Чӣ тавр як ятиму бесарпаноҳ халабон шуду 37 сол дар фазо буд?
Нашр шуд
Мо медонем, ки имрӯз бисёриҳо мегӯянд, ки дар хурдӣ нахуст орзуи халабон шуданро доштанд, аммо ба ин орзуи аҷибашон расида натавонистанд. Ба ҳамин монанд ба қавле баъзеҳо орзуҳои “хаёлӣ” мекунанд ва лётчик мешавем мегӯянд. Мо ин навбат бо яке аз халабонони маъруфу шинохта ва пуртаҷриба, ки наздики ним аср дар ин соҳа фаъолият кардааст - Қудратулло Ҳакимов доир ба тамоми паҳлӯҳои халабонӣ сӯҳбат намудем.
– Ҳоло довталаб будану донишҷӯ шуданро аксарият сода, осон ва бидуни заҳмати зиёд мепиндоранд, аммо медонем, ки солҳои пеш чунин набуд. Каме дар бораи замони довталабию интихоби касбатон қисса мекардед?
– Шумо дуруст гуфтед, ки дар замони ҷавонии мо ҳам волидон ва ҳам худи хатмкунандагони мактабҳои миёна ба интихоби касб ҷиддӣ муносибат мекарданд, вале бояд бигӯям, ки ман мутаассифона дар интихоби касб он қадар ҷиддӣ набудам.
Бадбахтона, ман падарамро надидаам. Дар нӯҳсолагӣ модарам ҳам маро ба якборагӣ тарк кард. Яъне як нафари бекасу ятим будам. Дар бораи интихоби касбу роҳи ояндаам бисёр кам меандешидам, зеро шикамам сер набуд, дар танам либоси хуб надоштам, бо пул ва дороӣ ногап будам. Пас аз он ки мактаб-интернатро хатм намудам, ба мисли дар биёбонмондаҳо шуда будам. Баъди хатми мактаб нафароне, ки соҳиб доштанду пулдор буданд, бе ягон дудилагӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои мехостаашон аз рӯи интихоби аввалу дуюм дохил шуданд. Вале мани ятим чӣ кор карданамро намедонистам. Наметавонистам, ки ба касе аз дохил шудану таҳсил кардан дар мактаби олӣ, лаб кушоям.
Қисса кӯтоҳ, рӯзе ба пойтахт омадам. Чанде дар кӯчаҳои Душанбе сарсону саргардон гаштам. Рӯзе аз назди кинотеатри “Ватан” мегузаштам, ки эълонеро дидам. Дар он барои таҳсил намудан дар Русия бо ихтисосҳои гуногун гуфта шудаву яке аз онҳо ҳавонавардӣ буд. Ҳуҷҷатҳоямро супурда ва аз комиссияву имтиҳонот гузаштам. Бо кӯмаки бародарам чиптаи қатора гирифтаму ба шаҳри Троитскии вилояти Челябинск сафар кардам. Ҳамин тавр, соли 1961 ба Коллеҷи техникии авиатсионии шаҳри Троистки вилояти Челябинск, ки филиали Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании шаҳри Маскав мебошад, дохил шуда ва онро соли 1964 хатм кардам.
— Таҳсил дар он замон чӣ гуна душвориҳо дошт?
– Ростӣ, таҳсил кардан осон набуд. Хусусан барои мани деҳотӣ хеле душвор афтод. Аввалҳо дар хуфту хоб, муносибат, мошират бо дигарон нофаҳмиҳову ноҷӯриҳои зиёд буданд, ки баъзан дилмондаам мекарданд. Дар бобати дарсҳо бошад, аз сабабе, ки қисми зиёди фанҳои таълимии мо дар худ истилоҳоти хоси соҳаи авиатсияро доро буданд, бароямон мушкилиҳои зиёдеро ба бор меоварданд.
– Шумо дар ин ихтисос як донишҷӯи тасодуфӣ будед, оё дар вақти таҳсил нияти партофта рафтанро накардед?
– Хушбахтона, ин гуна фикр тамоман ба сарам наомад. Ба фикри ман нафаре дарс намехонад ё дарсро мепартояд, ки худу волидон ва атрофиёнашро ҳурмат намекунад, қадрашонро намедонад, оянда барояш муҳим нест, вале ман хуб медонистам, ки тақдир ба рӯям хандид, шонс дод ва бояд ин имкониятро истифода барам.
– Таҷрибаомӯзиҳоятон чӣ гуна мегузаштанд?
– Бисёр хуб мегузаштанд. Дар вақти таҷрибаомӯзӣ моро ба майдони ҳавоӣ мебурданд. Мо дар макони ҳавопаймоҳо, ё ба таври дигар гӯем, хонаи ҳавопаймоҳо бо қисмҳои даруниву берунии онҳо шинос мешудем. Ҳар он чизеро, ки намефаҳмидем, аз устодонамон пурсон мешудем. Дар ин маврид ёдовар шудан лозим аст, ки довталабони ин касб бояд дар хотир дошта бошанд, ки барои дар оянда касе шудан, ҳатман таҷрибаомӯзиро гузаранд. Зеро ҳар калимаву ҷумлаеро, ки дар лексияҳои устодон ҳастанд, танҳо тавассути таҷрибаомӯзӣ, хусусан таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, метавон хубтару беҳтар дарк кард.
– Пас аз таҳсил чӣ кор кардед?
– Баъди хатми донишгоҳ ба ватани азизам Тоҷикистон омадам ва ба авиатсияи тоҷик ба кор қабул шудам. Дар аввал тариқи ҳавопаймоҳои хурд ба майдони пахтазори колхозҳои кишвар дору мепошидам. Баъдтар, ба тамоми шаҳрҳои ҷумҳуриҳои Шӯравӣ аз Душанбеву Тошканду Алма-Ато сар карда то Маскаву Ленинграду Киеву Рига парвоз анҷом додам. Ва пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ хати парвоз ба кишварҳои дигари ҷаҳон кушода шуд, ки ба шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Ҳамадон, Шероз, Табер, ҷазираи Киши Эрон, Дубайи АМА, Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, Қарочии Покистон, Истамбули Туркия, Урумчии вилояти мухтори Синзян-Уйғури Чин ва Франкфурт-на-Майн ва Мюнхени Олмон сафар кардам.
– Шумо дар кадом намудҳои ҳавопаймо кор кардед ва дар умум чанд соли ҳаёти худро дар халабонӣ сарф намудед?
– Ман аз 1969 то соли 2005 дар 4 навъи ҳавопаймо – ЯК-40, ИЛ-18, ТУ-154 ва ТУ-134 ба ҳайси муҳандиси парвоз (бортинженер – BI) фаъолият кардаам ва дар умум наздики 37 соли ҳаётамро дар ин кор гузаронидам.
– Дар ҳавопаймоҳо Шумо кадом вазифаҳоро иҷро мекардед?
– Вазифаи ман дар ҳайати экипаж муҳандиси парвоз буд. Ҳайати экипаж дар ЯК-40 3 нафар, ИЛ-18 5 нафар, ТУ-134 4 нафар ва ТУ-154 4 нафар будем. Кори ман ҳамчун узви ҳайати парвозии як киштии ҳавопаймо назорат ва идоракунии системаҳои гуногун ҳангоми парвоз буд. Ман бо фармони фармондеҳ муҳаррикҳо, таҷҳизоти фуруд, механикаи қанотҳо ва системаҳои ҳавопайморо идора мекардам. Хатогиҳои ҳавопайморо, ки ҳангоми парвоз ба амал меоманданд, мувофиқи дастури парвози навъи ҳавопаймо, бартараф мекардам ва ба командир дар бораи корношоямӣ ва нокомии таҷҳизот дар парвоз хабар медодам. Инчунин, назорати ҷойгиркунӣ, бехатарии мусофирон ва бағоҷи онҳо дар тайёра ба ӯҳдаи ман буд.
— Боре ҳангоми парвоз ба ягон ҳолати хатарнок дучор гардидаед?
— Дар воқеъ, бояд гуфт, ки дар кори мо ҳодисаву воқеоти хатарнок хеле зиёд рух додаанд. Масалан, яке аз онҳо дар соли 1972 ба амал омада буд. Рӯзи боронӣ буд ва хати парвоз лойи сурх дошт. Ҳангоми нишастани ҳавопаймои ЯК-40 дар майдони ҳавоии Исфара шамол аз паҳлӯ мевазид. Ҳавопаймо дар масофаи муқарраршуда наистода, рӯйи лой лағжида, аз хати парвоз берун рафт. Командир Сироҷ Эшонхонов режими “Автомат юза”-ро қатъ кард. Ҳамин тариқ, ҳавопайморо шамоли паҳлӯ тела медод ва он аз хати парвоз берун шуда, якпаҳлӯ зад. Дар дохил 7 нафар мусофир буданд, ки хушбахтона, касе осеб надид.
– Охирин парвозатонро ёд доред?
– Охирин парвоз аллакай вақти видоъгӯйӣ буд. Ҳангоми охирин парвоз дар назди ҳавопаймо як акси хотиравӣ гирифта будам. Пас аз охирин парвоз, вақте ки маро ба нафақа мегуселониданд, аз назди ҳавопаймо бо як ҷаҳон таассуроти нек гузаштаму чархҳои онро бӯсидам.
– Чун ин сӯҳбати моро зиёдтар довталабони макотиби олӣ мутолиа мекунанд, метавонед барои тарзи дурусти интихоби ин касб ба онҳо чанд маслиҳат бидиҳед?
- Ҳар касбро бояд аввал дӯст дошт ва бо худ маслиҳат кард, ки оё ба ин касб арзанда ҳастам ва оё ин касб таъминкунандаи рӯзгори ман мешавад? Бояд бигӯям, ки лётчикӣ касби ниҳоят вазнин аст. Ин касбест, ки бояд аз ҳама чиз гузашта худатро ба ин касб бахшӣ. Агар осону сода пиндоред, пас мутахассис намешавед.
– Боз чӣ ҳарфи гуфтанӣ доред?
– Ман фикр мекунам, ки аксарият ҷавонон орзуи ҳавонавард шуданро мекунанд. Кӣ орзуи дар ҳаво парвоз карданро надорад? Ҳама доранд! Аммо на ҳама метавонанд ҳавонавард шаванд. Барои халабон шудан бояд ҳаматарафа омода бошӣ. Аз ҳама ҷиҳат пурра бошӣ. Ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан ба ин касби душвор омода бояд буд. Ва ба андешае ҳастам, ҳавонавардӣ ҳеҷ гоҳ намояндаи худро гурусна намемонад. Халабонӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замон касби зарурист. Шахсан худи ман аз пушти ин касб соҳиби ҳама чиз шудам: соҳиби хонаву дар, мошин, оилаи хушбахт ва қабл аз ҳама соҳиби ном ва обрӯ гардидам. Боварӣ дорам, ки насли оянда, ҳамонҳое, ки ин касбро интихоб мекунанд, ҳатман ба ҳама орзуҳояшон мерасанд.
– Раҳмат барои сӯҳбат.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед