Ru  | Tj
Идеяҳои ҷолиби ғолиби "Next-30". Ситора Суфиҷонова кист ва ба Тоҷикистон чӣ хизмат карданист?
Идеяҳои ҷолиби ғолиби "Next-30". Ситора Суфиҷонова кист ва ба Тоҷикистон чӣ хизмат карданист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Идеяҳои ҷолиби ғолиби "Next-30". Ситора Суфиҷонова кист ва ба Тоҷикистон чӣ хизмат карданист?

Нашр шуд

Мусоҳиба бо яке аз ғолибони озмуни “Next30 – раҳбарони ҷавони Осиёи Марказӣ” Ситора Суфҷонова.
Ситора ҳоло донишҷӯ буда, пайваста кӯшиш дорад, ки ба ҳадафҳои наҷиби худ дастёб гардад. Ӯ ҷавони серталош, серҳаракат, волонтёри ҳақиқӣ ва забономӯзу забондон аст.

Ситора ба кадом корҳо машғул аст, чаро кори бемуздро дӯст медорад, дар Фаронсаву Амрико чӣ кор мекард, чаро донишкадаи забонҳои кишварро тарк кард, донистани забонҳои хориҷӣ ба ӯ чӣ сабукиҳо оварданд, барои миллату давлати худ чӣ хизмат карданист, миссияи худро дар зиндагӣ аз чӣ иборат медонад ва чаро ғами духтарони деҳотро мехӯрад? Инҳо саволҳое ҳастанд, ки мазмуни матлаби зерро ташкил медиҳанд.


Чанд андеша дар пасманзари озмуни “Next30”

- Пас аз ғолиб шудан дар озмуни “Next30” расонаҳо Шуморо ва ҳамқадамонатонро ҳамчун ифтихори Тоҷикистон муаррифӣ карданд. Бигӯед, ки ин гуна мавқеъгирии ВАО-ро чӣ гуна қабул кардед? 


- Шояд бисёриҳо фикр дошта бошанд, ки пас аз ин гуна суханон мо фахр кардем, вале бояд гуфт, барои ман ифтихори давлату миллат шудан ин пеш аз ҳама масъулияти бузаргро ба дӯш гирифтан аст. Ҳакамони озмун аз миёни ҷавонони зиёд маҳз ба мо бовар карданд. Онҳо моро ба он хотир интихоб карданд, ки мо барои Ватани худ ва халқи худ коре карда метавонем. Ба ин тариқ онҳо барои мо масъулияти бузургеро вогузор карданд.

- Иштирок дар озмун бароятон чӣ душвориҳо дошт?

 - Талаботи озмун барои ман осону сода буд ва аз ин рӯ, дар равонади озмун ҳеҷ душвориеро эҳсос накардам. 

- Шумо дар кадом бахши озмун иштирок кардед?

- Дар бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне ҳамчун фаъоли ҷамъиятӣ.

- Фаъоли ҷамъиятӣ чӣ кор мекунад?

- Фаъоли ҷамъиятӣ бояд ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ кунад, барои мушкилоти мардумро ҳал кардан кӯшиш кунад, вазъи фазову муҳити кишварашро омӯхта ва албатта пеш аз ҳама қарзи шаҳрвандии худро иҷро кунад. 


- Муайян кардани ҷавонони Осиёи Марказӣ, ки бо идеяҳои худ кишварашонро аз ягон ҷиҳат иваз кардан мехоҳанд, мақсади озмун буд, Шумо барои беҳбудии кишварамон кадом корҳоро иҷро карданиед?

- Имрӯзҳо таваҷҷуҳамро  бештар ба ҳаёти деҳотиён равона кардаам. Ҳеҷ кас рад карда наметавонад, ки имконоти мардуми деҳот чандин баробар аз имконоти сокинони шаҳр, хусусан пойтахт кам аст ва аз ин рӯ, мехоҳам оҳиста-оҳиста воситаҳое пайдо намуда, имкониятҳои рушдёбии мардуми деҳотро зиёд кунам. Бо ҳар васила мехоҳам ба занону духтарони деҳот кӯмак кунам ва барои соҳибкасбу соҳибҳунар шудани онҳо коре анҷом диҳам. 

- Хабар буд, ки то охири сол аз кору зиндагии ғолибони озмун матлабе омода мекунанд, доир ба Шумо чизе омода карданд?

- Бале, онҳо як навори кӯтоҳе аз ҳаёту кору дирӯзу имрӯзам омода карданд.

Аз Фаронсаву Амрико то фоидаҳои донистани забонҳои хориҷӣ


- Шумо донанда ва инчунин талқинкунандаи забонҳои хориҷӣ низ ҳастед, кай ва чӣ гуна ба омӯзиши забонҳо таваҷҷуҳ кардед?

- Ман дар 11-солагиям барои ташхиси тиббӣ ба Фаронса рафта будам. Он ҷо дидам, ки одамон бо забонҳои гуногуни хориҷӣ сӯҳбат мекунанд. Ба ман, ки танҳо забони модариямро медонистам дидани чунин ҳолат бисёр ҷолиб буд. Вақте ба Ватан баргаштам, фаҳмидам, ки яке аз ҳамсинфонам дар маркази забономӯзие забони англисӣ меомӯхтааст ва ман низ аз волидонам хоҳиш кардам, ки маро ба маркази забономӯзӣ диҳанд. Наздики як моҳ модарамро илтиҷо кардам ва пасон ба маркази забономӯзӣ рафтам. Ҳамин тавр, аз синни 13-солагӣ ба омӯзиши забони анлисӣ шурӯъ кардам.


- Ҳоло чанд забони хориҷиро медонед?

- Забонҳои русӣ, англисӣ ва фаронсавиро пурра медонам. Забонҳои испаниву немисиро бошад барои фарқи забонҳоро донистан кам-кам омӯхтаам.

- Тавре медонем Шумо замоне донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода будед ва бо ихтисоси забони фаронсавӣ таҳсил мекардед. Каме дар ин бора мегуфтед? 

- Дар синфи 11-умиям дар барноми “Flex” иштирок кардаму вале аз зинаи сеюми он нагузаштам. Баъдан, тасмим гирифтам, ки бо ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе дохил шавам. Вале волидонам маслиҳат доданд, ки забони фаронсавиро интихоб кунаму ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи забонҳо супорам, зеро дар боғчаву мактаби тоҷикӣ таҳсил карда будаму бароям таҳсил дар мактаби олии интихобкардаам вазнинӣ мекунад. Ҳамин тавр, бо роҳнамоиҳои волидон бо ихтисоси забони фаронсавӣ донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шудам. 

- Чаро таҳсилро дигар дар Донишкадаи забонҳо давом надодед?

- Пас аз курси дуюм таҳсилро дар донишкада ба муҳлати як сол мавқуф гузошта ва ба воситаи барномае ба Амрико рафтаму як сол он ҷо таҳсил кардам. Пасон, ба Ватан баргашта, курси сеюмиро дар донишкада хондам. Баъдан, дидам, ки илмомӯзӣ дар донишкада бароям на он қадар мувофиқ аст. Зеро бисёр мехостам ба таври замонавӣ таҳсил кунам. Пас, ба хулосае омадам, ки таҳсил дар Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ бароям беҳтару хубтар аст. Ва ҳоло донишҷӯи курси сеюми ин мактаби олӣ ҳастам, ки дар Бишкек ҷойгир асту таҳсилам тариқи онлайн сурат мегирад. 

- Донистани забонҳои хориҷӣ ба Шумо чӣ кӯмак кард?

- Барои ба ин савол ҷавоб додан ҳанӯз барвақт аст. Ин забонҳо шояд ба ман дар оянда кӯмак кунанд, зеро ният дорам зинаи магистратураро дар Аврупо бихонам.


Кори бемузд, ҳавасмандкунии атрофиён ва хоҳиши нотамом

- Як қисмати ҳаёти Шуморо волонтёрӣ ташкил медиҳад, бигӯед, ки дар фаҳмиши Шумо волонтёр кист?

- Волонтёр нафарест, ки кори хубу хайрро бидуни маблағ ва ғарази шахсие иҷро мекунад.


- Шумо аз кай ба волонтёрӣ машғулед?

- Аз соли 2017 то ба ҳол.

- Мақсад аз волонтёр будан дар чист?

- Ба дигарон кӯмак кардан, таҷриба гирифтан ва ба ҷаҳониён ватану фарҳангу тамаддунамонро шиносонидан.

- Волонтёрӣ кори бемузд аст, пас зиндагиятон чӣ гуна мегузашт?

- Ин бахти ман аст, ки волидони хубу ғамхор ба ман насиб гаштааст. Онҳо ҳама ҳоҷатҳои маро бароварда мекунанд ва ҳама кӯшишашон барои комёбиам равона шудааст.

- Чӣ қувва Шуморо маҷбур мекунад, ки волонтёр бошед? 

- Ягона қувваи ман ин атрофиёнам ҳастанд. Дар гирду атрофам одамони зиёди хуб ҳастанд ва шукр, ки онҳоро дорам, зеро ҳамаи онҳо бо рафтору гуфтору кирдорашон ба ман “мотиватсия” медиҳанд.

- Чӣ гуна метавон ба мисли Шумо шуд?

- Ҳама чиз ба хоҳиши инсон вобаста аст. Агар хоҳиш бошад инсоният тамоми корро карда метавонад. 


– Ба Шумо муваффақият хоҳонам! 

Агар як рӯз ронандагӣ накунам, гурусна мемонам: “Чорчашмае”, ки мусиқии ҷаз гӯш намекунад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед