Ru  | Tj
«Корро хомӯшона анҷом деҳ». Таърихи аъмоли неки ширинкори бадахшонӣ - Шовайс
«Корро хомӯшона анҷом деҳ». Таърихи аъмоли неки ширинкори бадахшонӣ - Шовайс
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Корро хомӯшона анҷом деҳ». Таърихи аъмоли неки ширинкори бадахшонӣ - Шовайс

Нашр шуд

Бадахшон дар ҳама давру замон минтақаи тамошобоби Тоҷикистон буд. Кӯҳҳои боҳашамат, зимистони қаҳратун ва табиати зебо ҳар сол садҳо ҳазор сайёҳонро ҷалб мекунад. Аммо, тавре маълум аст, ин сарзамин пеш аз ҳама бо мардумонаш тафовут дорад, чун мардумони ин ҷо ниҳоят меҳрубон, кушодадил ва самимӣ ҳастанд. Мо тасмим гирифтем, ки хонандагони худро бо яке аз чунин ашхос шинос кунем.

Мақсуд Ғаёсов - суратгир аз Хоруғ. Зиёда аз 19 сол аст, ки волонтиёр мебошад. Ӯ иқдомҳои ҷамъиятӣ ташкил карда, ба халқи худ кӯмак мерасонад. Ду соли охир қаҳрамони тахайюлӣ Шовайс - қаҳрамони Инстаграм бо корҳои хайри хеш ба мардум кӯмак мерасонад.


- Лутфан бигӯед, ки кай барои кушодани саҳифа дар Instagram тасмим гирифтед?

- Соли 2018. Аввал дар Instagram аксҳои Помир ва қиссаҳои сокинони маҳаллиро мегузоштам. Яъне ин як рафтори журналистӣ буд. Баъдан имконияти гузоштани навор ба вуҷуд омад. Тамоми эҷодиётам хусусияти оммавӣ дошт. Ман бештар дар бораи фарҳанг, анъана ва зиндагии ҷомеа нақл мекардам. Соли 2020 дар тренинги блогери тоҷик Рафаэл Гулов иштирок карда ва фаҳмидам, ки ин шуғли ояндадор аст.

- Шовайс дар ҳаёти шумо чӣ тавр пайдо шуд?

- Дар аввал Шовайс қаҳрамони оилавӣ буд. Бо фарзандонам вақтгузарониро хеле зиёд дӯст медорам. Боре бо ниқобҳо дар «Snapchat» ҳазлбозӣ мекардем ва воситаеро пайдо кардем, ки аз ҳама бештар ба фарзандонам хурсандӣ мебахшид. Ҳамин тавр, ӯ маҳбуби мо гардид.

Боре фикри ташкили гурӯҳи волонтёрон дар Москва пайдо шуд, яъне зарурати ҷалби тамошобинони Москва пеш омад. То ин вақт, дар саҳифаи худ чанд нафар обуначиёни хушмуомила пайдо карда будам, ки ҳама гуна фаъолиятамро дастгирӣ намуда, интизори пахши мустақим мемонданд. Мо аксар вақт бо онҳо мушкилоти гуногуни иҷтимоиро муҳокима карда, роҳҳои ҳалли онро меҷӯстем. Дар ин маврид баъзан семинарҳо мегузаронидем. Аммо ин дафъа масъала ҷиддитар буд, зеро бояд одамони зиёд ҷамъ меовардем. Тасмим гирифтам, ки ҷаҳониёнро бо Шовайс шинос кунам, яъне мехостам нишон диҳам, ки мардуми мо то чӣ андоза зиндадил ва тавоно ҳастанд.


Баромади аввалини Шовайс комилан бомуваффақият буд! Хонандагон қаҳрамонро қабул карда ва ба ӯ дил бастанд. Ҳамин тариқ латифаҳои ӯ дар шабакаҳо паҳн гардид. Дар муддати кӯтоҳ 25000 обуначӣ пайдо кардем ва тавонистем дар Москва гурӯҳи волонтёрони иборат аз 70 нафарро ҷамъ оварем ва ба ин тариқ диққати ҳамватанони худро дар саросари ҷаҳон (аз Амрико то Австралия) ҷалб намудем.

- Дар саҳифаи худ Шумо худро ширинкор Шовайс муаррифӣ мекунед, ки ӯ ба ҳолатҳои мухталифи ҷолиб рӯ ба рӯ мешавад. Барои мо аҷиб аст, ки шумо берун аз блог кӣ ҳастед?

- Қаблан чунин буд. Бисёриҳо фикр мекарданд, ки номи ман Шовайс аст ва ман масхарабоз ҳастам. Кӯдаконе, ки маро дар кӯча медиданд, бо овози баланд «Шовааааайс» садо мекарданд, акс мегирифтанд ва латифаҳо нақл мекарданд. Баъдан лоиҳаи дигаре пайдо шуд, ки дар он ман масалҳо мегӯям ё шеърҳоямро мехонам. Тамошобинон онро низ хуб қабул карданд ва дӯст доштанд. Бисёриҳо ҳатто ба ҳайрат омада буданд.

Вақте ки обуначиёни нав бори аввал ба саҳифаи ман ворид мешаванд, фикр мекунанд, ки дар он ҷо ҳикояҳои хандаовар нақл мекунем, вале дар асл онҳо ба муҳокимаронии мушкилиҳои иҷтимоии муҳим ҳамроҳ мешаванд. Мо на танҳо муҳокима мекунем, балки муаммоҳоро ҳал менамоем. Бинобар ин, Шовайс – ин шаст ва ман соҳиби он ҳастам.

- Ба андешаи Шумо блогер ин касб аст?

- Дар гумон аст, ки ин касб бошад. Имрӯз, ҳар яки мо метавонем блогер шавем. Шахсан ман меъёрҳо ва маслиҳатҳоеро, ки блогерҳо барои муваффақ шудан фикр карда баромадаанд, риоя намекунам. Рости гап, ман ҳатто касеро намешиносам ва касеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намекунам. Ман манфиатҳои фардии худро дорам. Ман саҳифаи худро бо хоҳиши дилам пеш мебарам: яъне ман стратегия, муваффақият ва хатоҳои худро дорам.


- Наздиконатон ба фаъолияти Шумо чӣ тавр муносибат мекунанд?

- Наздикони ман аз ман хеле нигарон ҳастанд. Ман дигар кӯдак нестам ва худам соҳиби фарзандон мебошам. Ба андешаи аҳли оилаам, ин кор даромаде надорад ва бо он хӯронидани оила ғайриимкон аст. Аммо ман исбот кардам, ки на танҳо онҳоро таъмин карда метавонам, балки ба дигарон низ кӯмак расонида метавонам.

- Ин саҳифа ба зиндагии шумо чӣ гуна таъсир расонид?

- Пеш аз ҳама, он ба ман имконият дод, ки ба дигарон кӯмак расонам ва зиндагии онҳоро беҳтар гардонам. Ба туфайли он, ман ҳар рӯз такмил ёфта истодаам ва ҳамеша дар хидмати халқи худ ҳастам. Умуман, блог оммавӣ аст ва ман боварӣ дорам, ки он танҳо ба ман таъсир нарасонид. Бисёре аз обуначиён нуқтаи назари худро иваз карданд ва ба мушкилоти ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекардагӣ шуданд.

- Дар тӯли мавҷудияти блог чӣ гуна ёрӣ расонда тавонистед?

- Мо як принсипи муқаддаси фаъолияти волонтёрӣ дорем, ки аз Пешвои маънавиамон омадааст ва он чунин аст: «WORK NO WORD» («Кор бидуни сухан»), яъне «корро хомӯшона анҷом деҳ». Аз ин рӯ, мо дар бораи аъмоли худ нақл намекунем. Ман танҳо самтҳоро номбар карда метавонам: мо аксар вақт барои табобати беморон пул ҷамъ мекунем. Дар моҳи март, дар тӯли як моҳ, ба туфайли пахши мустақим ва обуначиёнамон тавонистем 8 миллион сомонӣ ҷамъ оварем.

Ҳамаи ин ба шарофати одамони ғамхор ба даст омад. Якҷо бо онҳо ҳалли муаммоҳоро пайдо карда ва ҳам ба халқ якҷоя кӯмак мерасонем.



"Вектор дар масири сабз". Аниса Абибуллоева дар бораи фаъолияти экологӣ, одатҳои фоиданок ва партовҳо


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(98) "5 китобе, ки оқилона сармоягузорӣ карданро меомӯзонад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10468"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6981"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(77) "/tj/articles/education/5_kitobe_ki_okilona_sarmoyaguzori_kardanro_meomuzonad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3362"
  ["CODE"]=>
  string(53) "5_kitobe_ki_okilona_sarmoyaguzori_kardanro_meomuzonad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3362"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

5 китобе, ки оқилона сармоягузорӣ карданро меомӯзонад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(163) "«Ҷаҳони худ хуррамтар аст». Дар Тоҷикистон инста-шоуи нави ҳаҷвӣ маъруфият пайдо мекунад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10392"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(110) "/tj/articles/education/_a_oni_khud_khurramtar_ast_dar_to_ikiston_insta_shoui_navi_a_v_marufiyat_paydo_mekunad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3338"
  ["CODE"]=>
  string(86) "_a_oni_khud_khurramtar_ast_dar_to_ikiston_insta_shoui_navi_a_v_marufiyat_paydo_mekunad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3338"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

«Ҷаҳони худ хуррамтар аст». Дар Тоҷикистон инста-шоуи нави ҳаҷвӣ маъруфият пайдо мекунад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(185) ""Вектор дар масири сабз". Аниса Абибуллоева дар бораи фаъолияти экологӣ, одатҳои фоиданок ва партовҳо"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10301"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(115) "/tj/articles/talk/vektor_dar_masiri_sabz_anisa_abibulloeva_dar_borai_faoliyati_ekolog_odat_oi_foidanok_va_partov_o/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3307"
  ["CODE"]=>
  string(96) "vektor_dar_masiri_sabz_anisa_abibulloeva_dar_borai_faoliyati_ekolog_odat_oi_foidanok_va_partov_o"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3307"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

"Вектор дар масири сабз". Аниса Абибуллоева дар бораи фаъолияти экологӣ, одатҳои фоиданок ва партовҳо

Другие новости