеш омад, ки аз рӯи ихтисос кор накардед?

- Ман сараввал Коллеҷи муҳандисиро хатм кардаам ва як сол дар соҳаи муҳосибӣ кор кардам. Пасон, ба донишгоҳ дохил шудам. Баъди хатм барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, аз ҳамон вақт фаъолияти муаллимиро оғоз кардам. Ҳамин тавр, то соли гузашта муаллим будам ва ҳоло кори докториям  (PhD) омода аст.

- Шумо муаллими техник ва риёзӣ будед, вале боз шеърнавису стендапер. Чӣ тавр як нафар дар ду соҳаи дур аз ҳам фаъолият карда метавонад? 

- Ман бисёр хушбахтам, ки ду бобои босаводу бомаърифат доштам ва маро яке ба самти гуманитарӣ ва дуюмӣ ба равияи риёзӣ ҷалб мекарданд. Якеаш шеърхониро меомӯзонду дигараш ҳалли мисолҳоро мефаҳмонд. 

- Ҳоло математикаи Шумо дар кадом ҳолат қарор дорад?

- Агар гапам баланд наравад, шояд ба имтиҳоноти байналмилалӣ ҷавобгӯ бошам.

Аз мухлисӣ ба Убайдулло Раҷабов то кӯшиши ба телевизион роҳ ёфтан

- Як нафар, ки дар равияи риёзӣ таҳсил карду муаллим шуд, ба ҳаҷв омаданашро волидон чӣ тавр қабул карданд?

- Волидонам инсонҳое ҳастанд, ки озодиро ба маънои томаш ба ман додаанд. Вале рӯзе падарам гуфта буданд, ки “Ҳамин ҳаҷв ба ту чӣ медиҳад?”. Дар ин баробар ман гуфта будам, ки ин корро ман дӯст медорам ва коре мекунам, ки дар саҳна барои Шумо қарсак мезананд. Соли 2019 дар аввалин консертам барои падару модарам қарсаки калон занданд ва ин лаҳзаи беҳтарини ҳаётамро дар китоби хотирот сабт намудам.

- Пеш аз он ки ба ҳаҷв омадед, чӣ будани ҳаҷвро медонистед?

- Бале, ман мухлиси ашадии шодравон Убайдулло Раҷабов будам ва каму беш дар бораи ҳаҷв, ки ҳаҷвнигор аз мушкилоти рӯз мегӯянд, маълумот доштам.

- Шумо кай стендапер шудед?

- Лоиҳаи “Территория юмора” барои лоиҳаи наве бо номи “Худжандский стендап” кастинг эълон карданд ва ман дар он иштирок карда, дар миёни зиёда аз 30 довталаб ягона нафаре шудам, ки дар лоиҳа мондам. 

- Баромади аввалин чӣ гуна буд?

- Бисёр душвор. Ман як шӯхӣ доштам. “Зан ёбӣ пул нест, пул ёбӣ зан нест”. Ҳамин тавр, бо ёрии бачаҳои “Территория юмора” матне сохтем ва баромад кардам. 

- Дар стендап бояд гӯянда худаш қаҳрамон бошад? 

- Не, муҳим нест. Стендапер фикрҳои худро доир ба ҳаводиси ба худ ё ба атрофиёнаш рӯхдода мегӯяд.

- Мавзӯъро чӣ тавр пайдо мекунед?

- Мавзӯъҳоро бо ду роҳ меёбам. Якум, калима ё ҷумлаеро дар варақ меорам ва доир ба он меомӯзаму менависам. Роҳи дуюм, аз ҳаёти ҳаррӯзаамон ҳодисаҳоро ба таври ҳаҷвӣ менависам.

- Матни як стендапро дар чанд вақт навиштан мумкин аст?

- Ду намуди стендап ҳаст. Якум, намуде, ки дар як баромад доир ба чанд мавзӯъ гуфта мешавад. Дуюм, намуде, ки танҳо дар як мавзӯъ баромад мекунӣ. Барои матни намуди аввалро навиштан 1-2 рӯз басанда аст. Ва барои стендапи классикӣ то 10 рӯз лозим аст, ки доир ба як мавзӯъ бисёр ҷустуҷӯ карда, тамоми паҳлӯҳои онро омӯзӣ.

- Кай менависед ва умуман барои навиштан кадом қисмати рӯз ё шаб ба Шумо мувофиқ аст?

- Асосан ман пас аз соати 2-и шаб менависам.

- Матни стендапҳоятонро танҳо худатон менависед? 

- То ин замон ҳамаи матнҳоямро худам менавиштам ва сар карда аз ин консерт Шерзод Рӯзиев ҳаммуаллиф шуданд. Зеро ҳоло шукр талабот зиёд шуда истодаасту консертҳоро пайи ҳам мемонем ва барои ин худам танҳо расида наметавонам. 

- Чаро эҷодиётатонро, ки ба тамоми манотиқи кишвар пешниҳод мекунед, махсус бо лаҳҷаи шимол мегӯед?

- Агар пай бурда бошед, сар карда аз ин консерт калимаҳои лаҳҷавӣ ва русиро аз матнҳоям берун кардам.

- Хушбахтона, ҷавонони зиёд ба стендап омада истодаанд ва дар миёнашон духтарҳо ҳам ҳастанд, Шумо дар ин маврид чӣ назар доред? 

- Назари нек дорам ва аз дастам барои дастгирӣ чизе ояд мекунам. Вале набояд фаромӯш кард, ки стендаперӣ барои ман, ки писар ҳастам, бисёр душвор аст ва бисёр суханони қабеҳ менависанд. Ин ҳолатро ба назар гирифта, метавонам бигӯям, ки “хейтерон” барои духтарон ду баробар зиёд суханони қабеҳ мегӯянд. Аз ҷониби дигар, мо бояд аз ҳисоби занҳо ҳам стендапер дошта бошем, зеро нуқтаи назари духтарон доир ба масъалаҳои бонувон гуфта мешавад. 

- Бо стендап Шумо чӣ гуфтан мехоҳед?

- Қаблан мехостам, ки чизе бигӯям ва мардум биханданд, вале ҳоло пеш аз ҳар ҷумларо гуфтан фикри таъсиррасонияшро мекунам ва кӯшиш менамоям, ки ҳамеша ба мардум таъсири мусбӣ расонад.

- Дар Тоҷикистон аз ҳисоби стендап зиндагӣ кардан имкон дорад?

- То соли 2021 ман аз ҳисоби стендап қариб, ки даромад надоштам, вале ҳоло каму беш аз ин соҳа фоидаи моддӣ мегирам. 

- Ният надоред, ки ба барномаи озмунии “Комеди баттл”-и шабакаи ТНТ равед?

- Фикр дорам, ки аввал ин жанрро пурра дар Тоҷикистон муаррифӣ кунам ва пасон ба хориҷ бароям.

- Дар стендап мавзӯе ҳаст, ки Шумо баромад накунед? 

- Бале, ба ҳаёти шахсии касе нарасидан ва дин. 

- Мавзӯи дӯстдоштаатон чист?

- Иҷтимоъ.

- Чӣ монеа ҳаст, ки дар телевизионҳои марказӣ баромад намекунед?

- Ман хеле кӯшиш карда истодаам ва қадами аввалинамон ҳамин консерт буд. Яъне бе истифодаи калимаҳои русӣ ва лаҳҷа барномаро пешниҳод кардам. Фикр мекунам, ҳоло монеа танҳо матн аст, ки мо ислоҳ карда истодаем.

- Ин суҳбатро чӣ гуна ҷамъбаст мекунед?

- Аввалин суҳбати ман буд, ки ин қадар маълумоти муфассал додам. Саволҳое буданд, ки мехостам ҷавоб гӯям ва ин суҳбате буд, ки худамро аз оинаи дигар дидам.


Нуриддин Бозорзода: “Ғурур дошта бошед, вале аз хатти қирмизи эҷодӣ нагузаред”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед