Ru  | Tj
Профессор М. Муродӣ: “Мо худамон соҳаи фаъолиятамонро беобрӯ карда истодаем”
Профессор М. Муродӣ: “Мо худамон соҳаи фаъолиятамонро беобрӯ карда истодаем”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Профессор М. Муродӣ: “Мо худамон соҳаи фаъолиятамонро беобрӯ карда истодаем”

Нашр шуд

Мо бо профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз олимони сермаҳсули журналистика Мурод Муродӣ доир ба илм, корҳои илмӣ, забону услуби пажӯҳишҳои илмӣ, усулҳои таҳқиқ, илмфурӯшиву илмдуздӣ, ҷавонон ва илм, ояндаи илми тоҷик ва дигар мушкилоту муаммоҳои соҳа сӯҳбат намудем.

– Устод, мо имрӯз танҳо дар бобати илм сӯҳбат мекунем ва хуб мешуд агар мафҳуми илмро бидуни услуби илмӣ мефаҳмондед.

- Илм ҳамчун мафҳум, маънои таҳқиқ, пажӯҳиш ва омӯзишро дорад. Илм як навъи эҷод аст. Аммо эҷоди илмӣ нисбат ба эҷоди адабӣ ва публитсистӣ фарқ мекунад. Эҷоди илмӣ нисбатан маҳдудтар ва қолабикунонида аст.

Илмро як навъ эҷоди хоса мегӯянд. Эҷоди хоса ба он хотир, ки мухотаби кори илмӣ аҳли илм аст. Ба ин маъно, метавон гуфт, ки ҳар гуна натиҷаҳои илмӣ ба ду унвон равона карда мешавад. Яке ба аҳли илм, онҳое ки қудрату қобилияти дарки масъалаҳои илмиро доранд ва дар баҳсу мунозираҳои илмӣ шарик шуда метавонанд ва дигаре мардуми оддӣ. Ҳар гуна натиҷаи илмӣ бояд ба пешрафти ин ё он соҳаи иҷтимоӣ таъсире гузорад. Барои он ки ба пешрафти ин ё он соҳа таъсири мусбат гузошта шавад, бояд мардум аз натиҷаи илмӣ огоҳ бошанд. Агар мардум – кормандони соҳаҳои гуногун натиҷаҳои илмро дарк карда, дар фаъолияташон аз онҳо истифода баранд, дар ин маврид илм то андозае хусусияти оммавӣ пайдо мекунад. Ба ин маънӣ, шарҳу тавзеҳи натиҷаи илмӣ бояд тарзе сурат гирад, ки дар дарку фаҳми онҳо мардум мушкилӣ накашанд.


– Устод, як хосияти илм ҳамин будааст, ки бояд ҷомеа аз вай баҳра барад. Тавре хабар дорем, чанд рӯз пеш декани факултети журналистикаи ДМТ Абдулмуъмин Қутбиддинов рисолаи докториашонро дар мавзӯи “Хусусиятҳои мундариҷавию жанрии публитсистикаи бадеии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон (дар мисоли нашрияҳои “Шаҳриёр” ва “Набзи Файзобод”)” бомуваффақият дифоъ намуд. Дар мисоли рисолаи зикршуда метавонед бигӯед, ки омма аз он чӣ тавр истифода бурда, нафъ мегирад?

- Дар ҳоли ҳозир ба фикри шахсии ман корҳои илмӣ ба ду мақсад анҷон дода мешаванд: яке барои дараҷаи илмӣ гирифтану зиндагии худро беҳ гардонидан, дигаре дар ҷабҳаи илм камари ҳиммат бастан. Мутаассифона, дар мо корҳои илмӣ зиёдтар ба мақсади аввал анҷом меёбанд.

Бармегардем ба саволи шумо. Абдумуъмин Қутбиддинов кори докторӣ ҳимоя кард ва ин, пеш аз ҳама, ба ӯ унвони баландтари илмӣ дода, обрӯю эътиборашро меафзояд. Шояд барои ба вазифаҳои баландтар расидан ҳам мадад расонад. Паҳлӯи дигар ин ки аз самараҳои кори илмии ӯ соҳа баҳра мегирад. Асоси дигари масъала – алоқамандии илму амал аст.

Мо бояд илм ва истеҳсолотро як кунем ва дар ин самт рисолаи болозикр ҳам кӯмак карда метавонад. Масалан, агар пажӯҳишгар дар заминаи таҳқиқоти илмиаш, роҳҳои боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати нашрияҳои даврии маҳаллиро гуфта бошад, пас кормандони нашрияҳои маҳаллӣ аз он истифода мебаранд ва корашонро хубтару беҳтар мекунанд. Аз ҷониби дигар, мо дар факултети журналистика мутахассиси ВАО омода мекунем ва бешак дар миёни онҳо нафароне ҳастанд, ки оянда дар нашрияҳои даврии маҳаллӣ кор мекунанд. Агар мо дар раванди таълим аз кори Абдулмуъмин Қутбиддинов истифода барем, пас онҳо ба диду нигоҳи тоза ба кор мераванд. Лекин дар ин масъала як иллат дорем. Мо ҷараёни таълимро ба илм камтар тавъам медиҳем. Бо маълумотҳоии назариявии баъзан хушку холӣ донишҷӯёнро ба таври кофӣ дилгарм кард наметавонем.

– Мо медонем, ки Шумо рисолаи докториро бе мушовир ҳимоя кардаед, оё бе роҳбар ҳам метавон кори илмӣ кард?

– Аввалан, бояд бигӯям, ки ман бо роҳбарии профессор Воҳид Асрорӣ рисолаи номзадӣ навишта ҳимоя кардаам. Дар навиштану ҳимояи рисолаи докторӣ бевосита мушовир надошта бошам ҳам, аз маслиҳати устодону ҳамкорон истифода кардаам.

Соли 2007 кори докториамро ба анҷом расонида ва соли 2009 ҳимоя кардам. Муаллима Қосимова раиси шӯрои дифоъ буданд. Муаллима усули ба худ хоси раисӣ доштанд, онҳоеро, ки барои ҳимояи кори илмӣ муроҷиат мекарданд, амиқ месанҷиданд. Аз ҷумла, аз ман мавҷуд будани дастнависҳоямро талаб карданд. Як ҷузвдон дастнависро овардам, ки аз ҷараёни омӯзишу пажӯҳишам дарак медод. Одатан ҳамарӯза маводи таҳқиқ кардаамро дастнавис карда, бо зикри таърихи рӯз архив мекардам. Масалан, 22-юми декабр, соати 02:20. Пас аз дидани дастнависҳо муаллима гуфтанд, ки Шумо ҳуқуқ доред бидуни мушовир ҳимоя кунед.

Гумон мекунам, дар иҷрои кори илмӣ роҳбар албатта, даркор ва бидуни ӯ муҳаққиқ, хусусан онҳое, ки ба ҷодаи илм тоза ворид мешаванд, дар ҷараёни пажӯҳиш душворӣ мекашанд. Вале дар зинаи докторӣ таъйини мушовир чандон зарур нест, зеро таҷрибаи дар ҷараёни пажӯҳиши кори номзадӣ ҳосилшуда, метавонад раҳнамо бошад.


– Шумо осори илмии зиёд доред, бигӯед, ки ба илм машғул шудану таҳқиқ кардан ягон формулаи осон дорад?

– Бояд муҳаққиқ бидонад, ки чӣ мегӯяд, гуфтаашро чӣ гуна баррасӣ мекунад ва ба чӣ натиҷа мерасад. Дар баробари ин, ба кори илмӣ бо шавқ бояд машғул шуд. Ҳар нафаре, ки маҷбурӣ ё ғайри хоҳиши дил ба пажӯҳиш машғул мешавад, беҳтар аст, ки самти корашро иваз кунад. Илм ҷойи маҷбуран кор кардан нест. Ҷизи маҷбурӣ аввалан ба кундӣ ҳосил мешавад, баъдан самараи дилхоҳ намедиҳад. Формулаи осон тоқати шишт доштан, андеша карда тавонистан аст.

– Устод, мо баъзан мефаҳмем, ки “фалонӣ илмдӯст аст” мегӯянд. Бигӯед, ки киро илмдӯст гуфтан мумкин аст ва оё Шумо худатонро чунин мешуморед?

- Дар зиндагӣ ишқ ҳаст. Илм ҳам як василаи ишқ аст. Масалан, ин худситоӣ нест, вале бинед, ки бо вуҷуди он ки имрӯз рӯзи корӣ нест, ман дар ҷойи корам ва ба пажӯҳиш машғулам ва пагоҳ ҳам оед ҳаминҷоям. Шояд натиҷаи меҳнати илмиамро касе мутолиа накунад, вале ман рӯҳан хурсандам, ки кореро ба анҷом расонидам, рисолатамро иҷро кардам ва дар назди виждонам қарзор нестам. Илмдӯст онест, ки машғул шудан ба омӯзишу пажӯҳишро ҷузъи таркибии ҳаёташ медонад.

– Шумо дар як рӯз чанд соат ба кори илмӣ машғул мешавад?

– То соли 2012 мудири кафедраи матбуоти факултети журналистика будам ва ҳар субҳ аз соати 4 то 6 ба кори илмӣ машғул мешудам, зеро дар факултет имкони ба кори илмӣ машғул шудан набуд. Вақте ки ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба кор омадам, реҷаи кориам каме дигар шуд ва ҳоло дар рӯзҳои корӣ ба омӯзиш машғул мешавам: мавод ҷамъ мекунам, нигоштаҳои шогирдонро таҳрир карда, дар рӯзҳои истироҳат маводи дастрасшударо ба қолаб медарорам.

– Узр барои густохӣ, вале аксарият рӯзи якшанберо рӯзи оила эълон мекунанд ва бо аҳли оила мегузаронанд, Шумо ба илм машғул мешавед...

- Шуморо фаҳмидам, аммо бояд гӯям, ки ман оилаамро мефаҳмаму ӯ маро. Корҳои хоҷагии рӯзгорро ҳамчун варзиши бадан иҷро мекунам, аммо қариб, ки бозор намеравам, нархи маҳсулотро намедонам ва шукр ҳеҷ мушкиле дар ин маврид надорам. Фикр мекунам яке аз сабабҳои то ба ин дараҷа расидану шогирдони зиёд омода кардан дастгирии оила ва дилбастагӣ ба кори илмӣ аст.


– Боре шудааст, ки аз илм гурехта бошед?

- Не, чунин фикр то ҳол ба сарам наомадааст. Шукри Худо аз ҳисоби илму таълим нон ёфтем, зиндагиро пеш бурдем ва обрӯ пайдо кардем. Дониш ва таҷрибаи илмиамонро дар шаклҳои гуногун манзури шогирдон ва ҳаводорони соҳа мегардонем, ба қадре ки нерӯ дорем, ба илм хизмат мекунем. Дар чунин ҳолат фикри тарки илм кардан ношукрӣ аст.

– Маълум аст, ки бисёриҳо мехоҳанд зери роҳнамоии Шумо кори илмӣ анҷом диҳанд, барои қабул кардани шогирдон талаботи махсус доред?

– Ҳар нафаре, бо нияти шогирдӣ наздам меояд, албатта ба тарзи худ месанҷам, ки интихоби ӯ бо хоҳиши дил аст ва ё ҳавову ҳаваси шӯҳрат. Баъдан ба ӯ супориш медиҳам, ки мавзӯи ояндаашро интихоб кунад ва дар бораи зарурати пажӯҳиши он фикрашро ба таври хаттӣ пешниҳод кунад. Дар ин кор ӯро маҷбур намесозам. Агар ӯ воқеан майли пажӯҳиши илмӣ дошта бошад, супоришро иҷро мекунад, занг мезанад ва ё ба наздам омада маслиҳат мепурсад, агар майлаш ҷиддӣ набошад, ноайён худро дур мегирад ва бо ҳамин муносибати, ба қавле устодиву шогирдии мо канда мешавад. Ҳар кор тавфиқ мехоҳад. Агар шогирд, ҳамчунин фарзанд тавфиқ надошта бошад, тарбияи ӯ душвор ва ҳатто бесамар аст.

- Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба қадру қиммати илм чӣ гуна баҳо медиҳед?

– Дар ҳоли ҳозир гуфта наметавонем, ки ба таври бояду шояд олиму илм қадр мешаванд, вале илми ҳақиқӣ ва олими асил ҳеҷ гоҳ хор нахоҳанд шуд. Мутаассифона, дар мо нафарони зиёде ба кори илмӣ мепардозанд, ки дар замирашон меҳри илм дида намешавад. Яъне мо худамон соҳаи фаъолиятамонро беобрӯ карда истодаем. Масалан, як нафари дар илму таълим тасодуфиро раҳнамоӣ карда, ба ӯ ёрӣ мерасонем, соҳиби унвони илмӣ мегардонем, бехабар аз он ки фардо тақдири илм ба дасти чунин “олимон” меафтад. Ҳамин аст як шакли беобрӯ кардани илм.

– Илмфурӯширо Шумо ҷиноят медонед?

- Илмфурӯширо ба ду маъно мефаҳмам. Якум, як олим кори илмиашро дар шакли монография чоп карда, барои доираи муайян мефурӯшад ва ин гуна илмфурӯшӣ ҷиноят нест, зеро онҳое, ки натиҷаи таҳқиқоти олимро харида, истифода мекунанд, аз он манфиате мегиранд. Дуюм, касе, ки донишу ҷаҳонбинӣ ва ҳатто кӯшиш ҳам надорад, аз каси дигар кори илмиашро мехарад ва олими дипломдор мешавад, фурӯшандаи илмро хиёнаткор гуфтан мумкин аст. Зеро ӯ ба худ, ба илм ва ояндаи соҳа хиёнат мекунад.

– Ҳозир гуфта метавонем, ки илми моро ҷавонони имрӯза пеш бурда метавонанд?

– Ноумед нестем, ҳақиқатан ҳам бачаҳое дорем, ки дар ин самт кӯшиши зиёд мекунанд. Аммо аз насл то насл анъанаҳои илмӣ камарзиш мешаванд.

– Киро метавон олим гуфт?

- Олим нафарест, ки дар илм сидқан фаъолият мекунад, самараи хуби илмӣ ба даст меорад ва самараи ба дастовардаи ӯ ҳам боиси эътибораш ва ҳам боиси пешрафти ин ё он соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ мегардад.

– Агар илм намебуд, чӣ гап мешуд?

– Ҷаҳон торик, андешаҳо хушку холӣ, зиндагӣ якранг, хони мо тиҳӣ буд. Ҳамаи муваффақиятҳо, комёбиҳо, пешравиҳо, ба қуллаҳои баланд расиданҳо аз шарофати илманд.

– Дар мактаби олӣ яку якбора аз бачаҳо дар соли дуюми таҳсил 20-25 саҳифа кори курсӣ, ки сирф илмӣ бояд бошад, талаб карда мешавад, оё мумкин аст аз бачае, ки ҳатто мафҳуми илмро намедонад, чунин талаб кард?

- Ин ба назари Шумо каме ғалатӣ менамояд, вале ба назари ман аз донишҷӯён талаби кори курсӣ дуруст ва муҳим аст. Чаро яку якбора дар курси дуюм? Мо аз курси аввал шогирдонро ба кори илмӣ навиштан омода мекунем ва ба онҳо супоришҳои хаттӣ медиҳем. Яке аз чунин супоришҳо навиштани реферат аст. Реферат зинаи аввали кори таҳқиқӣ ба ҳисоб меравад.

– Кори курсиро бояд ҳар нафар худаш нависад, вале мо дар марказҳои хизматрасонӣ ба баъзе эълонҳое дучор меоем, ки аз фурӯши корҳои курсиву кори хатм дарак медиҳанд, ба ин чӣ назар доред?

- Албатта, назари манфӣ, зеро ин ҳам як омили танбалӣ ва ба таҳқиқ машғул нашудани донишҷӯён аст. Аммо чӣ илоҷ, ки ҳоло замони сармоя ва рушди техника аст ва дар чунин шароит назорати корҳои номатлуб бисёр душвор шудааст. Таҳсил дар мактаби олӣ иҷборӣ нест, аксарият тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Ба чизи тайёр одат кардан ба фоидаи донишҷӯ нест, онҳо бояд худ фикр кунанд, то маблағи сарфкарда барояшон фоида орад. Муаллими роҳбар ҳам бояд сахтгир бошад, кӯшиш кунад, ки ба ин амалҳо роҳ надиҳад.

– Дар мо дастурамал барои навиштани корҳои илмӣ-таҳқиқӣ хеле кам аст. Як китоби хурд аз Нуриддин Бозорзода ва китоби дигар аз муаллифон Имомзода Муҳамадюсуф, Саъдӣ Маҳдӣ ва Бахтиёр Қутбиддинов дорему халос.

- Аслан дар ин самт шарт нест, ки ҳар рӯз китоб чоп кунем, муҳим тарзи дурусти корро омӯзему аз пайи пажӯҳиш бошем. Маврид ба зикр аст, ки ман ҳам як дастурамал бо номи “Метод ва методологияи таҳқиқи илмӣ” дорам, ки шояд то ҳол ба дасти Шумо нарасидааст. Ин гуна дастурҳо ба донишҷӯ қолаб ва равишҳои кори илмӣ, аз ҷумла кори курсиву хатмро меомӯзонанд, аммо паҳлӯи дигар, ки муҳтаво аст, ба қобилияту дониш ва тафаккури илмии пажӯҳанда вобастагӣ дорад.


– Дар мавриди сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз реферат сар карда, то корҳои хатм чӣ назар доред?

- Дар маҷмӯъ корҳои хуб ҳам ҳастанду ланҷ ҳам. Корҳои илмии хубро бо завқ мехонӣ, аз он маълумоти наве пайдо мекунӣ, ба тарзи музокира, усули баёни фикри муаллиф шинос мешавӣ. Ин гуна корҳо ба инкишофи қобилияти пажӯҳишӣ ва вусъати ҷаҳонбинии илмии хонанда таъсири нек мегузоранд. Вале, мутаассифона, дар баробари ин корҳое низ ҳастанд, ки онҳоро бо тақозои касб маҷбурӣ мехонӣ. Аксарияти чунин корҳо ҳам аз нигоҳи сохтор ва ҳам мундариҷа ба талаботи кори илмӣ чандон ҷавогӯ нестанд. Ба назар чунин мерасад, ки муаллиф ба моҳияти аслии масъала амиқ сарфаҳм нарафтааст. Албатта, сохтори ҳар гуна кори илмиро аз ҳисоби нерӯи дигарон дуруст кардан мумкин аст, аммо муҳтавои он танҳо ба нерӯи фардии муаллиф метавонад арзиш пайдо кунад.

– Бачаҳое, ки дар амалияи журналистика, масалан дар матбуоти даврӣ кор мекунанд, дар мавриди забони илм ва услуби илмӣ азоб мекашанд, зеро хоҳу нохоҳ услуби рӯзноманигорӣ ғалаба мекунад. Онҳо бояд чӣ кор кунанд, то забону услуби илмиро омӯзанд?

- Ин як баҳона аст ва баҳонаи анъанашуда. Ҳар кори пажӯҳишӣ новобаста аз он ки муаллифаш кист ва дар кадом соҳа кор мекунад, забону услубаш бояд илмӣ бошад. Кори илмӣ бо забону услуб ва дараҷаи таҳлил фарқ мекунад. Бояд донист, ки то забони илмро ба вуҷуд наорем, андешаи илмӣ ҳосил намешавад. Андеашаи илмӣ тавассути забони илмӣ шакл мегирад, забони илм бидуни истилоҳу мафҳумҳои хос буда наметавонад. Ин кори як нафар нест, он саҳми аҳлонаро мехоҳад. Ҳар як муҳаққиқ агар илмро эҳтиром ва заҳматашро қадр кунад, қолабҳои шакливу муҳтавоии кори илмиро аз худ намуда, аз истифодаи ҳар гуна калимаву ибораҳои туфайлӣ ва завқиву эҳсосӣ даст мекашад. Дар кори илмӣ ба мантиқ бояд эътибор дод, на ба эҳсос.

– Устод, ман чанд саволи кӯтоҳ медиҳам ва имкон дошта бошед зуд-зуд ҷавоб гӯед.

- Марҳамат.

- 3 олими тоҷик...

- Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдунабӣ Сатторзода, Иброҳим Усмонов.

- 3 асари илмӣ...

- “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Тоҷикнома”-и Иброҳим Усмонов ва “Хосияти адабиёт”- и Асадулло Саъдулоев.

- 3 китоби илмие, ки бояд муҳаққиқони ҷавон мутолиа кунанд.

- Ҳама қисмҳои китоби “Журналистика”-и профессор Иброҳим Усмонов ва ҳама китобҳои Асадулло Саъдуллоев.

- 3 хосияти муҳимме, ки бояд довталабони ихтисоси рӯзноманигорӣ пеш аз омадан ба донишгоҳ дошта бошанд...

- Маҳорати навиштан, аз фазои ВАО бохабар будан ва дониши кофии талабагӣ.

- 3 фанни муҳим барои ихтисосҳои рӯзноманигорӣ

- Асосҳои фаъолияти эҷоди рӯзноманигорӣ, таърихи журналистика, сотсилогияи журналистика.

- 3 омили такондиҳанда ва водоркунанда ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ...

- Меҳру ҳавас, омӯзишу кӯшиш, сабру таҳаммул.

- 3 тавсияи шумо ба муҳаққиқони ҷавон...

- Бо дилу нияти пок ба кор шурӯъ намудан, содиқона кор кардан ва аз натиҷаи ҳосилшуда қаноатманд нашудан.



Тағоймурод Розиқов: Агар Ленин намебуд, мо имрӯз миллат намешудем


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед