Ru  | Tj
"Вектор дар масири сабз". Аниса Абибуллоева дар бораи фаъолияти экологӣ, одатҳои фоиданок ва партовҳо
"Вектор дар масири сабз". Аниса Абибуллоева дар бораи фаъолияти экологӣ, одатҳои фоиданок ва партовҳо
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

"Вектор дар масири сабз". Аниса Абибуллоева дар бораи фаъолияти экологӣ, одатҳои фоиданок ва партовҳо

Нашр шуд

Инсоният дар назди мушкилотҳои экологӣ хеле осебпазир аст. Ҳар рӯз одамон дар саросари ҷаҳон бо "нуқсонҳо"-и табиӣ, офатҳо ё фалокатҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Вақте офатҳо хусусияти маҳаллӣ доранд, хисороти ношӣ аз он на ба ҳама маълум мегардад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки шароити зиндагии боҳаловати мо метавонад дар як сония куллан тағир ёбад. Хеле зарур ва муҳим аст, ки инро саривақт фаҳмида, дуруст амал кунем.

Аниса Абибуллоева аз зумраи онҳоест, ки ба муҳити атроф ғамхорона муносибат мекунад ва кӯшиш менамояд, ки ба мардуми Тоҷикистон муҳаббат ба табиатро талқин кунад. Дар мусоҳиба бо halva.tj Аниса дар бораи чӣ тавр амалӣ гардонидани ин кор нақл кард.

- Аниса, "роҳи сабз"-и Шумо аз чӣ оғоз гардид?

- То дохил шудан ба донишгоҳ ман умуман бо мафҳуми истеъмоли солим ошно набудам. Ман ҳеҷ гоҳ дар мавриди муҳим будани идоракунии партовҳо, зарари пластик ба муҳити атроф, тағирёбии иқлим ва таъсири гармшавии глобалӣ ба ҳаёти инсон фикр намекардам. Дар ин бора ягон хел маълумот надоштам, яъне саводи экологӣ надоштам, ва хеле афсӯс мехӯрам, ки ин қадар фурсатро аз даст додам. Албатта, ман дарҳол эколог нашудам. Соли аввали омӯзиш, ман дар танҳо бо мушкилоти муҳити атроф ошно гаштам ва танҳо дар соли сеюм баъзе чизҳоро дарк мекардагӣ шудам. Яъне, ҳамааш аз маърифатнокӣ оғоз ёфт.


- Кадом муаммоҳои асосии экологиро дар Тоҷикистон номбар кардан мумкин аст?

- Тахассуси ман асосан идоракунии партовҳо мебошад. Се сол аст, ки ман дар атрофи ин мавзӯъ кор мекунам. Минтақаи мо асосан кӯҳӣ аст, ки дар он ҷои барои зиндагӣ мувофиқ чандон зиёд нест. Дар баробари ин, дар кишвари мо майдонҳои калони пур аз партовҳо мавҷуданд, ки қариб ки тамоман коркард карда намешаванд. Ба ин муаммо диққати кам медиҳанд, маблағи ночиз ҷудо карда мешавад.

 Аммо, агар ба таври умумӣ арзёбӣ кунем, махсусан гармшавии глобалӣ ва тағирёбии иқлимро омили устувор ҳисобидан мумкин аст. Ин мушкилот сабаби афзудани хатари ба амал омадани офатҳои табиӣ мегардад. Мо, ҳамчун як кишвари рӯ ба тараққӣ, наметавонем дар самти сабук кардани оқибатҳои тағирёбии иқлим чораҳои қатъӣ андешем. Ягона коре, ки мо карда метавонем, ин мутобиқ шудан аст. Атрофи ин мавзӯъ низ ман бисёр кор мекунам. Ин аст мушкилоти имрӯзаи мо.

- Муносибати худро ба экология он замон ва айни ҳол чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ҳар қадаре ки дониши бештар мегирам, ҳамон қадар жарфтар дарки ин мушкилот даст медиҳад. Ман як расми комилро мебинам ва дарк мекунам, ки ин ҳама оддӣ нест. Равандҳо мураккабанд ва онҳо бояд ба таври комплексӣ ҳал карда шаванд. Бо вуҷуди ин, хурсандиовар аст, ки ман сол аз сол таҷриба андӯхта, ба мушкилот дуруст эътино мекунам ва аз ин рӯ, ҳалли самараноки муамморо интихоб карда метавонам.

- Мехостем фаҳмем, ки шахсан Шумо барои беҳбудии экология чӣ кор кардед?

- Ман кӯшиш мекунам, ки бештар бо тарзи солим ва бо риояи қоидаҳои тозагии экологӣ зиндагӣ кунам: ман дигар гӯшт истеъмол намекунам, умуман, истеъмоли хӯроки аз гӯшти ҳайвонот пухташударо кам кардам, инчунин аз истифодаи косметикае, ки дар ҳайвонот озмоиш карда мешавад, даст кашидам, ва аз ҳама муҳимаш, тавассути лоиҳаҳо ва блоги худ маълумоти экологиро паҳн мекунам. Албатта, ҳоло ягон амали бузург анҷом надодаам, аммо ба назари ман, ҳама чиз аз бохабарӣ ё саводнокии иттилоотӣ сар мешавад. Сатҳи саводнокии иттилоотии мардум паст аст ва онҳо ба тағиротҳои ҷиддӣ омода нестанд, бинобар ин, ҳама чиз бояд тадриҷан иҷро карда шавад.

Ман як лоиҳа дорам бо номи «Иттиҳоди сабз». Имсол ман донишгоҳро хатм мекунам ва ният дорам ин дастранҷи худро ба насли оянда супорам. Дар доираи ин лоиҳа, мо се китоб дар бораи ҳифзи муҳити атроф ба табъ расонидем. Ин дастур барои кӯдакон аст, ки ба таълими ибтидоии экологии онҳо нигаронида шудааст.


- Чанд сол аст, ки бо блогерӣ машғулед?

- Тақрибан ним сол мешавад. Ман дер боз кӯшиш мекардам, ки ба ин кор шурӯъ кунам, аммо фурсат намешуд. Ва инак имконият пайдо шуд, ки бо ин кор ҷиддӣ машғул шавам. Хонандагони ман хеле мусбианд - обуначиён аксар вақт паёмҳои хушу илҳомбахш менависанд. Албатта, ҷиҳатҳои манфӣ ҳам ҳаст, вале ниҳоят кам. Ва ман паси сар кардани онҳоро ёд гирифтам. Ман бо кори худ зиндаам, аниқтараш «бемор ё гирифтори» кори худ ҳастам. Бинобар ин, барои ман ҳама чиз осон аст. Вақте мебинам, ки рафтори одамон дигар мешавад ва чашмони онҳо дурахшон мешаванд, ман дарк мекунам, ки корҳое, ки мо бо дигар фаъолони экология анҷом медиҳем, беҳуда нест. Ин моро барои идома додани фаъолиятамон ҳавасманд ва рӯҳбаланд мегардонад.

- Ба назари Шумо, чаро мо бояд ба «тарафи сабз» гузарем?

- Бояд бигӯям, ки ин савол барои ман хеле аҷиб аст. Мо ҷузъи муҳити табиат ҳастем, ки бидуни он вуҷуд доштан ғайриимкон аст. Муҳити атроф бе мо як навъ вуҷуд дошта метавонад, аммо мо бе он наметавонем. Ҳама он чизе, ки мо дорем ба шарофати муҳити атроф аст: хӯрдан, нӯшидан, мавҷуд будан. Пас чаро бо рафтору одатҳои бад ба худамон зарар расонем? Ин вазифаи ҳар як шахс аст. Мо ба туфайли он, ки муҳити атроф мавҷудияти моро дастгирӣ мекунад, зиндагӣ мекунем, пас вазифадорем, ки муҳити атрофро дастгирӣ кунем. Албатта, ҳеҷ кас идеалӣ буда наметавонад, вале мувозинатро бояд нигоҳ дошт. Чаро мо ба ивази он неъматҳое, ки муҳити атроф ба мо додааст, ҳамчун миннатдорӣ чизе надиҳем?


- Ин корро чӣ гуна анҷом додан мумкин аст?

- Хеле оддӣ. Бояд аввал аз худ сар кунем. Умуман, инвайронментализм – ин гузариш ба ҷониби дӯстӣ бо экология аст. Албатта, тарк кардани одатҳо душвор ва барои ин вақт лозим аст.

Бояд аз истеъмоли бомасъулиятона дар оила сар кунем: оби ошомидании шишагӣ нахаред, ба мағоза бо худ халтаҳои махсус баред, ба ҷои стаконҳои пластмассин барои қаҳва аз термос истифода баред.

Маслиҳатҳои дигари муфидро ман дар саҳифаи худ дар Instagram ҷой додаам.

Пас аз муддате, корҳои иҷро кардаатонро ҳатман қадр хоҳед кард. Шумо, ки сар кардед, аз пас наздикону дӯстонатон низ оғоз менамоянд.

Барои ояндаи сайёра ҳаёти солим, безарар ва фоиданок баред!



Ораш Алоӣ: "Каронавирус аз байн намеравад..."

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед