Ru  | Tj
Касб, пеша, шуғл ё болотар аз инҳо? Нуруллоҳи Ориф дар бораи шоирӣ
Касб, пеша, шуғл ё болотар аз инҳо? Нуруллоҳи Ориф дар бораи шоирӣ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Касб, пеша, шуғл ё болотар аз инҳо? Нуруллоҳи Ориф дар бораи шоирӣ

Нашр шуд

Шоирӣ дардест, аз ҳад дарди зӯр,

Дарди хуфтан, хестан аз чанги гӯр.

Бо ҳама ранҷаш, ки сар маъвои ӯст,

Дил чу қолӣ тит андар пои ӯст.

(Нуруллоҳи Ориф)

Нуруллоҳи Ориф дар ҷавонӣ пас аз хатми мактаби ронандагӣ ба подабонӣ машғул буд. Сабаби ба шеър рӯ оварданаш агар аз як ҷониб дарду ғам ва норасоиву камбудиҳои рӯзгор бошад, пас аз тарафи дигар танҳоӣ дар даштҳои бекарон будааст.

Як шеъри Гулрухсор Сафӣ ба ӯ илҳом бахшидааст, ки шеър гӯяд.

Дар шеър устоди Нуруллоҳи Ориф шоири хушном Гулназар Келдӣ мебошанд.

Дар ҷустуҷӯи ҷавҳар

- Устод бигӯед, ки шоириро оё метавон дар вуҷуди касе пайдо намуду дилхоҳ нафарро шоир кард?

- Бояд дар хотир дошт, ки мо наметавонем касеро шоир кунем. Барои шоир шудан ба ҳар нафар ҷавҳар лозим аст, ҷавҳаре, ки одам эҳсоси эҷодкор буданро дар худ пайхас кунад.

- Пас, ҷавҳарро чӣ гуна пайдо кардан мумкин аст?

- Ҷавҳарро пайдо кардан мумкин нест, зеро он бояд худодод бошад. Вақте ки Худо истеъдод дод, пас дар натиҷаи заҳмат мешавад, ки онро тақвият дода, ин ё он соҳаи эҷодро пеша кард. Дар акси ҳол бошад, заҳмату меҳнат фоидае намеоранд.

- Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки ҷавҳар набошад, шавқу завқу кӯшиш коре карда наметавонанд?

- Мутаассифона, дар ин соҳа ҳамин хел аст. Истеъдод дар ҷойи аввал меистад.

- Шоирӣ касб, пеша ё шуғл аст?

- Шоирӣ на касбу на пешаву на шуғл аст, балки аз ҳамаи инҳо болотар.

- Бигӯед, ки шоир ба чӣ кор худро банд мекунад ва он корро чӣ гуна анҷом медиҳад?

- Шоир дӯсти қаламу коғаз аст ва шеър менависад.

- Адабиёт барои эҷодкор чист?

- Адабиёт барои ҳамаи эҷодкорон модар аст. Адабиёт ҳеҷ гоҳ аз эҷодкор дур намешавад ва эҷодкор ҳам баробари дур шудан аз адабиёт дигар эҷодкор нест.

- Адабиёт модар аст гуфтед, бигӯед, ки оё ин модар фарзандони худро зиндагии шоиста дода метавонад?

- Агар гӯем, ки бо шоирӣ рӯзгорро пеш бурдан мумкин аст, чандон дуруст нест, зеро ҳоло Шӯравӣ аз байн рафтааст. Масалан, бузургони мо мегӯянд, ки бо гонорари як китобача метавонистанд хона ё мошин бихаранд, вале ҳоло худатон вазъиятро медонед. Яъне азоб кашида шеър менависӣ, азоб кашида пул меёбӣ ва боз азоб кашида онро ба дасти хонанда мерасонӣ. Вале ба ҳар ҳол ин айби адабиёт нест, балки нуқси замон аст. Адабиёт дар ягон замон ба эҷодкор хиёнат накардааст ва намекунад.

- Дар замони кунунӣ вазифаи шоир чист?

- Шоир бояд вазъи замонро дар эҷодаш инъикос кунад. Дар шеърҳои имрӯзаи шоир бояд ҷомеа тамоми паҳлӯҳои зиндагиашро бубинад. Аз шеърҳои имрӯзаи шоир бояд насли баъдӣ доир ба вазъи замону зиндагии мо бохабар шаванд. Шоир дирӯзу имрӯз ва фардоро менависад.   

- Дар кишвари мо шоирро чӣ гуна қадр мекунанд?

- Шоири хуби мо мегӯяд:

Имрӯз замон гарчӣ ба шоир нагарояд,

Ҳарфе, ки биёрам ба забон, шеър ояд.

Аз қалам ба даст гирифтан то тавлиди “Ҷони бобо”

- Шумо чӣ хел ва барои чӣ ба даст қалам гирифтед?

- Ман дар нахуст қаламро барои шеър навиштан не, балки ба хотири кашидани сурати кабӯтаре, ки дар девори хонаи торике нишаста буд, гирифта будам. Вале бо камоли ишқ қалами рассомиро ба қалами шоирӣ иваз кардам. То замоне ки шеърро намефаҳмидам, ягона марҳами дилу хотири ҷамъам расмҳоям буданд, вале рафта-рафта дардҳо зиёд шуданд ва пай бурдам, ки рассомӣ дигар қудрати гуфтани онҳоро надорад. Шеър хондам ва шеър гуфтам.

- Аз кай шеър менависед?

- Аз соли 1990 ба шеърнависӣ машғулам ва соли 1993 аввалин маҷмӯаи ашъорам ба нашр расид.

- Ҳоло дар хазаниаатон ҳамаи шеърҳоятонро доред?

- Не.

- Барои Шумо дар кадом мавзӯъҳо шеър гуфтан мумкин нест?

- Дар мавзӯҳои сиёсӣ.

- Чаро?

- Ман шоири лирикӣ ҳастам. Тараннуми Ватан, Модар, ваҳдат ишқ... мекунам. Аз ҷониби дигар устодам равоншод Гулназар Келдӣ гуфта буданд, ки ба ин мавзӯъ даст назанам хубтар аст.

- Боз дар кадом мавзӯъ шеър гуфтан намехоҳед?

- Фаҳш. Ман ягон шеъри ба қавле 18+ надорам.

- Як шоир бояд чӣ гуна бошад?

- Шоир баёнгаре бошад, ки объекти инъикоскардаашро бояд то андозае тасвир кунад. Вобаста ба ин гуфтаи Ҳаким Фирдавсӣ мисол шуда метавонад:

Агар бишнавад номи Афросёб,

Шавад кӯҳи оҳан чу дарёи об.

- Шумо шеър аз ёд мекунед?

- Не, ман ҳатто шеърҳои худамро дар хотир нигоҳ дошта наметавонам.

- Шумо як шеъри зебо ва ҳамзамон машҳуре доред бо номи “Ҷони бобо”, ки ҳунарманди шодравони мо Ҷамшед Исмоилов онро сароида буд, лутфан аз тавлиди он бигӯед.

- Қиссаи “Ҷони бобо” то андозае ба гуфтан меарзад. Рӯзе бо шодравон Ҷамшед Исмоилов дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев вохӯрдам ва эшон гуфтанд, ки барои набераҳояшон суруде хондан мехоҳанд, вале ин хоҳишашонро касе иҷро накардааст. Ман хуб гуфтаму ба роҳ баромадам. Аз Филармонияи давлатӣ то Гулистон пиёда рафтам ва дар ҳамин роҳ шеъри “Ҷони бобо”-ро навиштам, ки устод хуш қабул карданду сароиданд.

Киҳо бояд шоир шаванду киҳо не?

- Мо мебинем, ки таваҷҷӯҳи ҷавонон аз нависандагӣ дида, ба шоирӣ зиёд аст. Дар ин маврид Шумо чӣ назар доред?

- Мутаассифона бисёриҳо аз рӯи ҳавас менависанд. Онҳо мехоҳанд зуд дар назари маъшуқаҳояшон машҳур шаванд, дар ҳоле, ки аз азобу уқубати шоирӣ бехабаранд.

- Оё ба назди Шумо барои шоир шудан ҳам меоянд?

- Бале, бисёр меоянд ва аз дастам омадаро барояшон дареғ намедорам.

- Киҳо метавонанд шоир шаванд?

- Нагардӣ шоир, умре то нахонӣ,

Нахонӣ, хубро аз бад надонӣ.

Яъне, ҳар шоиршаванда бояд пеш аз ҳама сермутолиа бошад. Гуфтан аз донистан меояду донистан аз мутолиа.

- Киҳо бояд шоир нашаванд?

- Шоир нашавад он, ки табу тоб надорад,

Парвои шабу каш-каши маҳтоб надорад.

Яъне, нафаре, ки вазъи замон барояш аҳамият надорад, дард надорад ва ба дарди мардум дармон намеҷӯяд.

- Тавсияҳои Шумо ба шоиршавандаҳои оянда чист?

- Бале, новобаста ба душвориҳо ва ноҷуриҳои рӯзгор мо наметавонем бигӯем, ки бачаҳо шоир нашаванд, зеро аз насли нав ҳам шоир даркор аст. Бисёр мутолиа кунанд, қаламашонро санҷанд, нофаҳмиҳояшонро пурсанд ва ба худ бовар дошта бошанд.




Мирзоева Моҳира: “Як ғалате, ки дар ВАО пайдо мешавад, зуд характери оммавӣ пайдо мекунад”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед