Ru  | Tj
Хуршеди Атовулло: “Кош, мо ҳам ҳамин гуна ҷавонӣ медоштем”
Хуршеди Атовулло: “Кош, мо ҳам ҳамин гуна ҷавонӣ медоштем”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Хуршеди Атовулло: “Кош, мо ҳам ҳамин гуна ҷавонӣ медоштем”

Нашр шуд

Чанд вақт боз мехостам бо устод Хуршеди Атовулло мусоҳиба анҷом диҳам. Бо ҳаёту фаъолият ва эҷоди устод аз рӯзи ба факултети журналистика омадан, то имрӯз то ҷойе ошноӣ пайдо кардам. Ҳамаи детективу таронаҳо, қиссаву мақолаҳои устод ва ҳатто мусоҳибаҳояшонро мутолиа кардам. Ба андешаам бисёре аз паҳлӯҳои фаъолияти эҷодиву ҳаётии устодро ҳанӯз касе пурра пайгирӣ накардааст. Ҳамчун яке аз даҳҳо шогирдони камтарини устод Хуршед Атовулло ин мақсадамро ба он кас ошкор кардам. Устод чун ҳамеша дар дафтари худ дар лаб сигор чизе менавиштанд. Хоҳиши маро фаҳмида, аз навиштан бозмонданд. Пас нафаси чуқуре кашида норозиёна гуфтанд: “Эҳ, шумо намемонед – дия. Ман ҳамин қадар бандам, ки ба сархорӣ вақт надорам”.

Баъди чанд лаҳзаи андеша, чизеро зери лаб ҳисоб карданду гуфтанд:

- Рӯзи панҷшанбе соати нӯҳ.

Ҳамин тариқ, рӯзи муайяншуда, ним соат пештар аз вақти ваъдагӣ ба утоқи устод омадам.


- Устод, дар ин сӯҳбат ба озодии вақт имкон диҳед?

- Бошад, саволҳоро гуфтан гир.

- Ташаккур устод. Чун сӯҳбати мо аз боби вақт оғоз ёфт, нахустсавол ин аст, ки имрӯз вақти Шумо чӣ гуна мегузарад?

- Рӯзҳои охир бисёр серкорам. Гоҳо фикр мекунам, ки бисту чор соат бароям нокифоя аст. Дар корхона чӣ хеле ки мебинед, пойи равуокунандагон аз утоқи ман канда намешавад. Дар хона бошад, ташвишу даводавии тӯйи фарзандам.

- Бо вуҷуди ин қадар серкорӣ Шумо ба навқаламон ва донишҷӯёни риштаи журналистика вақти дастгирӣ кардан ҳам пайдо мекунед, ҳатто ҳар сол курси ройгон ҳам ташкил карда мешавад. Самари ин заҳматҳоятонро мебинед?

- Мақсади асосии мо аз ташкили курси мактаби журналистӣ ин аст:

Якум, журналист бояд тарсуиву беҷуръатиро дар назди мансабдор гум кунад. Ӯ вазифадор нест, ки барои гирифтани иттилоъ дар назди мансабдор гардан каҷ кунад. Ҳар гоҳе агар шунавам, ки як шогирди ман дар кадом як нишаст бо саволи худ курсинишинеро дар ҳолати ногувор монондааст, лаззат мебарам.

Дуюм ин ки мо мехостем, дар жанри тадқиқоти журналистӣ мутахассис омода кунем. Чун солҳои охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ ба ин жанр зиёд гаштааст. Самараи меҳнатам ин мешавад, ки як шогирди ман аз ин мактаб ҳадди ақал ғурури журналистиро биомӯзад.

- Чаро шогирдони Шумо пас аз умеди парвоз додан, ба ҳар сӯ паррончак мешаванд?

- Аз соли 2005 то имрӯз, тасаввур кунед, агар ҳадди ақал панҷ – шаш нафарӣ шогирд тарбия карда бошем, наздики сад нафар журналист омода мешавад. Албатта, мо ҳамаи онҳоро ин ҷо бо кор таъмин карда наметавонем. Ҳамин сабаб мешавад, ки хатмкунандагони мактаби мо дар газетаву маҷаллаҳо ва радиову телевизионҳои гуногун мақоми хешро дарёбанд.

Интихоби ҷойи кор ба худи онҳо вобаста. Аммо дар худи Маркази тадқиқоти журналистӣ аз чил – панҷоҳ нафаре, ки рӯзҳои аввал меоянд, баъди гузашти шаш – ҳафт моҳ ду – се нафар мемонанд. Онҳое, ки ноумед нашуда новобаста ба мушкилии кор тоқат мекунанд ва мехоҳанд, ки фақат дар марказ кор кунанд, боқӣ мемонанд. Лекин аслан ҳадафи мо бо кадр таъмин кардани як худи марказ нест. Барои он ки, мо наметавонем ҳамаи онҳоро бо кор таъмин намоем.

Дар рафтани онҳо далели дигар маблағ аст. Масалан, нашрияи “Asia - Plus”, ки серпул аст, вақтҳои охир кормандони собиқ ва ҳатто амалкунандаи моро ба кор ҷалб кард. Парвиз Турсунзода – оператори “Asia Plus”, Баҳманёр Нодиров – муовини сармуҳаррир, Мӯсо Бобоҳоҷиев – хабарнигор, Мазҳаб Ҷумъаев, ки як муддат дар мо кор мекарду баъдан ба дигар газета рафта буд ва ҳоло дар “Asia Plus” кор мекунад.

Вақте ин шогирдон омада мегӯянд, ки мо дар фалон ҷой кор карданием, ман мегӯям, ки бигзор зиндагии хешро пеш баред. Муҳим ҳамин аст. Барои он ки мо мисли “Asia Plus” пул дода наметавонем ва он ки бачаҳо бо ин роҳ метавонанд нони бештар ба хона баранд, боиси сарфарозист.

Дар маркази мо хубиаш ин аст, ки ҳама озод аст. Дар ин ҷо амру супориш нест, мисли баъзе рӯзномаҳо ҳар саҳар пеш аз кор маҷлис нест. Кормандон худашон омада, новобаста аз вақт мавзӯъ ё супоришро талаб мекунанд ва аз пайи иҷрои он мешаванд. Аз ҳама муҳим, шогирдони мо дар кадом соҳае, дар куҷое набошанд ҳам бо як даъвати ман вақт сарф карда меоянд.

- Имрӯз баъзе расонаҳое пайдо шудаанд, ки бо грантҳо ё маблағгузориҳо фаъолият мекунанд ва бисёре аз журналистони ҷавон, аз ҷумла шогирдони Шуморо бо гонорарҳои баланд ба худ ҷалб кардаанд. Дар ин бора чӣ фикр доред?

- Бадбахтӣ ин аст, ки мо то ҳадде вобастаи шикам гаштаем, ки истифодаи дурусти грантҳоро намедонем. Масалан, бубинед, мо ягон маблағ надоштем. Ҳамаи корҳоро бо қарз сар кардем. Як соли аввал марказро таъсис додем ва баъдан газетаҳои дигарро низ созмон додем. Имрӯз мо соҳиби се газета, як оҷонсии иттилоотӣ, сайти хабарӣ ва YouTube – канал ҳастем. Ҳамаи ин бо истифода аз грантҳое пайдо шуданд, ки мо ба даст меовардем. Мо истифода мекардем ва маблағи зиёдатиро ба кори нав сарф мекардем. Аммо дар дигар нашрия ё расонаҳо ин гуна нест. Ҳар чӣ ки монд, ба шиками роҳбараш сарф мешавад. Барои ҳамин ҳам ман сад дар сад боварӣ дорам, ки он чизҳое, ки бо грантҳо сар мешаванд, агар хуб танзим нашаванд, зуд анҷом меёбанд. Ҳатто лоиҳаҳои алоҳида дар расонаҳо то тамом шудани маблағ амал мекунанд.

- Байни журналистони имрӯза ва журналистони насли шумо ва ё аз он пештар чӣ фарқият аст?

- Фикр мекунам, дар журналистони пештара масъулият, такя ба факту далел, виҷдон бештар буд. Имрӯз бо пайдо шудани интернет як нафаре, ки аз кӯчаи журналистика нагузаштаасту аз таърихи журналистика хабар надорад ва намедонад, ки Отахон Латифӣ кисту Муҳиддин Олимпур, бо гирифтани як мусоҳиба аз як фоҳишаи кӯча худро блогер эълон мекунанд. Бадбахтона мардуми мо боз ҳамин гунаҳоро пайгириву дастгирӣ менамоянд ва ин чиз онҳоро ба дарди ситораманишӣ гирифтор кардаву худро дар як муддати кӯтоҳ ситораи журналистика эълон мекунанд. Ман блогерҳоеро медонам, ки садҳо обуначӣ доранд, вале аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд. Барои ҳамин ягон чизи онҳоро ҷиддӣ қабул намекунам. Ҳаминро гуфтаниям, ки таҳлигароне, ки таҳлил карда метавонанд, онҳое, ки рисолати журналистӣ доранд, онҳое, ки журналистикаро аз як шантажист фарқ мекунанд, ангуштшумор боқӣ мондаанд, ки ин бароям бадбахтӣ аст.

- Устод, Шумо замоне дар факултети журналистика дарс мегуфтед. Имрӯз бисёр мешунавем, ки донишҷӯёни ҳамнасли моро танбалу кундфаҳм ва камсавод мегӯянд. Чун имрӯз ҳам бо донишҷӯёни факултети журналистика сарукор доред, Шумо ҳам ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунед?

- Ман ҷонибдори ин фикр нестам, ки мегӯянд, донишҷӯёни ҳозира хондан намехоҳанд ва онҳо танбаланд. Дар гузашта барои бо як корманди одии “Комсомоли Тоҷикистон” салом кардан, дар паси дар соатҳо интизор мешудем. Имрӯзҳо ин гуна нест. Дари дилхоҳ сармуҳаррир барои ҷавонон боз аст. Дар байни ҷавонони имрӯза ҳастанд онҳое, ки метавон дар оянда бо номи онҳо ифтихор намуд. Ҳастанду аммо дастгирӣ надоранд. Вазъи молии донишҷӯёни ҳозир дигар аст. Андешаи онҳо баъди курси якуму дуюм сари таъмини оила меравад. Вазифаи донишҷӯ хондан аст, вале дар мо ин гуна нест. Зеро на ҳама шароити хуб дорад. Онҳо дар фикри пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ҳастанд. Онҳо сари ин андеша ҳастанд, ки чӣ гуна ба муҳоҷират раванд, чӣ гуна зиндагии донишҷӯияшонро таъмин кунанд, фардо чӣ гуна хонадор шаванд. Воқеан, барои онҳо хеле душвор аст.


- Ҷавонӣ дар хотираҳои Шумо чӣ гуна нақш гузоштааст?

- Ҷавонии мо қурбони ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Мо, ба истилоҳ, ҷавониро надидем. Фаъолияти донишҷӯи имрӯзаро дида, ҳавас мекунам. Кошки мо ҳам ҳамин гуна ҷавонӣ медоштем. Мо зери тиру туфанг дарс рафта меомадем, мисле, ки дар Афғонистон бошем. Субҳ вақте аз хобгоҳ мебаромадем, намедонистем, ки бегоҳ бармегардем ё не. Мо ҷавониро надидем.

- Шумо гуфтед, ки озодӣ он аст, ки аз рӯи қонун амал намоӣ. Оё журналистони мо озодии қонунии худро медонанд?

- Бисёр қонунҳое ҳастанд, ки мо – журналистонро ҳимоя мекунанд. Лекин мо аз он истифода карда наметавонем. Масалан, дар кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддае ҳаст бо номи “Монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналистӣ”. Дар давоми фаъолияти журналистӣ ба ғайр аз Зафар Абдуллоев ягон рӯзоманигореро надидам, ки аз рӯи ҳамин модда аз болои касе даъво карда бошад.

Қонунҳо моро ҳимоя мекунанд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масулияти моро муайян кардаанд, вале худи мо журналистон амал намекунем.

- Устод, Шумо дар як мусоҳибаатон аз сахттарин таҳдид ва сензурае, ки дар тӯли фаъолияти хеш дидаед, ёдовар шудаед. Лекин сабабашро мушаххас нагуфтаед.

- Соли 2010 собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Шералӣ тамоми воситаҳои ахбори оммаи хусусиро душман эълон кард ва ҳатто гуфт, ки инҳо ҳамкори террористон ҳастанд. Ин чизро дар телевизиони “Тоҷикистон” ҳам намоиш доданд. Баъди ин нашрияҳоро пайиҳам маҳкам карданд. Мо муддати чор – панҷ моҳ аз думи мақомот давидем, то онҳо бовар кунанд, ки мо ҳамкори террористон нестем. Ҳамаи ин танҳо барои як саволи мо буд. Як нафар масъули Вазорати мудофиа дар шарҳи ҳодисаҳои ҳамон сол рухдода гуфта буд, ки “мо аз тобистон медонистем, ки дар дараи Камароб як гурӯҳи террористӣ маскан гирифтааст”.

Дар он воқеа 28 нафар ҷавононе, ки муҳлати хизматашон тамом шуда буд, вале ба амалиёт сафарбар шуда, дар рафти задухӯрдҳо ба ҳалокат расиданд. Мо ба мақомот чунин савол додем, ки “хуни ин 28 нафар ба гардани кист? Дар ҳоле, ки шумо аз тобистон медонистед, он ҷо гурӯҳҳои террористӣ ҳастанд ва метавонистед гурӯҳҳои махсусро ба он ҷо сафарбар кунед, чаро накардед?”

Баъди ин онҳо дар муқобили мо истод шуданд ва мо фаҳмидем, ки пурсуҷӯи ҳақиқат, амали некеро анҷом додан, хуни навҷавонони ғӯрамаргро пурсидан, гуноҳ будааст. Ман аз ин зиёд таҳдид ва сензураи сахтро надида будам.

- Шояд ҳар як хонандаи навиштаҳоятон ба хулосае меояд, ки Шумо фақат ғаму дарду хиёнату танҳоӣ ва умуман мавзӯҳои пессимистиро рӯи қоғаз меоред. Чаро?

- Шояд барои он ки бо хислатҳои манфӣ бештар рӯбарӯ шудам.

- Воқеан, устод чаро Шумо гуфтед, ки “Зиндагиамро бо се вожа ҷамъбаст намудам: танҳоӣ, орзу, марг!”?

- Барои он ки бо ҳамон хислатҳои манфӣ вақте ки рӯбарӯ мешавӣ, мефаҳмӣ, ки ту воқеан танҳоӣ ва ҳама орзуҳое, ки дорӣ, дар ин гуна ҷомеа амалӣ намешаванд. Дар ин ҳолат ба ҷуз марг дигар чӣ мехоҳӣ...

- Устод, Шумо эҷод мекунед. Ҳама тарона, қисса, мақола ва детективҳоятонро бо шавқ мехонанд. Боре фикр накардед, ки роман ё ягон асари калонҳаҷм нависед?

- Бале, ҳатто як маротиба кӯшиш ҳам карда будам. Вале вақт пайдо накардам. Агар вақт медоштам, шояд то ин дам кори номзадиямро ҳимоя мекардам. Дами пирӣ агар аз ин ҳама фориғ шавам, шояд ба навиштани асари калонҳаҷм пардозам.

- Дар оғози ҳар як детективатон ҷумлаи “Мувофиқ омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахсони воқеӣ тасодуфӣ аст. Сужаҳо бофтаи тахайюлоти муаллиф ҳастанд” меояд. Аммо борҳо шудааст, мо - шогирдонатон баъди хондани ҳар як детектив қаҳрамонҳои онро ба баъзе шахсони алоҳида, махсусан, ҳаёти қаҳрамони асосиро ба Шумо шабоҳат диҳем. Ин ҷо чӣ сирре ҳаст?

- Гап сари он ки он чизе, ки ёдовар шудед, – мувофиқ омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахсиятҳои алоҳида тасодуфӣ асту воқеаҳо бофтаи тахайюлоти муаллифанд, - ин як навъ ҷонхариди ман. Ин ҷумла чанд бор ҷони маро харидааст. Вақте даъво пеш оварданд, гуфтам, ки “охир ман пешакӣ огоҳ кардаам, ки ҳамаашро бофтаам, ин чизи воқеӣ нест”.

Вале дар асл ҳамаи онҳо натиҷаи ҳамон тадқиқотҳо, ҷанҷолҳо, судбозиҳо ҳастанд, ки мо натавонистем ҳарфи диламонро дар қолаби тадқиқоти журналистӣ гӯем. Аз ин рӯ, онро ба қолаби детектив ҷо кардем.

- Устод, дар ҳар навиштаи Шумо мақоми баланди ишқро эҳсос кардан мумкин аст. Чаро?

- Ишқ бузургтарин омили зиндагисоз аст. Яъне вақте ки ошиқ мешавӣ, ҳамин ишқ туро водор мекунад, ки ақаллан дар пеши ҳамон шахси дӯстдошта худро беҳтар нишон диҳӣ, худро хушбахттару муваффақтар нишон диҳӣ, ҳатто қуллаҳои як замоне бароят дастнорасро ҳам фатҳ намоӣ. Яъне, аз мушкилиҳо наметарсӣ. Ишқ воқеан омили зиндагисоз аст.

- Хиёнат чист?

- Хиёнат ин чизест, ки ман қариб ҳар рӯз рӯбарӯ мешавам.

- Аз кӣ?

- Аз ҳама: аз баъзе дӯстон, аз баъзе дӯстдорон, аз баъзе ҳамкасбон. Барои ман хиёнаткориро дидан дигар ягон ҷойи ҳайрат надорад. Ман аллакай медонам, ки барои чӣ ин корро мекунанд.

- Хиёнатро мебахшед?

- Аслан хиёнатро ҳеҷ вақт намебахшам. Агарчи лаҳзае аз гуноҳи кардаи ин ё он нафар гузарам, ин ҳам муваққатӣ аст. Доғи ҳамон хиёнат дар дил мемонад.


- Танҳоӣ чист?

- Танҳоӣ ганҷе ҳаст, ки ман то ҳол наметавонам онро пайдо кунам. Ана, худи Шумо шоҳидед, ки маро як лаҳза танҳо намегузоранд. Танҳоӣ чизе ҳаст, ки касе онро орзу мекунад, касе аз он безор аст ё нафари дигар аз он хаста шудааст. Ман фикр мекунам, танҳоӣ бузургтарин ганҷ аст, зеро инсон дар ин ҳолат худ бо худ мемонад.

- Сигору шароб барои Шумо чистанд?

- Воқеан, сигор ва шароб бароям ҳамсӯҳбатоне ҳастанд, ки аз навад фисади ҳамсӯҳбатони имрӯза беҳтаранд. Ба онҳо дарди диламро гуфта метавонам, лекин ба ин мардум не.

- Оё боре талоши мансаб кардаед?

- Медонед, вақте сардабири “Фараж” будаму Зафар Абдуллоев пешниҳод кард, ки “Фараж” – ро дигар ба ихтиёри марказ супорем, зид будам, вале илоҷи дигаре надоштам. Ман ҳеҷ гоҳ намехостам шахси якум шавам. Шахси якум ҳама вақт мушкилаш бештар аст. Ҳама санге, ки мезананд, аввал ба сари вай мерасад. Вале бо гузашти вақт ҳамин хел шуд, ки дигар аз он чизе, ки мегурехтам, ба сари худам омад. Ин аз ночорӣ буд.

- Дар сутунҳое, ки дар “Фараж” менависед, оҳанги танқиди мансабдорон бараъло эҳсос мешавад. Боре шудааст, ки ҳангоми рӯбарӯ шудан бо мансабдоре хиҷолат кашида бошед?

- Бале, вақте колонкаи “Дилзанак” – ро навиштам, он ҷо ҷумлае буд, “...баъзе нафарон ҳатто ба шуъбаи эҳёи дил муроҷиат кардаанд”, намедонистам, ки ба он ҷо воқеан шаш – ҳафт нафар бистарӣ шудаанд. Вақте инро фаҳмидаму бо ҳамон нафарони гирифтори бемории дилшуда, баъд аз мансаб рафтанашон рӯбарӯ шудам, як эҳсоси хиҷолатзадагиро дар худ ҳис кардам, ки гӯё ман ин ҳолати онҳоро масхара кардаам.

Дигар ин ки мавзӯҳои ин колонка хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Бисёриҳо мехонанд ва тахмин мезананд, ки ин хоҳад шуд, он хоҳад рафт ва яки дигар хоҳад омад ва баъзан вақт ҳайрон ҳам мешаванд, ки он чизе, ки ман навиштаму дар хаёли касе набуд, тасдиқ мешавад...

- Баъзе навиштаҳои Шумо, аз ҷумла номанависӣ бо устод Абдулвоҳиди Зевар ба шакли пӯшида бисёр проблемаҳоро баррасӣ мекунанд. Боре шудааст, ки барои ин усули инъикос аз ҷойе вокуниш гирифта бошед?

- Хонандаҳои номанигории ману Абдулвоҳид хеле зиёданд. Худи Абдулвоҳид як нафар шоир аст, шоире, ки диди воқеӣ дорад. Нома навиштан ба вай маро як навъ сабук мекунад. Ин номаро мо аслан барои холӣ кардани дили худ менависем. Ин ки касе барои он вокуниш медиҳад ё не, муҳим нест. Ман чанд бор шоҳид будам, ки гуфтугӯи моро бисёриҳо бо шавқ мехонанд ва ҳатто агар мо нанавистем, мепурсанд, ки чаро дигар наменависед. Вале мо ба шакли дигар ин номанависиро давом доданӣ ҳастем.

- Дар он шабу рӯзи даргириҳои марзӣ бисёриҳо аз сустии фаъолияти аксари нашрияҳои даврии кишвар ва сомонаҳои онҳо, аз ҷумла “Фараж” дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят карданд. Воқеан ҳам, чаро он рӯзҳо нашрия ва сомонаи он фаврият надошт?

- Хато накунам ҳанӯз шаш – ҳафт сол пеш ман хатари ана ҳамин холӣ будани фазои иттилоотии Тоҷикистонро дар ҳамин гуна ҳолатҳо ҳис карда будам ва сабаби аввал дар шакли сайт ва баъдан оҷонсии иттилоотӣ таъсис додани “Sughdnews” ҳам ҳамин буд. Ман ба ҳамаи раҳбарони пешинаю имрӯзаи вилояти Суғд фаҳмонидам, ки ҳамин гуна як оҷонсии мустақил бояд бошад, ки дар ҳолати зарурӣ аз мавқеи Тоҷикистон ҳимоя карда тавонад. Хушбахтона, онҳо фаҳмиданд ва дар идома мо на танҳо бахши русӣ, балки бахши англисии онро ҳам таъсис додем.

Ҳоло мо ният дорем, ки барои фаҳмонидани ҳақиқати ҳол ба мардуми Қирғизистон ба ҳар роҳе набошад, бахши қирғизии “Sughdnews” – ро фаъол кунем. Чун дар он шабу рӯз оҷонсӣ фаъол буд, матолиберо, ки дар “Самак” ё “Фараж” менавистем, ғайри ману шумо дигар ҳеҷ кас намехонд. Барои ҳамин ҳам кӯшиш кардем, ки аз байни расонаҳои мо “Sughdnews” бештар фаъол бошад. Мо бо нашри хабар бо забонҳои дигар метавонем ба дигарон нишон диҳем, ки Тоҷикистон дар кадом мавқеъ қарор дорад.

Ин ки нашрияҳои чопии мо фаъол набуданд, сабаби дигар ҳам дошт. Дар мо, бадбахтона, мақомоти дахлдор мисли мақомотҳои Қирғизистон фаъол нестанд, ки ҳар сония аз қадамҳои мондаашон, аз натиҷаи нишастҳо ҳисобот диҳанд ва чун манбаи расмӣ нест, мо наметавонистем, аз пеши худ чизе нависем.


- Медонем, ки дар ҷодаи журналистика аз ҳамаи устодон дида, бештар нақши устод Иброҳим Усмоновро зикр кардаед. Боз чӣ чизеро аз саҳми устод дар фаъолияти худ ногуфта мондаед?

- Воқеан ҳам нақши устод Иброҳим Усмонов дар ҳаёти ман ногуфтанӣ ҳаст. Бале, ман чор нақши устодро зикр карда будам ва ҳоло ин шахсият нақши панҷумро дар зиндагиям гузошта истодаанд. Устод маҷбур карда истодаанд, ки ҳарчи зудтар рисолаи номзадиямро ҳимоя кунам.

Худо умрашонро дароз кунад!

- Чӣ пандеро аз қиблагоҳ шиори зиндагии хеш кардаед?

- Падарам шоир буданд. Дар водии Зарафшон он касро аз ман бештар мешиносанд. Гоҳо бо шӯхӣ ба падар мегуфтам “дада, шеърҳои Шумо бисёр омиёна”. Бо табассум ҷавоб медоданд, ки “ба ҳар ҳол шеъри маро мардум бисёртар мехонанд аз он чизе, ки ту менависӣ”.

Махсусан, яке аз шеърҳояшон вирди забони сарояндагони водии Зарафшон буд:

Баъди сари ман, эй писар,

Нола макун ҷони падар.

Ту бар сари қабрам саҳар,

Як фотиҳа хону гузар.

Дар ҳамин шеър чор мисрае ҳаст, ки мегӯянд:

Худро зи ҳад боло магир,

Дасти ятимонро бигир.

Дониста бош, эй гулписар

Ҳоли баде дорад сағир.

Ман кӯшиш мекунам ҳама вақт аз рӯи ҳамин чор мисраи охирон бештар амал намоям. Касе агар афтодаву муҳтоҷ бошад, аз рӯи насиҳати падар то ҷойе метавонам, кӯмак мекунам.

- Боре дар бораи ояндаи нашрия, Маркази тадқиқоти журналистӣ, сомона фикр кардаед?

- Оянда ба ояндаҳо вобаста аст. Муҳимтарин коре, ки бояд марказ иҷро кунад, ин аст, ки бо равандҳои нави журналистикаи муосир мутобиқ шавад. Яъне акнун диққати асосӣ на ба нашрияҳои чопӣ, балки ба нашрияҳои электрониву гузоришҳои тасвирӣ ва YouTube бояд равона шавад. Дар ин роҳ мо аллакай корро оғоз кардем. Ман намедонам баъди ман кӣ ба сари кор меояд, вале пеш аз он ки ба сари кор биёяд, ман ҳатман ба ӯ мегӯям, ки ҳамраҳи замона бояд қадам зад, то қафо намонад.

- Як фарзанди Шумо ҳоло дар факултети журналистика таҳсил карда истодааст. Мешавад гуфт, ки ӯ дар оянда кори Шуморо идома медиҳад?

- Намедонам, Додварз он қадар муҳаббате ба журналистика надорад, ки ман дорам. Баъзан вақт мегӯяд, ки “танҳо ба хотири он ки Шумо маро маҷбур карда гуфтед, ки бояд як нафар касби маро идома диҳад, ман ба факултети журналистика дохил шудам”.

Фарзанди калониям ҳам ҳамин хел. Ман онҳоро мефаҳмам. Ҳардуи онҳо фосилаи умрашон ду сол аст. Шояд онҳо азобҳои маро дида, дилашон аз ин касб хунук шудааст. Он ҳолатҳоеро диданд, ки ман панҷ маротиба ҷарроҳӣ шудам, панҷ маротиба шатта хӯрдам, се маротиба сактаи қалб гирифтам.

Фикр мекунам, ҳамин чизҳо онҳоро аз ин касб дилхунук кардааст. Вале фарзанди хурдиям - медонам, ки бисёр хислатҳояш, рафтораш, ҳатто бархӯрдаш хеле ба ман монанд аст. Ӯ Оламафрӯз ном дорад ва ҳоло даҳ сола аст, аммо намедонам, то чӣ андоза ба журналистика шавқ дошта бошад, чароки ҳанӯз хурд мебошад. Ӯ дар синни ҳаштсолагияш маҷбур кард, ки китобашро чоп кунам. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, вақте ба ӯ гуфтам: “Охир ту ҳоло хурдӣ. Барои китоб чоп карданат хеле вақт ҳаст”, ӯ дарҳол ҷавоб дода буд, ки: “Падар, ту панҷ китоб чоп кардӣ. Барои ҳамин дар як оила ду нависанда намеғунҷад. Ту нависандаи пир намехоҳӣ, ки нависандаи ҷавон парвоз кунад”.

Ман гумон мекунам, ки агар он ду нафар ин пайраҳаро давом надиҳанд, Оламафрӯз ҳатман давом медиҳад.

- Ташаккури зиёд, устод, барои сӯҳбати васеъ ва берун аз вақти таъйиншуда!

- Саломат бошед! Муваффақият ёри ҳамешагиятон бод!



Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед