Ru  | Tj
Профессор Акбар Нозимов: “Устоди ҳақиқӣ ҳамеша ба донишҷӯ дастрас аст”
Профессор Акбар Нозимов: “Устоди ҳақиқӣ ҳамеша ба донишҷӯ дастрас аст”
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас шудааст

Профессор Акбар Нозимов: “Устоди ҳақиқӣ ҳамеша ба донишҷӯ дастрас аст”

Нашр шуд

Акбар Нозимов - профессори кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии техникии Вологдаи Федератсияи Русия мебошад. Ӯ таҷрибаи беш аз 40-солаи омӯзгорӣ дошта, дар илми риёзӣ муаллифи беш аз 120 пажӯҳиш, аз ҷумла панҷ китоби дарсӣ ва 15 дастури таълимист. Ин олими номвар зодаи  шаҳри Хуҷанд буда ва қариб ҳар сол айёми таътил ба зодгоҳаш меояд.


Муаллим ва иззату эҳтироми ӯ

Олими тоҷик - Акбар Нозимов ба ёди даврони мактабхонии худ рафта, он замонро дар қиёс бо имрӯз ба мо чунин қисса кард: “Падару модар дар интихоби ихтисос усули маҷбуркуниро ҳеч истифода намебурд. Аксарият бо амри дили худ ихтисос интихоб мекард.  Ҷавонон дар замони Шӯравӣ орзуи муаллим шудан мекарданд, чун он вақт муаллим иззату эҳтироми зиёд дошта ва маоши хуб ҳам мегирифт".

Соли 1961-ум ба мактаби рақами 5-и шаҳри Хуҷанд ба синфи якум қабул шудам. Дар мактаб аксари муаллимон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Бархе якдаста буда ва ё як по надоштанд. Аммо ҳама сахтгиру серталаб буданд. Муаллими аввалинам Зебунисо Почоева  мебошанд. Ёд дорам, муаллими азиз то хату савод баровардани шогирдон чӣ қадр хуни ҷигар мехӯрданд. Ба мо, аввал, ба даст гирифтани перо ва дар давот рангдор кардани онро ёд дода буданд. Бо зӯри ангушт идора кардани перо маҳорати хос талаб мекард. Агар муаллим ба ҳусни хатамон эрод гиранд, перою давотро баҳона мекардем. Рӯзҳое буд, ки аз беэҳтиётӣ ранги давот мерехт ва  ҷувздону либос доғ мешуд. Албатта, имрӯз кӯдакон навиштанро тезтару хубтар  ёд мегиранд”, бо завқ мегӯяд, профессор.


Нуқс дар тарбия

Ба мушоҳидаи риёзидон Акбар Нозимов имрӯзҳо аксари волидон дар тарбияи маънавии кӯдак камбудҳои зиёде доранд. Ба назари ӯ огоҳ набудани онҳо аз тарбияи дуруст дар оянда ба фарзандон азобҳои маънавию равонии зиёде пеш меоварад.

“Ба мактаб дар ҳафтунимсолагиам рафта будам.  Кӯдакро  ба мактаб барвақт додан дуруст нест. Ба  онҳое, ки барои ба курсии  мактабӣ нишастани фарзандон саросема мешаванд, мегӯям, ки солҳои зебои кӯдаконатонро аз онҳо нагиред. Агар  кӯдак  8-сола шуда, баъдан ба мактаб равад ҳам, ягон бадӣ надорад. Аксар кӯдаконе, ки барвақт ба мактаб мераванд, дар пайдо кардани  роҳу равиши минбаъдаи ҳаёт ба маҷмӯи мушкилоте рӯ ба рӯ мешаванд. Қиссаи ҳаёти  як духтараки рус, ки дар 12 – солагӣ мактабро хатм карда, ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Маскав  ба номи М.В. Ломоносов дохил мешавад, исботи гуфтаҳоям аст. Духтарак пас аз хатми донишгоҳ ҳаёти худро ба як маҷалла нақл мекунад ва аз волидон хоҳиш менамояд, ки фарзандонро барвақт ба мактаб набаранд. Зеро ӯ аз таҷрибаи ҳаёт дарк кардааст, ки  дараҷаи фаҳмишу маърифаташ на ба он сатҳе буда, ки шарикдарсонаш доштаанд. Яъне ӯ натавониста, ки аз ҳисоби шарикдарсҳо рафиқу ҳамфикре пайдо кунад ва ё мавзӯе барои суҳбат бо онҳо дошта бошад. Ҳатто дар охир мувофиқи ихтисос кор ҳам пайдо карда натавонистааст”.


Нақши мутолиаи асарҳои бадеӣ

Профессор Акбар Нозимов дар солҳои донишҷӯйӣ асарҳои бадеии зиёде хондааст. Аз ин рӯ, имрӯз аз донишҷӯён ва фарзандону наберагони худ доимо пурсон мешавад, ки охирон бор чӣ китобе хондаанд. Ба назари ӯ паст будани сатҳи маданият низ аз нахондани китоб аст.  Акбар Нозимов ҳоло насли навро ташвиқ ба мутолиа мекунад.

“Ба роҳи илм рафтанам аз давраи донишҷӯйӣ шурӯъ шуд. Яке аз сабабҳои асосии ба тадқиқоти илмӣ рӯ оварданам, маҳфили илмии донишҷӯён буд, ки онро муаллим Эргашбой Муҳаммадиев роҳбарӣ мекарданд. Иштирокчиёни фаъоли маҳфил  Абдусаттор Байзоев, Абулқосим Муҳсинов ва банда будем, ки ҳар се ба унвони доктори илм мушарраф  шудем. Он вақт дар доираи машғулияти маҳфил ҳар ҳафта як маротиба ҷаласа доир мешуд. Роҳбари маҳфил масъалаҳо медод ва мо маҷмӯи мисолу масъалаҳоро  ҳал карда,  минбар мебаромадему аз кори иҷрошуда ҳисобот медодем.  На ҳама вақт масъалаҳоро  дуруст ҳал мекардем. Роҳбар пеш аз шунидани шогирдон шӯхиомез чунин мегуфт: “Ғайрат карда назди минбар оед, таҳсин мегӯям ва агар масъалаҳоро дуруст ҳал карда бошед, дукарата таҳсин мегӯям”.


Роҳи дурусти забономӯзӣ

Профессори тоҷик ба ин бовар аст, ки забони русиро бо хондани китоб ёд гирифтан дурусттар аст. Зеро меъёри гуфтору навишт як нест. Аз ин лиҳоз, забонро бо роҳи гап задан ёд гирифтан на он қадар дуруст аст. Дар натиҷаи мутолиаи  зиёд ва навиштану гуфтани фикр забонро пурра омӯхтан имкон дорад.

“Имсол ба Донишгоҳи давлатии техникии Вологдаи Федератсияи Русия аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 7 нафар  донишҷӯ қабул шуданд. Фаҳмиши математикии онҳо хуб аст, аммо сатҳи забондонияшон нигаронкунанда мебошад. Ман бо онҳо ҳатто дар кӯча  бо забони тоҷикӣ гап намезанам, то бо забони русӣ суҳбат карданро ёд гиранд. Намедонам, ки тоқат мекунанд, ё на!? Агар пуртоқату боғайрат бошанд,  дар соли сеюм бо шарикдарсони русашон баробар мешаванд. Барои дилхоҳ соҳа ва ихтисос забондонӣ лозим аст.  Таҳсили ман ба забони модариям – тоҷикӣ буд. Лекин имрӯз ба намояндагони халқу миллатҳои гуногун  бо забони  русӣ дарс медиҳам. Қаблан бо онҳо маслиҳат мекунам, ки агар калимаю ибораеро нодуруст ба забон орам, огоҳ кунанд, зеро забони модарии ман дигар аст ва аз ин рӯ, эҳтимол аст, хато кунам.  Ҳангоми дарс кадом як  калимаеро нодуруст таллафуз карда монам, донишҷӯёни рус маънидорона нигоҳ мекунанд.  Аз нигоҳи онҳо   мефаҳмам, ки дар талаффуз хатое  кардам. Ҳамзамон, худи ҷавонони рус низ дар муошират  қоидаҳои забони русиро вайрон мекунанд, хатои онҳоро ман ҳам ислоҳ мекунам.  Ҳамин тариқ, аз хатои якдигар меомӯзем”,  меафзояд профессор Акбар Нозимов.    


Чанд сифати устоди ҳақиқӣ             

Профессор Акбар Нозимов аз муаллимони ҷавон шиква дорад, ки аз   “намедонам” гуфтан шармашон меояд: “Онҳо гӯё ҳамадон бошанд. Аслан, “намедонам” гуфтан ҷойи ору номус нест, хатою нодуруст гуфтан шармандагист. Замоне академикҳои машҳури ҷаҳон дар ҷавоб ба саволҳои донишҷӯён “намедонам” мегуфтанд. Эшон  саволҳое, ки ҷавоб дода натавонистанд, ба  хотир гирифта ва дар дарси дигар ҳатман ба он посух медоданд. “Намедонам” гуфтани устодон   барои донишҷӯён як навъ дарси дурӯғ нагуфтан  ҳам буд. Аммо имрӯз  аксарият ҳаракат мекунанд, ки ба ҳама савол сарсарӣ  посухе гӯянд”. Ин тамоюлро, ки дар байни ҷавонон реша давондааст, Акбар Нозимов маҳкум мекунад:

“Устоди ҳақиқӣ  ӯст, ки ба донишҷӯ ҳамеша дастрас бошад. Яъне, вай омода аст, ки дар дилхоҳ вақт ба суолҳои донишҷӯ посух диҳад ва ӯро раҳнамоӣ кунад. Чанд сол пеш  дар Донишгоҳи давлатии техникии Вологдаи Федератсияи Русия донишҷӯёнро ба озмунҳо тайёр мекардам. Шогирдонам дар солҳои 2006-ум ва  2010-ум дар Олимпиадаи Русия ғолиб шуданд. Соли 2011-ум барои навиштани рисолаи докторӣ вақти зиёд сарф шуда ва дигар натавонистам, ки бо донишҷӯён корбарӣ кунам. Ба ҷоям як профессори донишманд бо онҳо машғулият гузаронид. Аммо давоми чанд соли корбарии ӯ ягон донишҷӯ дар озмунҳо ғолиб нашуд. Он солҳо дар муҳити Донишгоҳ саволе пайдо шуд, чаро муаллиме, ки унвони номзади илм дошт, тавониста, шогирдони муваффақ тайёр кунад, аммо профессор на? Пас аз суҳбат бо донишҷӯён маълум шуда, ки он профессор ба шогирдон дастрас набудааст. Яъне баъди машғулияте, ки як-ду соат  давом дошта, дигар донишҷӯёнро қабул надоштааст. Ӯ иҷозат надодааст, ки дар дилхоҳ вақт донишҷӯён ба ӯ занг зананд ва суоле бипурсанд. Агар  донишҷӯ имкони пайдо кардани муаллимро ҳама вақт дошта бошад, ба манфиати кор аст”.

- Ба кори илмӣ иҷборан машғул шудан лозим нест. Агар  талаботи ботинӣ набошад, аз он ҳосили хубе ба даст намеояд, - ба ин бовар аст профессори тоҷик - Акбар Нозимов.

“Падару модарон дар интихоби роҳи зиндагӣ  фарзандонро набояд маҷбур кунанд. Онҳо бояд шароит фароҳам оранду халос.  Олим барои исбот кардани як теорема бори гарони  заҳмат мекашад, намояндаи касбу кори гуногун ҳам дар сомон додани коре меҳнат мекунад. Дар ҳама кор заҳматписанд будан зарур аст. Донаро дар зимистон  ба замин пошеду  об монед, намесабзад. Барои сабзидани он баҳор ва гармӣ лозим. Ин ҳикматро ба он ҷавонҳое гуфтам, ки  дар аввали  роҳ буда, вале мехоҳанд, ки ба самараи бузурге ноил шаванд. Сабр кунед, роҳе, ки меравед, холӣ нест”.   



Пуле миёни китоб ва хонанда. Рисолати китобдор


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед