Ru  | Tj
Истеъдод, рафтору гуфтори хуб, чеҳраи зебо: овозхонӣ чӣ гуна касб аст?
Истеъдод, рафтору гуфтори хуб, чеҳраи зебо: овозхонӣ чӣ гуна касб аст?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Истеъдод, рафтору гуфтори хуб, чеҳраи зебо: овозхонӣ чӣ гуна касб аст?

Нашр шуд

Имрӯз дар бобати овозхонӣ ҳарф хоҳем зад.

Мо атрофи касби овозхонӣ бо яке аз сарояндагони раддаи аввали ин соҳа, муаллим, нафаре, ки худу шогирдонаш дар чандин озмунҳои байналмилалӣ ва байниминтақавӣ иштирок кардаанд ва ҳунарманде, ки дар ҳайати доварони озмуни Central Asia Got Talent буд, яъне Зафар Абдуалимов сӯҳбат кардем.


Мо медонем, дар замони кунунӣ ва шароити имрӯз дилхоҳ нафар дар чанд дақиқа метавонад сурудеро зам-зама кардаву зуд ба ситораи фазои маҷозӣ табдил ёбад. Вале он маънои онро надорад, ки ӯ сарояндаи ҳирфаӣ асту касбияти баланд дорад ва ҳам тамошобини зиёд доштан маънои ҳамеша мусбатро надорад. Шояд ӯ аз алифбои овозхонӣ хабар надошта бошад. Аз ҳама бадаш ӯ дар ҷаҳони дигар, ки номаш Интернет асту дар он миллиардҳо нафар ҳузур доранд, як давлат, миллат ва фарҳангро беобрӯ мекунад. Ҳамаи ин сабаб шуд, то барои довталабони ин касб соҳибкасбу соҳибмактабе аз бурду бохти ин соҳа гӯяд, таҷрибаҳояшро тақсим кунад ва тавсияҳои хуб диҳад.

“Сарояндагӣ на ҷинс дораду на сарҳад”


- Мо бо Шумо атрофи касби овозхонӣ сӯҳбат хоҳем кард. Нахуст яке аз аҳамиятҳои асосии ин касбро дар замони кунинӣ мегуфтед? 

- Муаррифгари ҳар давлату миллат пеш аз ҳама ин фарҳанги он мебошад. Овозхонӣ як ҷузъи фарҳанг аст ва мо ба воситаи ин касб дар арсаи байналмилалӣ кишварамонро муаррифӣ мекунем. Мо метавонем фарҳанги худро бо ҷаҳониён таввасути сурудҳои халқӣ ва миллӣ - муосир, муаррифӣ кунем.

- Дуруст аст, ки талаботи касби овозхонӣ ниҳоят зиёд аст?

- Бале, талаботи ин касб то андозае зиёданд, ки баъзан нақзи онҳо ба хотир меорад, ки мо хилофи ҳирфаият, рафтору гуфтор дорем. Дар талаботи умумӣ бошад, истеъод, хоҳиш, рафтору гуфтори хуб ва сару либоси мувофиқу муносиб ба замону макон дохил мешавад.


- Мо суханони зиёде мешунавем, ки бояд духтарони тоҷик касби овозхониро интихоб накунанд. Шумо сарояндаи касбӣ ҳастед ва берун аз тафаккуру дигар урфу одатҳои тоҷикона бигӯед, ки ин касб хоси кадом ҷинс аст?

- Дар умум сарояндагӣ на ҷинс дораду на сарҳад. Агар истеъдод ва шавқу ҳаваси беандоза вуҷуд дошта бошад, дар ин ҷо ҷинс ягон нақш бозида наметавонад. Ҳам зан ва ҳам мард метавонад овозхони хубу ҳирфаӣ шавад.

- Дар кишвари мо тавозуни арҷгузорӣ ба сарояндагӣ чӣ гуна аст?

- Албатта, аксар сарояндагони мо дар ҷумҳуриамон иззату эҳтироми хоса доранд. Вале боз нафароне ҳастанд, ки морову касбамонро хуш қабул намекунанд. Яъне табиати баъзеҳо ҳамин гуна аст ва хуб мешавад довталабон пеш аз интихоби ин касб аз ин нозукиҳо огоҳ бошанд. Лекин бояд бигӯям, ки дар умум ҳурмату иззату арҷгузорӣ дар ҷомеаи мо нисбати ин касб кам нест ва шукр, ки рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.

- Дар касби овозхонӣ чӣ ба Шумо писанд нест?

- Ҳунарманд соҳиби худаш нест, барои худаш кор ва зиндагӣ намекунад ва ҳатто нақшаи муайян надорад, зеро баъзе чорабиниҳо ва маҳфилҳое яку якбора пайдо мешаванд, ки иштирок дар онҳо ҳатмӣ дониста мешавад.

“Ба ҷойи суруди ман таронаи парвина шукруллоеваро монданд”


- Ҳар касбу ихтисосе, ки ба истеъдод ва умуман соҳаи эҷод рабт дорад, бояд фитрӣ бошад, яъне онро дар рафти зиндагӣ ба вуҷуд овардан ғайриимкон аст. Шумо ба ин касб чӣ гуна пайвастед?

- Ростӣ, ин гуна ранг гирифтани мусоҳибаро интизор будам, зеро Шумо дар симои банда барои довталабони ин касб намунаеро нишон доданӣ ҳастед. Ман аз синни чорсолагӣ ба ин касб меҳр баста будам. Майлу рағбатам ба сарояндагӣ аз гӯш кардани садои яке аз беҳтарин сарояндагони он давр - Кароматулло Қурбонов ба вуҷуд омад. Ҳангоме ки, эшонро тариқи телевизион медидаму гӯш мекардам, худ аз худ бо фортопианое, ки дар хона доштем, ҳар гуна ҳаракатҳо мекардам ва ин шавқу ҳаваси маро волидонам ба назар гирифта, ба мактаби мусиқӣ доданд. Дар он ҷо муаллиама Маргарита Михаилова, ки ҳозир дар Исроил умр ба сар бурда истодаанд, маро ба ӯҳдаи худ гирифтанд. Ҳамин тавр, аз шашсолагиам аз муаллимаи азизам нозукиҳои ин касбро оҳиста-оҳиста омӯхтам. Аз 9-солагӣ дар саҳнаҳои калон ва аз 11- солагӣ бошад, дар маҳфилҳои байналмилалӣ иштирок карданро оғоз кардам.

- Нафаре, ки аз 4-солагияш ба санъату ҳунар худашро бахшидааст, бидуни он зиндагӣ карда метавонад?

- Бидуни ин касб зиндагӣ карда наметавонам ва зиндагӣ ҳам намекунам, зеро зиндагӣ маъно надорад.

- Киро метавон овозхони ҳирфаӣ гуфт?

- Овозхони ҳирфаӣ он касро мегӯянд, ки истеъдоди хуб дошта бошад. Дар баробари истеъдод симои зебо низ дошта бошад. Рафтору гуфтори хуш дошта бошад. Бояд дар касби худ ҳирфаӣ бошад ва оид ба касбаш маълумоти зарурӣ низ дошта бошад. Сарояндагоне ҳастанд, ки истеъдоди хуб ва шавқи беандоза доранд, вале дар бораи мусиқӣ ягон тасаввурот надоранд. Яъне, ки дар ҷойе таҳсил накардаанд. Аз ҳамин сабаб, бештари онҳо фақат сароянда мешаванд, ситораи ҷаҳонӣ ё ҷумҳуриявӣ шуда наметавонанд. Аз ҳамин сабаб, фикр мекунам, ки овозхони воқеӣ бояд мусиқиро дар умум дарк кунад ва донад, ки он чӣ тавр сохтаву навишта мешавад.

- Дар касби шумо то чанд соат бетанаффус кор кардан мумкин аст?

- Ин аз касбияти сароянда вобаста аст. Сарояндае, ки аз дарси сарояндагӣ гузаштааст, бо устодон машқ кардааст ва нафасаш дуруст мондааст, вай метавонад то 4-5 соат кор кунад. Лекин шахсоне, ки нафасашон дуруст мондагӣ нест, метавонанд то 5-6 соат кор кунанд.


- Тақрибан як баромади шумо дар консертҳову маҳфилҳо чанд сомониро ташкил медиҳад?

- Шояд ба назар гарон бошад, вале бояд ба назар гирифт, ки овозхон монанди муаллим нест. Ӯ бояд фикри либоси нав, суруди нав, намоҳанги нав, ҳаққи муаллифон, танзимгарон, мутрибон ва ғайраҳоро дошта бошад.

- Гонорари худатон чанд сомонӣ аст?

- Мутаассифона, дар бораи гонорари худам гуфта наметавонам.

- Бо пеш рафтани технология баъзе касбҳо аз миён рафта истодаанд ва ба ҷойи намояндагонашон роботҳо ё барномаҳои махсус корро иҷро мекунанд, лутфан, бигӯед, ки умри ин касбро то чанд соли дигар боқӣ медонед?

- Ба фикрам касби сарояндагӣ аз байн намеравад. Албатта, баъзе сарояндаҳо аз ҳамон техникаю технология ва барномаҳо дар баъзе намоҳангҳову консертҳояшон истифода мекунанд, вале тамоман аз байн рафтани ин касб аз тасаввур берун аст, зеро нақши одами зинда дар таҳияи мусиқӣ, сухан, фазои ба инсоният мувофиқ назаррас аст.

- Дар ин касб кадом душвориҳоро ном бурда метавонед?

- Ин аз шахсияти инсон вобаста аст, ки ӯ ҳар амали анҷомдодаашро чӣ гуна қабул мекунад. Агар инсон дилхоҳ корро душвор қабул кунад, пас он душвор мешавад ва агар бо шавқ кор кунаду осон пиндорад, пас кораш ҳатман осон мешавад ва ӯ душвориеро эҳсос намекунад. Шукр, ки корам бароям писанд асту аз рӯйи шавқу завқи бисёр анҷом медиҳам ва аз ин рӯ, ҳеҷ душворие надорад.

- Душорӣ дар кор вобаста будааст ба шахс, бигӯед, ки пайдоиши ҳолатҳои ногувор чӣ?

- Кори мо ҳолатҳои ногувор зиёд дорад ва аксарияти онҳо ба шахсияти овозхон вобаста нестанд. Масалан, хомӯш шудани барқ, кор накардани яке аз таҷҳизоти даркорӣ, наомадани яке аз одамони таъсиррасон ва ба монанди инҳо.

Дар таҷрибаи кории худам як ҳолати ногуворе рух дода буд, ки то ҳол ва шояд ҳеҷ вақт аз ёдам набарояд. 11-сола будам ва дар пахши мустақими телевизион баромад доштам. Вақте ба саҳна баромадам ба ҷойи суруди ман таронаи Парвина Шукруллоеваро монданд. Ҳазорҳо бинандаи телевизион маро он замон медид, вале ман зуд аз саҳна баромадам.

“Нони ҳалолу номи зебо”


- Барои сароянда шудан таҳсилоти олӣ лозим аст?

- Албатта, ба сароянда маълумоти олӣ лозим аст. Иловатан, бояд гуфт, ки ба ҳар довталаби ин касб махсус устоде лозим аст, ки бо ӯ нафаскашӣ, ҳаракатҳои саҳнавӣ ва дигар талаботи ин касбро махсус ва бисёр сода фаҳмонад.

- Бо касби овозхонӣ метавон шоиста зист? Махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?

- Ин саволи калидӣ аст, аммо ман бешак гуфта метавонам, ки дилхоҳ нафар ва дилхоҳ намояндаи касб агар корашро дӯст дораду аз меҳнат кардан натарсад ва ҳалол кор кунад ҳатман шоиста зиста метавонад.

- Чаро ҷавонон дар интихоби ояндаашон хато мекунанд?

- Имрӯз ҷавонон вақташонро дар кӯчаву интернет зиёд мегузаронанд, ки ин албатта ба тафаккури онҳо бетаъсир нест. Ба фикрам ҳар наврасу ҷавон бояд дар давраи мактабӣ самташро муайян кунад ва донад, ки оё ба он хоҳиш дорад ё не? Санҷад, имтиҳон кунад ва ҳамон вақт ба хулосаи ниҳоӣ омада, ояндаашро интихоб кунад. Вале мутаасифона, дар ҷомеаи мо на ҳама чунинанд ва тасодуфиҳо қариб дар ҳама соҳаҳо ба назар мерасанд.


- Ба фикри Шумо чаро бояд ҷавонон касби сарояндагиро интихоб кунанд?

- Барои он ки ин касб намиранда аст. Ҳамчунин, бо ин касб дар ҷомеа метавон ному нон ёфт.

- Тавсияҳои шумо ба овозхонҳои оянда...

- Зиёд кор кунанд. Рафтору гуфтори хуб дошта бошанд. Овоз ва чеҳраашонро эҳтиёт кардаву барои зебогии овозу ҷавон мондани чеҳраашон кӯшиш кунанд. Фикри хуб дошта бошанду муаррифӣ кардани фарҳангамонро ба шакли олӣ аз ёд набароранд. Ва ҳамеша ба ҷустуҷӯи нони ҳалолу номи зебо камар банданд.



Профессор М. Муродӣ: “Мо худамон соҳаи фаъолиятамонро беобрӯ карда истодаем”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед