Ru  | Tj
Фахриддини Холбек: «Рӯзноманигор як сарбози гумном аст»
Фахриддини Холбек: «Рӯзноманигор як сарбози гумном аст»
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

Фахриддини Холбек: «Рӯзноманигор як сарбози гумном аст»

Нашр шуд

Фахриддини Холбек, яке аз рӯзноманигорони маъруфи тоҷик, имрӯз, 24-уми март, ба синни 50 қадам гузошт. Дар ин робита Halva.tj  тасмим гирифт, ки як суҳбати ихтисосӣ анҷом диҳад.

Нахуст аз ӯ пурсон шудем, ки бо расидан ба ин син чӣ эҳсос дорад.

- Ростӣ, хеле хуш ҳастам. Чаро? Худам ҳам намефаҳмам. Эҳсоси пирӣ нест, эҳсоси ҷавонӣ ҳам, аммо аз он чӣ мекунаму он чӣ дорам ва бо каму беши зиндагӣ шукр мекунам. 50 сол ҳам шӯхӣ нест. Агарчӣ 100-солагӣ ҳам набошад, ҳамаро Худованд ба ин рӯз расонад, зеро мешавад, ки ба ҳамин 50-солагӣ ҳам нарасид.

РӮЗНОМАНИГОРӢ ЯК ҲИҶРАТИ БУЗУРГ АСТ


- Шуморо ҳамчун рӯзноманигори ҳирфаӣ мешиносанду эътироф мекунанд. Аз роҳи тайкардаи худ дар ин ҳирфа бигӯед, чӣ хаму печҳоро пушти сар кардед?

- Рӯзноманигори ҳирфаӣ будану эътироф шудан хуб аст, аммо банда ҳамеша як шогирд ҳастам. Ҳамоно меомӯзам ва аз ин кор ҳаловат мебарам. Ин ки касе фикр мекунад, ҳирфаиям, сипоси беҳад.

Аз давраи мактабу донишгоҳ чизҳое менавиштам ва дар рӯзномаҳову маҷаллаҳо нашр мешуд. Соли 1997 ба ҳафтаномаи «Истиқлол»-и Бунёди Оли Сомон (ҳоло вуҷуд надорад), ки сардабираш устод Абдулфаттоҳи Воҳид буданд, ба кор омадам. Баъд дар «Ҷавонони Тоҷикистон», «Саноати Тоҷикистон», «Рӯзи нав», «Азия-Плюс», «Озодӣ», «Нигоҳ» ва «Фараж» кор кардам, ҳоло дар «Спутник Тоҷикистон» ҳастам ва ҳам узвияти Шӯрои машвараи вебгоҳи «Сангар»-ро дорам.


Шояд ин рӯйхати нашрияву вебгоҳҳо ривояте аз роҳи банда дар журналистика дошта бошад, аммо он чӣ ҳамеша маро дар ин пеша нигаҳ медошт, меҳри воқеан беандозаи ман ба нони ҳалоли ин касб, устодону ҳамкасбоне мисли худам ошиқи қалам ва хидмат ба мардуму ватанам буду ҳаст. Банда давраҳои хеле пурҷанҷолро пушти сар кардам, возеҳтар бигӯям, рӯзноманигорӣ як ҳиҷрати бузург аз як давраи ҷанҷолҳо ба давраҳои дигараш аст. Ҳеч оромӣ надорад, аммо лаззати зиёд ва ифтихори ғайриқобили тасвир дорад.

Як лаззати дигари ин касб барои ман дар зиндагӣ кор дар канори устодоне, назири Азизи Азиз, Абдулфаттоҳ Воҳидов, Ноёбшоҳи Зӯробек, Давлат Назрӣ, Раззоқи Маъмун, Нурмуҳаммад Холзода, Абдуқаюми Қаюмзод, Раҷаби Мирзо, Умед Бобохонов, Марат Маҳмадшоев ва дигарон буд (агар касеро фаромӯш кардам, узр мепурсам).


- Дар расонаҳои дохилию хориҷӣ фаъолият доштед, аз кадоме хотироту таҷрибаи ҷолиб доред?

- Ҳар расона вижагии худро дошт ва аз ҳама хотираи хуш дорам. Ҳамаи онҳо порае аз зиндагии ман буданд. Шояд фақат фарқ дар ин буд, ки ҷойе кам, ё ҷойе бештар маош медоданд. Дар умум, ёд надорам, ки аз ҷойи кори худ ҷойе ҳарфи бад гуфта бошам, зеро пойбанди ин принсип ҳастам, ки кас набояд ба намакдоне, ки аз он намак хӯрда, туф кунад. Ман гапу калоча ё сирри коргоҳамро дар ҳамон ҷо монда, берун мешавам.

ЖУРНАЛИСТИКА ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

- Вобаста ба ин ки шумо ҳам дар расонаҳои хориҷӣ ва ҳам ватанӣ фаъолияти рӯзноманигорӣ доштед, як журналист чӣ гуна бояд андешаду фаъолият кунад, ки дар ҳар расонае, ки набошад, рисолати касбӣ ва манфиатҳои миллиро зери по нагузорад?

- Бо камоли таассуф, таҳаввулоти чанд соли ахир рисолати касбии моро таҳрир кард. Моро тайи солҳои истиқлол дар семинару конфронсҳо ва мастер-классҳое, ки аз сӯйи созмонҳои хориҷиву байнулмилалӣ баргузор мешуданд ва банда ҳам дар чунин маъракаҳое дар дохилу хориҷ ширкат доштам, чизҳои хуберо омӯхтанд. Аммо ман ягон чунин ҳамоишеро ёд надорам, ки ба рӯзноманигорон таърифе аз манофеъи миллиро дода бошанд. Хуб, хориҷиҳо ку дар ин кор манфиате надоранд, аммо ниҳодҳои дохилӣ низ чунин кореро накарданд.

Ҳоло ин ҳақиқати талх ошкор мешавад, ки ҳамон расонаҳои Ғарби демократӣ чӣ гуна дар бадбахтии инсонҳо дар Афғонистон, Ироқ, Сурия, Либия, Украина ва дигар гӯшаву канори ҷаҳон саҳм гирифтанду мегиранд. Беихтиёр ба ин натиҷа мерасам, ки расонаи ҳар кишвар ҳатто бо иддаоҳои «стандартҳои байнулмилалӣ» ва «озодии баён» аз манофеъи миллии худ ҳимоят мекунад. Ба гунаи мисол, Олмон аз ихтилоф бо Русия ҳеч суде намебинад, баръакс мутаҳаммили зиёни зиёд шудааст, аммо расонаҳои онҳо комилан аз хатти душманӣ бо Русия пеш мераванд.


Ҷолиб ин аст, ки талош мекунанд расонаҳои моро ба масобаи як абзори фишор алайҳи манофеъи миллии мо ба кор гиранд. Мисоли барҷаста ҳамин Афғонистон аст, ки Амрикову НАТО онро ба Толибон ва беш аз 20 созмони террористӣ таслим доданд. Аввал, ҳукумати Ғаниро ба дасти «созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои мустақил» дар назари мардум беэътибор карданд, ҳатто миёни раҳбарони ақвом ҷудоӣ андохтанд ва аз ин роҳ заминаи интиқоли қудрат ба гурӯҳҳои террористиро фароҳам сохтанд. Вақте пружа ба охир расид, «фаъолони маданӣ ва рӯзноманигорони мустақил»-ро ҳамчун «афроди мавриди алоқаи хос»-и худ берун кашиданд ва мардуми бечораи Афғонистон монду лашкари «муллоҳои ваҳшӣ».

Ҳоло ончи дар талошҳои қудратҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дида мешавад, марҳалаи ибтидоии ҳамон сенарияи Афғонистон аст ва ин хатари бузургтаринест, ки мо ҳама ба он мувоҷеҳ шудаем. Дар умум, қазияи Афғонистон пардаро аз сари тамоми нақшаҳову барномаҳои шум сари минтақа бардошт.

Мутаассифона, теъдоди хеле ангуштшумори рӯзноманигорони мо аз асли воқеият ва бозиҳои пушти пардаи қудратҳо дар минтақа хабар доранд. Ин як воқеият ва бозиҳои хеле печидаеанд, ки ҳатто гуфтанашон ба маслиҳат нест. Рисолати касбии мо дарки ин таҳаввулот ва қарор гирифтан дар канори мардум ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои миллии мост. Ба қавли шоир, «як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад».


- Ба журналистони ҷавон ва онҳое, ки журналист шудан мехоҳанд, ҳамчун соҳибкасби таҷрибадор чӣ гуфтанӣ доред?

- Гуфтании зиёд дорам, аммо ба таври мухтасар: хонеду омӯзед, зеро ҳама чӣ дар дастрасатон ҳаст, масалан, телефони мобиливу интернету рӯзномаву китобҳои электронӣ ва ғайра, ки наслҳои мо чунин имконотро надоштанд. Нишастан дар сафҳаҳои иҷтимоӣ ва андохтани як ҷумла хабаре, ки онро як чӯпон ҳам метавонад нависад, рӯзноманигорӣ нест. Ахбори расмӣ, таҳлилҳову гузоришҳо, матолиби рӯзноманигорони ҷаҳониро бисёр мутолиа кунед, фаҳмед, ки чӣ мегузарад. Ҷаҳон ҳоло як деҳкадае шудааст, ки фаҳмиши ҷаҳонӣ мехоҳад ва бидуни дарки таҳаввулот ба ҷойе наметавон расид. Аммо аз ҳама муҳим самимӣ бошед ба пеша ва хонандаву бинандаи худ. Қаламро ошиқона занед.


- Агар аз фаъолияти худ дар арсаи журналистика натиҷагирӣ кунед, оё аз роҳи тайкардаатон розӣ ҳастед?

- Бидуни шак. Ҳамеша ба ин фикр кор мекунам, ки чизе аз пешам ва фурсате аз дастам наравад, то фардо пушаймон нашавам.

- Чӣ кор ё корҳое буд, ки дар журналистика анҷом додан мехостед, аммо нашуд?

- Ҳоло ҳар нақшае, ки дар пеш дорам, хуб пеш меравад. Мутассифона, ин чизе буд, ки хеле дер ба даркаш расидам.

ТОҶИКИСТОН БИДУНИ ЖУРНАЛИСТИКА ҚОБИЛИ ТАСАВВУР НЕСТ

- Фаъолияти расонаҳо ва дурнамои журналистикаи тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ҳоло мо ҳамон журналистикаеро дорем, ки ҳаст. Дарди онро бо «меъёрҳои байнулмилал», ки имрӯз шоҳиди нокорагиҳои он ҳастем ва як далели заъфи журналистикаи мо ҳам бовар ва пайравӣ ба ҳамин «меъёрҳо»-и таҳмилӣ буд, наметавон даво кард. Ҳар миллат журналистикаи худро бояд дошта бошад, ки бар пояи меъёрҳо, арзишҳо ва манфиатҳои миллии худ кор кунад. Ва ҳатман як журналистикае бошад, ки барои адолат, озодӣ, зиндагии шоистаи инсонӣ ва ояндаи дурахшони миллату мардум ва давлати худ мубориза барад.

Ояндаи журналистикаи тоҷик ба ояндаи Тоҷикистон рабт дорад. Ба лутфи Худованд аз ин марҳалаҳои ҳассос ба саломат бигзарем ва иқтисодамон он гуна, ки тарҳ шудааст, пеш равад, мо як Тоҷикистони мустақилу қавӣ хоҳем дошт ва ин Тоҷикистон бидуни журналистикаи худаш, ки бо сармояи худаш кор кунад, қобили тасаввур нест. Журналистика рӯҳи ноороми миллат ва намиранда аст. Ҳеч нерӯе нест, ки онро аз миллат бигирад.


АФҒОНИСТОН ВА ПАЁМ БА АБАРҚУДРАТҲО

- Шумо борҳо худро «масъудӣ» номидаед, дар Афғонистон ҳам кор карда, ба умури ин кишвар таваҷҷӯҳи хоса доред. Ин ҳама чаро?

- Банда бо Афғонистон як пайванди рӯҳонӣ дорам. Аз соли 2001, замоне ки бо дарду ранҷ ва фоҷиаҳои мардумаш ошно шудам, бо худ аҳд кардам, ки то замоне зинда ҳастам, дар канори онҳо хоҳам буд. Бидуни таассуби миллӣ ва фарҳангӣ. Шояд бигӯям, бо як таассуби инсонӣ.

Будан дар канори як мардуме, ки ҳамсояи моянд, мисли мо инсону мусулмон ва ҳатто қисмати бузурге тоҷиканд, аммо ҳудуди ним аср ба ин сӯ дастхуши бозиҳои ноҷавонмардонаи қудратҳову хоинони дохилӣ шудаанд, ҳам мушкил аст, ҳам ифтихор. Орзу дорам, ки як рӯз хушбахтии мардуми Афғонистонро бинам.

Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони зиндагии ман аст. Масъуд барои ман қабл аз ҳама як фармондеҳи бузург ё тоҷики бузург нест, балки инсони комил, мусалмони ботақво ва шахсияте арзанда барои пайравӣ аст. «Масъудӣ» ба онҳое мегӯянд, ки пайрави воқеии Масъуди бузург ҳастанд. Банда ба ин дараҷа нарасидаам, аммо талошашро мекунам.

- Таҳлилу баррасиҳои шумо доир ба Афғонистон пас аз тасаллути Толибон* ва муқовимати Аҳмади Масъуд бештар шуд. Аз андешаҳои шумо бармеояд, барои кулли тоҷикони дунё масъалаи Афғонистон доғ аст, набояд бетараф буд. Ин хатти фикрӣ ба чӣ асос меёбад?

- Вақте Толибон дар Кобул қудратро гирифтанд, умед доштам, ки тамоми нерӯҳои сиёсии кишварро муттаҳид ва як ҳукумати муштарак ташкил мекунанд ва Афғонистон ба корвони тамаддун ҳамроҳ мешавад. Аммо ин гурӯҳ даст ба ваҳшоният ва қатли омҳо зад, зиндагии мардумро барбод дод ва Афғонистонро аз ҷаҳону шеваи зиндагияш ҷудо кард. Чӣ бигӯям, ки қиссаҳои ин барбариятро дӯстон ҳар рӯз мешунаванд.

Зиёд табсира намекунам, фақат ба чанд калима мехоҳам баён кунам, ки Афғонистон ба як кишвари террористӣ ва хатари бузурге ба ҳамсояҳо, қабл аз ҳама кишварҳои орому осудаи Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Ҳоло тамоми низом, аз ҷумла маорифу иқтисод, барои созмонҳои террористӣ кор мекунад. Масалан, тамоми мактабҳо нисоберо доранд, ки солҳо пеш барои мадрасаҳои террористии Покистон омода шуда буданд ва аз онҳо фақат интиҳориён фориғ мешуданд. Агар талошҳое дар сатҳи минтақаву ҷаҳон сурат нагирад, ояндаи торике ҳамаро дар пеш аст.


Аҳмади Масъуд ва Ҷабҳаи муқовиматаш танҳо нерӯест, ки дар хатти муқаддами ҷанг бо терроризм қарор гирифта, метавонад аз ин хатар ҳам Афғонистон ва ҳам минтақаро раҳо кунад. Ҳоло ҳам, ки дер нашудааст, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Чин ва Ҳинд бояд Ҷабҳаи муқовиматро дастгирӣ кунанд, он гуна ки дар муқовимати аввал аз Аҳмадшоҳи Масъуд пуштибонӣ мекарданд.

«САНГАР» ВА САНГАРДОРӢ

- Шумо аз муассисони пойгоҳи таҳлилии «Сангар» ҳастед, ки бо чор забон кулли матолиби он интишор меёбад. Дар муддати бештар аз як сол чӣ натиҷа гирифтед аз фаъолияти мудовиму пайвастаи он дар фазои интернетӣ?

- «Сангар» дуруст ҳамон аҳдоферо пайгирӣ мекунад, ки дар боло зикрашон рафт, қабл аз ҳама, тасбити худ ба масобаи як сангари иттилоотӣ дар баробари терроризм ва ҳифзи ҳукуматҳои милливу тамомияти арзии кишварҳои минтақа. Ба гумонам, то ҳадди тавон ва имкон ин рисолаташро иҷро мекунад.

Мояи хушбахтӣ барои банда ин аст, ки узви тими «Сангар» ҳастам ва гумон мекунам, тайи як солу як моҳе, ки гузашт, бо ҷумлаи дӯстони ҳамқалам хуб сангардорӣ кардем. Ростӣ, вақте кораш шурӯъ шуда буд, ҳеч бовар надоштам, ки ҳатто чанд моҳ давом хоҳем овард. Ба гумонам, нияти нек ва фидокорие, ки тими «Сангар» дошт ва ҳам дуову пуштибонии ҳаводорон буд, ки «Сангар»-и мо барҷо монд.


- Пушти парда саволҳое низ матраҳ мешаванд, ки «Сангар» сарпараст ё сарпарастоне дорад, мехоҳам дар ин бора содиқона ба гумонзаниҳо посух диҳед.

- Содиқона мегӯям, ки «Сангар» сарпараст ё пуштибони молӣ надорад. Агар медошт, ҳатто тасаввурашро намекардед, ки бо чунин як тими қавӣ аз чандин давлат ва шахсиятҳои рӯзноманигориву коршиносӣ ҳоло ба чӣ расонае табдил мешуд. Шояд ба кадом як қудрат ё ақидаи таҳмилӣ хидмат мекардем, ба қавле, таги пул мемондем, аммо, хушбахтона, мустақилияти фикрие, ки дорем, моро аз вобастагиҳои молӣ наҷот додааст. 

ОВОЗХОНӢ БЕШТАР АЗ ЖУРНАЛИСТӢ ПУЛ ДОРАД, АММО...

- Ба овозхонию таронанависӣ ҳам шуғл доштед, чаро дар ин ҷода роҳи худро идома надодед?

- Воқеан, ду бор – соли 1996 замони донишҷӯӣ ва соли 2011, замоне ки бо марҳум Баҳром Ғафурӣ корҳое дар мусиқӣ мекардем – банда пеши чунин як интихоб қарор гирифтам, ки журналист бимонам ё овозхониро пеша кунам. Ҳарду ҳам пешаи пурифтихор ҳастанд.


Овозхонӣ бештар аз журналистӣ пул дорад ва як овозхони хуб шояд бештар аз як журналист барои ғановати рӯҳонии мардум саҳми бештар гузорад.

Шояд як замонаи дигар мебуд, ки мисли замонаи мо пуршӯру шарр намебуд, роҳро ба сӯйи кӯчаи овозхонӣ каҷ мекардам. Аммо банда журналистикаро интихоб кардам, зеро аз ин роҳ метавонам бештар ба мардуму ватанам хидмат кунам. Аз журналист агар қасру кӯшкҳо ҳам боқӣ намонанд, чизҳое боқӣ мемонанд, ки аз онҳо ҳама баҳраманд мешаванд. Хушбахтии дигари рӯзноманигор ҳам ин аст, ки дар набардҳои ҳаёту мамоти як миллат дар роҳи саодату хушбахтӣ мисли як сарбози гумном меразмад ва ҷовидона мешавад.


*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед