Ru  | Tj
Хоҳиш ва ишқ. Чӣ тавр метавон рассоми кино шуд?
Хоҳиш ва ишқ. Чӣ тавр метавон рассоми кино шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Хоҳиш ва ишқ. Чӣ тавр метавон рассоми кино шуд?

Нашр шуд

Шумо филмҳои кӯтоҳи "Қатора", "Коса", "Сарбор" "Кемерово", филмҳои ҳунарии "12 соли интизорӣ", "Тангно", "Хушдоманҳо", "Рақси зиндагӣ", "Вақте сайёра ранг иваз мекунад", "Бачаи обӣ", филмҳои ҳуҷҷатии "Духтари Сайҳун", "Таърихи синамои тоҷик", "Устод Кимёгаров", "Устод Сорбон" ва "Ме"-ро дидаед? Дар инҳо ва филмҳои зиёди дигар қаҳрамони имрӯзаи мо нақши калидӣ дорад. Ӯ рассом аст, рассомӣ кино ва тамоми саҳнаҳои филмҳои болоиро сохтааст. Ва ба ин мазмун метавон гуфт, филмҳои мазкур, ки аксаран ба бинанда писанд омадаанд, маҳз бо саҳнасозиҳои ҳамсӯҳбати мо таҳия шудаанд. мусоҳиби имрӯзаи мо Тоҳир Назар – рассом-таҳиягари театр ва кино ҳастанд.


- Рассоми кино кист?

- Як нафаре, ки тамоми саҳнаҳои филмро дар мувофиқа бо сенария, фазо, муҳит ва ҳатто мимикаҳои ҳунармандон омода мекунад. Нафаре, ки дар ҳама саҳнаҳо ҳаст ва нақшаш дар чашми бинанда аён мегардад. Дар умум, рассоми кино мардест пурмасъулият ва серкор.

- Вазифаи рассоми кино чист?

- Бо коргардон ва наворбардор сахт унс гирифта, мисли як ниҳоли иборат аз се шоха “мева”-и хуб ҳосил кардан аст.

- Нақши рассом дар кино то кадом андоза назаррас аст?

- Чуноне ки вазифаи рассомро гуфтем, ӯ иҷро мекунад, вале назаррас будани кораш ба дарку эҳсоси бинандаи соҳибдил ҳавола мешавад.


- Кино метавонад рассом надошта бошад?

- Дар муҳити мо, бале. Ба қавле дар филмҳои бачаҳои навкор ва ҳавасакӣ рассоми кино муҳим нест.

- Муҳимтарин хусусияти рассоми кино чист?

- Сабурӣ ва масъулияти зиёд. Рассом агар сабур набошад, рассоми филм шуда наметавонад, балки барои худаш болои коғаз расм мекашад. Рассом агар масъулият ҳис накунад, дилхоҳ саҳнаи филм нимкора мемонад.

- Дар мо арҷгузорӣ ба рассоми кино вуҷуд дорад ё не?

- Ба ҳадди миёна. Наметавонам бигӯям, ки қадру қиммати рассоми кино дар осмон аст ва боз гуфта наметавонам, ки кори мо нодаркору касе суроғамон намекунад.


- Ин кори серташвиш гонорари калон дорад?

- Аз рӯйи меъёр бояд баъд аз коргардону наворбардор гонорари рассом бошад, аммо ин қоида на ҳамеша ҷорист.

- Рассоми кино аз рассоми оддӣ чӣ фарқ дорад?

- Агар рассоми оддӣ гуфта мусавваракашро дар назар дошта бошед, яке бо тасвири мусаввара машғул мешаваду дигаре бо зебосозӣ дар дохили кадрҳо.

– Кори кадомаш душвортар аст?

– Кори ҳарду ҳам заҳмату меҳнат талаб мекунанд ва барои ман як ҳастанд.


- Рассоми кино будан кори душворро анҷом додан аст. Чаро ба ин касб омадед?

- Дуруст мегӯед, ин кори душвор ва серташвиш аст, вале лаззати ногуфтанӣ дорад. Ман тасодуфан ва нафаҳмида ин корро оғоз кардам ва 8-9 сол боз олӯдаи ин риштаи серташвиш ҳастам.

- Дар кадом киноҳо ҳамчун рассом ширкат доштед?

- Ростӣ ҳамаашро ба ёд оварда наметавонам, вале ин ҷо қисман мегӯям: филми кӯтоҳи "Қатора", филми кӯтоҳи "Коса", филми ҳунарии "12 соли интизорӣ", филми ҳуҷҷатии "Духтари Сайҳун", филми ҳунарии "Тангно", филми ҳуҷҷатии "Таърихи синамои тоҷик", филми кӯтоҳи "Кемерово", филми ҳунарии "Хушдоманҳо", филми ҳунарии "Рақси зиндагӣ", филми ҳунарии "Вақте сайёра ранг иваз мекунад", филми ҳуҷҷатии "Устод Кимёгаров", филми ҳунарии "Бачаи обӣ", филми кӯтоҳи "Сарбор", филми ҳуҷҷатии "Ме", филми ҳуҷҷатии "Устод Сорбон"…


- Мешавад, ки дар майдони наворбардорӣ рассом бо коргардон ҷанг кунад?

- Бале, мешавад. Аммо дар Тоҳир одати ҷангидан нест, бал гуфтушунид аст.

- Метавонед ягон кинои машҳурро номбар кунед, ки рассом надошта бошад?

- Машҳур ба маънии 2-3 сол аз филмҳои худӣ метавон мисол овард, вале бигзор мо ногуфта худашон фаҳманд.


- Ба назар мерасад, ки дар аксар киноҳои ҳозира, ки бачаҳои ҷавон мегиранд, рассом нест. Чаро?

- Чаро, ки онҳо беҳад донишманд ва кордони хуби соҳаи синамо ҳастанд, ки рассом гуфтани саҳмдорро кайҳо фаромӯш кардаанд (бо киноя – Halva.tj). Барои ин тоифа танҳо камерачӣ лозим асту халос.

- Шумо ҳоло киҳоро метавонед ҳамчун рассомони кино аз Тоҷикистон номбар кунед?

- Негмат Ҷӯраев, Бахтиёр Қаландаршоев, Ҷамшед Холиқов, Далер Меҳтоҷев. Аммо дар ин миён намунаи беҳтарин Негмат Ҷӯраев мебошад, ки дар чандин филмҳои сатҳи баланд рассомӣ кардаанд. Аз қабили “Падари моҳтобӣ”, “Дар интизори баҳр” ва дигар филмҳои Бахтиёр Худойназаров. Инчунин, дар дигар филмҳои коргардонҳои русу ӯзбеку қазоқу қирғиз.

- Барои рассоми кино шудан чӣ лозим аст?

- Хоҳиш ва ишқ.


- Барои рассоми кино шудан дар куҷо бояд таҳсил кард?

- Дар мактабҳои синамоии хориҷӣ, ки онҳоро педагогҳои ҳақиқӣ дарс бигӯянд.

- Паҳлӯҳои мусбату манфии ин касб кадомҳоянд?

- Паҳлӯи хубаш дар он аст, ки ошиқат мекунад. Паҳлӯи бадаш дар бетаваҷҷуҳии мутлақ аст.

- Ногуфтаҳои Шумо дар бораи ин касб...

- Мо ҳамеша барои банавор гирифтани филми хуб омодаем, танҳо ба мо ду чиз сахт лозим аст: филмномаи хуб ва маблағи кофӣ.


- Тавсияҳои Шумо барои онҳое, ки мехоҳанд ин касбро интихоб кунанд...

- Агар касе хоҳад вориди ин дунёи эҷодии абадӣ шавад, худшиносӣ ва ғурури миллӣ доштан, инчунин ишқи ҳақиқиву сабурии доимӣ низ доштан ҳатмист. Зеро дунёи кино - дунёи маънавиёт аст!


Шарҳи ҳол

Тоҳир Назар 15-уми марти 1988 дар ш. Ҳисор таваллуд шуда, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хондаву баъдан ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи Ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов дар риштаи тасвирӣ супорида (2004-2008) бо дипломи хуб ба анҷом расонидааст.

Сипас барои маълумоти дуюм боз ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи миллӣ дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик супорида (2009-2014) онҷоро низ бо сари баланд хатм намудааст.


Аз соли 2012 ба дунёи театр ворид шудаву дар чандин намоишномаҳо рассомӣ кардааст. Аз соли 2014 ба дунёи кино ворид шудаву то ба ҳол ҳамчун рассом-таҳиягар фаъолият дорад.


“Инҳо мактуб не, дарднома ҳастанд”. Абдурашид Самадов дар бораи 77 соли ҳаёт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед