Ru  | Tj
“Инҳо мактуб не, дарднома ҳастанд”. Абдурашид Самадов дар бораи 77 соли ҳаёт
“Инҳо мактуб не, дарднома ҳастанд”. Абдурашид Самадов дар бораи 77 соли ҳаёт
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Инҳо мактуб не, дарднома ҳастанд”. Абдурашид Самадов дар бораи 77 соли ҳаёт

Нашр шуд

Имрӯз, 20-уми январ тарҷумони шинохта, пажӯҳишгари масъалаҳои тарҷума, шарқшиноси тавоно, олими донишманду навҷӯ ва устоди соҳибтаҷрибаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдурашид Самадов ба синнӣ 77 қадам ниҳоданд. Чун соли 2021 барои эшон аз ҷиҳати эҷодӣ соли бобарор буд ва се китобашон нашр шуд, доир ба умри рафта, фаъолияти корӣ, тарҷума, устодӣ, танҳоӣ ва дардмандӣ бо эшон суҳбат намудем.

Бадиву хубии як сол


- Устод, мо чанде пеш ба соли 2021 хайру хуш кардем, лутфан, бигӯед, ки соли рафта бароятон чӣ гуна буд?

- Ҳам хуб ва ҳам бад. Бадияш дар он буд, ки ҳаррӯзам бодард ва танҳоӣ шом мешуду шомам ба ин минвол рӯз. Хубияш дар он буд, ки аз ҷиҳати корӣ бисёр соли бобарор омад ва дар як сол се китобам “Анварӣ”, “Инсони комил” ва “Гулназарнома”-ам нашр шуд. Ният дорем рӯзҳои наздик дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода китобҳоро рӯнамоӣ кунам.

- Аз соли 2021 кадом рӯз бароятон хуб буд?

- Ҳамон рӯзе, ки сӯзандорӯи чоргона мегузаронидам ва дардам нест мешуд ва ҳамон рӯзе, ки касе барои суҳбат кардан ба наздам меомад.

- Бисёриҳо аз ташвишҳои худ ба танҳоӣ паноҳ мебаранд, чаро Шумо аз он гила доред?

- Танҳоӣ фоҷеа аст. Танҳо будану танҳо зистан бисёр мушкил аст. Аз нигоҳи дигар, ман ба ин фоҷеа одат кардаам ва фикр мекунам ҳоло бисёр нозук шудаам, ки ҳатто аз камтарин садо ва муносибат асабӣ мешавам.

- Чанд вақт шуд танҳоед?

- Тақрибан 15 сол мешавад. Ва бояд бигӯям, ки боз чанд соли пеш ин гуна бемор набудам.


- Танҳоӣ ба Шумо чӣ медиҳад?

- Танҳоӣ маро маҷбур кард, ки ба кори илмӣ машғул шавам. Дар танҳоӣ мутолиаам бисёр шуд. Фурсат дод, ки дар бораи дирӯзу имрӯзу фардо андеша кунам.

- Шумо устоди Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ҳастед, ҳоло, ки беморед, чӣ иртибот доред?

- Ман ҳеҷ гоҳ робитаамро бо донишкада накандаам. Ҳоло гоҳ-гоҳ меравам ва соати ғайрифаъол дорам. Яъне ба корҳои илмӣ ва таҷрибаомӯзиҳои толибилмон кӯмак мекунам.

- Дар як рӯз чанд соат кор мекунед?

- Шояд се ё чор соат кор кунам, вале ҳамеша мехонам.

- Модоме ки пайваста мехонед, китобҳоро ба Шумо тӯҳфа мекунанд ё мехаред?

- Китобҳои худам бисёр ҳастанд ва боз ба ман соҳибкитобон китобҳояшонро тӯҳфа мекунанд?


- Газета чӣ?

- Газета ҳам мехонам. Ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон” ва “Азия - Плюс”.

- Хобравиатон чӣ гуна аст?

- Ман доруи хоб мехӯраму аз соати 22 то 2 хоб меравам. Баъдан, хеста ягон кор мекунам.

Аз “Анварӣ” то “Гулназарнома


- Идеяи чопи китоби “Анварӣ” чӣ гуна пайдо шуд?

- Нахуст бояд бигӯям, ки соли 1988 ин китоб нашр шуда буд. Пасон дар маҷаллаи “Хуросон”-и Афғонистон ҳам чоп шуда буд ва ҳамон нусхаро ман аз Афғонистон бо худ оварда будам. Фикри такмил додану нашр кардани китоб дар ин шакл тавсияи Одил Нозир буд. Китоб, ки бо ду ҳуруф аст, барои ҳуруфчинии ҳуруфи форсӣ аз сафаратхонаи Эрон ба мо кӯмак карданд.

- Шумо номзади илм ҳастед, фикр надоред, ки ҳамин китобро каме услуби илмӣ карда, ҳамчун рисолаи докторӣ пешниҳод кунед?

- Ростӣ, аз ҳамон аввал, ки ба Анварӣ ва эҷодиёташ таваҷҷуҳ кардам, ниятам кори илмӣ буд, вале баъд аз он ки мавзӯъ каме хоб рафт ва ман бо дигар корҳо банд шудам, устодам мавзӯъро ба дагар нафар дод ва ӯ қасидаҳои Анвариро ҳимоя кард. Баъдан, кору мавзӯи ман ҳамин тавр монд.

- Мегӯянд “дарвозаи адабиёт васеъ аст”...

- Мақсадатонро фаҳмидам, вале саломатиям имкон намедиҳад, ки аз сари нав ба кори илмӣ, он ҳам бошад рисолаи докторӣ машғул шавам.

- Агар саломатӣ хуб шавад, кор мекунед?

- Ман бовар надорам, вале агар мантиқан фикр кунем, рӯз аз рӯз пиртар шуда истодаам ва ҳатто назди компютер нишаста наметавонам. Бовар кунед, дар кадом вазъе бошам, дилам ба Анварӣ кашол аст.


- Китоби “Инсони комил” чӣ гуна пайдо шуд?

- Дар Донишкадаи забонҳо фонди “Оғохон” амал мекард, ки дар доираи он мо ба курси думоҳаи инсоншиносӣ ҷалб шудем. Курсро ба итмом расонидем ва ба мо гуфтанд, ки акнун таҷрибаатонро ба донишҷӯён расонед. Хуллас, фонд ду сол давом кард ва хеле корҳо кардем. Пасон Хуршед Зиёӣ, ки раиси фонд буданд, аз ман хоҳиш карданд, ки дар бораи инсони комил дар адабиёт мақола нависам. Розӣ шудам ва аз давраи қадим оғоз карда, то асри XX омадам. Ҳаҷми мақола калон буд, ки он нафар гуфтанд, то асри XV гирем кифоя аст. Он замон мақолаи ман ва чанд ҳамкори дигарам дар шакли китобча нашр шуд. Пасон боз Одил Нозир пешниҳод кард, ки ҳамин мақоларо давом диҳам ва китоб кунам. Чун мақолаҳоям дар ин мавзӯъ зиёд нашр шуда буданд, ба ҷамъ кардан пардохтам ва иловатан дар бораи 38 нафар одамони касбу кори гуногун портрет навиштаму китобро мураттаб кардем. Агар мантиқан фикр кунем, инсони комил тамом намешавад ва ҳоло ман китоби дуюмро оғоз кардам.

- Пас инсони комил кист?

- Шахсе, ки пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек дорад.

- “Гулназарнома” чӣ гуна пайдо шуд?

- Ман як қуттӣ дорам чизҳои замони гузаштаро ҷамъ мекунам. Рӯзе аз дохилаш чанд мактуби Гулназарро ёфтам. Дар копмютер ҳуруфчинӣ карда, ба рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” бурдам. Ҳамон чанд мактуб дар рӯзнома нашр шуд. Дар миён боз Одил Нозир даромад ва пешниҳод кард, ки мактубҳоро ба тартиби муайян дарорам. Ман ҳамаи мактубҳоро, ки 45 то буданд ҳуруфчинӣ кардам. Бо Гулназар хотираҳои зиёд дорам, онҳоро навиштам ва пеш аз маргаш мусоҳибае ҳам доштем, ки онро ҳам ворид кардам ва дар натиҷа ин китоб тавлид шуд.

- Ҳамин мактубнависии Шумо ва шодравон Гулназар Келдӣ чӣ гуна оғоз шуд?

- Вақте ки мо дар аскарӣ будем, ман дар Озарбойҷон будаму ӯ дар Ӯзбекистон ва аз ҳамон вақт мактубнависӣ оғоз шуд. Ман мактуб менавиштам, ӯ ҷавоб медод. Ӯ менавишт ман ҷавоб медодам.

- Дар китоб мактубҳои Шумо нестанд, оё барои дарёфти онҳо кӯшиш накардед?

- Мактубҳо дар дасти Гулназар буданд ва ростӣ намедонам, ки ӯ дар куҷо нигоҳ медошт.

Мактуб ё дард?


- Ҳоло ҳам Шумо мактуб менависед?

- Бале, ман ҳоло ба писари раҳматиям ҳамарӯза мактуб менависам.

- Мактубнависӣ ба писаратон аз кай оғоз шуд?

- Соли 2010 писарам дар синни 29-солагӣ вафот кард ва ман аз ҳамон сол ба ӯ мактуб менависам.

- Ҳаррӯз менависед?

- Кӯшиш мекунам, ки нависам.


- Мактубҳо ном доранд?

- Не, танҳо мактуб ба писарам гуфта менависам.

- Ҳаҷми мактубҳо чанд калима аст?

- Баъзе ним саҳифа ва баъзеи дигар 5-6 саҳифа.

- Бештар кадом намуди илҳом ё дард Шуморо водор мекунанд, ки нависед?

- Ин дафтари панҷумам аст ва ин аз дигар дафтарҳоям фарқкунанда мебошад. Солҳои пеш, ки дардманд набудам, мазмуни мактубҳоям гуногун буданд. Онҷо аз сиёсат ҳам мегуфтам, аз фарҳанг ҳам ва ҳатто аз вазъи иҷтисодии кишвар ҳам, вале ҳоло танҳо дар бораи фарҳангу адабиёт менависам ва аз дардҳоям. Ҳоло мактубҳоям бештар характери пессимистӣ доранд. Баъзан мегӯям, ки инҳо мактуб не, дарднома ҳастанд.


- Мактубҳоятон чӣ гуна оғоз мешаванд?

- Салом, Азизҷонам!

- Дафтарҳои қаблиатонро варақ мезанед?

- Бале, вале фикр мекунам дигар он гуна мактубҳо навишта наметавонам.

- Дар вақти зинда будани фарзандатон чунин мавзӯъҳоро бо ҳам баррасӣ мекардед?

- Ӯ бисёр донишманд буд ва бо ман дар дилхоҳ мавзӯъ метавонист суҳбат кунад. Ӯ метавонист дар бораи математика ва ҳам сиёсат суҳбат кунад.

- Мактуби охиратон дар бораи чӣ буд?

- Дирӯз духтур рафта будам ва ҳамонро муфассал навиштам.

- Ҳар сухане, ки дар мактубҳоятон менависед, ба ман ҳам гуфта метавонед?

- Бале, ҳамчунин, кам-кам аз дигар фарзандонам ба раҳматӣ шикоят мекунам.

- Ягон маротиба фикр кардед, ки дигар нанависед?

- Не, чунки нанавишта наметавонам.


- Аз зиндагӣ гила надоред?

- Не, сад фоиз розиям. Ман медонам, ки ин танҳоӣ, ин дардҳо ҳатман ҳикмате доранд.

- Саломат бошед!

- Барори кор ба Шумо.


Нафари пушти “ХИТ”-ҳо. Ёқуб Абдуллоев доир ба кору машғулияти танзимгари мусиқӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед