Ru  | Tj
Меъёр, талабот, рисолат ва имтиёзҳо. Ровии радио кист ва чӣ гуна кор мекунад?
Меъёр, талабот, рисолат ва имтиёзҳо. Ровии радио кист ва чӣ гуна кор мекунад?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Меъёр, талабот, рисолат ва имтиёзҳо. Ровии радио кист ва чӣ гуна кор мекунад?

Нашр шуд

Ҳоло гӯяндагӣ аз ҷумлаи касбҳои серхаридор ва ба қавле бозоргир буда, таваҷҷӯҳи ҷавононро ниҳоят зиёд ба худ ҷалб кардааст. Бешак метавон гуфт, ки дар зеҳни ровишавандаҳо саволҳои “Ровӣ бояд чӣ гуна бошад?”,“Чӣ тавр метавон ровӣ шуд?”, “Ин касб кадом паҳлӯҳои мусбату манфиро дорост?”, “Муҳиммият ва талаботи ин касб кадомҳоянд?”, “Оё бо ровигӣ зиндагиро пеш бурдан имкон дорад?” ва ғайраҳо пайдо мешаванд. Мо имрӯз бо ёрии ровии шинохта, директори кулли Радиои Ватан Субҳон Ҷалилов ба саволҳои зер ҷавоб мегирем.

Рисолат, муносибат ва талабот

- Ровигӣ касб аст ё шуғл?

- Ин касби мардуми боистеъдод аст. 

- Агар истеъдод набошад чӣ?

-  Шояд дар ин соҳа фаъолият мекунед, вале рисолати бар зиммадоштаатонро пурра иҷро карда наметавонед. Рисолати ровӣ он вақте иҷро мешавад, ки соҳибкасб истеъдод, дониш, фаҳмиш, ахлоқ ва дигар хислатҳои инсонӣ дошта бошад.

- Ровигӣ чӣ гуна пайдо шудааст?

- Аз замоне ки башарият ба вуҷуд омад, нафароне пайдо шуданд, ки бо сухан сари кор мегирифтанд ва аз навгониҳо ва ҳодисаҳо ба якдигар паёму пайғоми наве мерасониданд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки аввалин суханварону ровиён ҳамқадаму ҳамсоли инсоният ҳастанд. 

- Дар кишвари мо ровиро чӣ гуна қадр мекунанд? 

- Ин аз донишу фаҳмиш, ахлоқ ва хоксору фурӯтан будани ровӣ вобаста аст, зеро мардуми мо бештар ба ин паҳлӯҳо диққат медиҳанд. Вақте ки дилхоҳ ровӣ хоксор бошад, бо ҳама “Шумо” гуфта сухан кунад, ахлоқи ҳамида дошта бошад ва дорои донишу фаҳмиш ва истеъдод бошад, ҳамеша бологузар ва соҳибэҳтиром мегардад.  

- Агар ровӣ донишу фаҳмишу ахлоқ дошта бошад...

- Агар ровӣ донишу фаҳмишу ахлоқ дошта бошад доимо дар ҷараёни иттилоъ қарор мегирад. Бо нафарони зиёди аҷиб суҳбат мекунад ва чизе барои худ мегирад. То андозае аз рӯҳияи равонии мардум бохабар мешавад. Ва боз метавонад аз як қатор имтиёзҳо, ки бархеҳо надоранд, бархурдор шавад. 

- Вазифаи асосии ровии радио аз чӣ иборат аст?

- Вазифа ё миссияи асосии ровии радио пур кардани фазои иттилоотӣ, дар ҷараёни иттилоъ гузоштани мардум, гуфтани муҳимоте, ки барои мардум зарур аст ва ба мардум фароғату болидарӯҳӣ ато намудану онҳоро ба рӯзи нав омода кардан аст.

- Дар кишвари мо “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ” қабул шудааст. Шумо метавонед аз меъёрҳои ахлоқие бигӯед, ки ровии радио онҳоро тағйир намедиҳад ва пайваста риоя мекунад? 

- Ровӣ бояд нисбат ба ҳамсуҳбатонаш доимо боэҳтиром бошад, ҳамеша гапи ростро бигӯед, касеро таҳқир накунад, мағрур набошад ва аз худ одаму одамгарии хуб нишон диҳад.

- Муҳимтарин талаботи ин касб кадомҳоянд? 

- Талаботи асосӣ ин дӯст доштани ин касб аст. Баъдан, бояд ровишаванда маълумот ёфта тавонад, иттилои ҷамъовардаашро коркард карда, беҳтарин ва муҳимтарини онҳоро ба мардум расонад. Пасон бояд ҳар нафари ровишаванда мутолиаи зиёд дошта бошад ва дилхоҳ китобе, ки дар дасташ меафтад, хонад, зеро шояд рӯзе доир ба ҳамон китоб суҳбате анҷом медиҳад. Ҳамчунин эҳсоси дигаронро дарк карда тавонад ва садои хуб дошта бошад. 

Реҷаи корӣ, даромади иловагӣ ва таҷрибаи зиёд

- Шумо чӣ хел ровӣ шудед?

- Ман тасодуфан ровӣ шудам. Соли 1998 дар як барномаи Радиои Тоҷикистон мусоҳиба доштам ва пас аз як ҳафтаи ҳамон мусоҳиба маро ба кор даъват карданд. Аз ҳамон вақт корро дар идораи ҷавонон ва наврасон шурӯъ кардам. 

- Ҳоло кори якрӯзаи Шумо чӣ гуна мегузарад?

- Ман ҳар рӯзи корӣ барвақттар аз соати 7-и субҳ ба ҷойи кор меоям. Аз соати 7-и субҳ то соати 10 барномаи “Субҳи Ватан”-ро дар пахши мустақим пеш мебарам. Соати 8, ки нашри хабарӣ оғоз мешавад, ба утоқи корӣ омада, саҳифаи ахбори молия ва иқтисодро мекушоям ва хабарҳои русиро интихоб карда, ҷойе мегузорам. Пас аз анҷоми барнома утоқи корӣ меоям ва хабарҳои дар фосилаи нашри хабарӣ интихобнамудаамро тарҷума мекунам ва рафта дар студия барои соати 11:00 нашри хабариро сабт мекунам, ки он ду маротибаи дигар такроран пахш карда мешавад. Пасон барои гӯшаи “Гуфтори адабӣ” китоб хонда, сабт мекунам, ки субҳ соати 05:10 ва шаб 23:10 ба шунавандагон мерасад. Баъди ин ҳама дар утоқам нишаста, барои барномаи пагоҳина мавод ҷамъ мекунам. Ва аз ҳама баъд ба кори расмиёт мепардозам.

- Кори рӯзонаи Шумо кай ба итмом мерасад ва кай хона меравад?

- Ҳама рӯз якранг нест, вале ман то тамоми корро анҷом надиҳаму аз кори кардаам қаноатманд нашавам, хона намеравам. Кор метавонад соати 19-20 ва ё 21-22-и шаб тамом шавад. 

- Шумо бисёр кор мекунед ва аз ин рӯ, аҳли оилаи Шумо онро чӣ гуна қабул кардаанд? 

- Зид нестанд, вале ин вариант нодуруст аст, зеро мо хуб медонем, 90 дарсади онҳое, ки аз худ гузаштаву пурра ба кор дода шудаанд, пас аз чанде пушаймон гардидаанд.  Вале ба ҳар сурат фикр мекунам ҳоло, ки фурсат дорам ҳар чизе, ки ба шунаванда дода метавонам, бояд диҳам. Аз ҷониби дигар, дар хотир бояд дошт, ки барои муваффақ шудан чизеро бояд қурбон кард. Масалан, як ровӣ наметавонад доимо дар хона бо аҳли оила суҳбатҳои хубу хотирмон дошта бошад ва ҳамзамон беҳтарин барномаҳоро таҳия кунад. Барои ҳамин, бояд чизеро қурбон кард, ё суҳбатҳои дӯстона ё вақти истироҳат ё дидору нишастҳои зиёд бо атрофиён ё хоб ва ё чизи дигарро.

- Аксари наворҳои тарғиботӣ бо овози Шумо пахш мешаванд, чаро чунин аст? 

- Ин хоҳиши рекламадиҳандагон аст. Ва бояд бигӯям, ки на ман ва на коргарон аз оне ки овозашон дар реклама меравад, пули иловагӣ намегирем, зеро ин ба дораи кори асосиямон ворид мешавад. 

- Ҳолате буда, ки аз овоз додан ба рекламае даст кашида бошед?

- Ман нахуст матни рекламаро мебинам ва агар аз ҷиҳати имлоӣ ва мантиқӣ ғалат дошта бошад, пешниҳод мекунам, ки бо ислоҳ мехонам. Пас иҷозат диҳанд, мехонам, надиҳанд, не. Ва дар умум ин гуна ҳолат зиёд буд.

- Ровиҳо тавре худро нишон медиҳанд, ки гӯё зиндагии хубу шоиста доранд, оё воқеан ҳам чунин аст? 

- Агар коратонро аз сидқи дил анҷом диҳед ва боз ягон манбаи даромади иловагӣ дошта бошед, метавонед зиндагиятонро хуб пеш баред.

- Ровии радио кадом намуди манбаъҳои даромади иловагӣ дошта метавонад? 

- Ровигӣ дар тӯйҳо, дар рекламаҳои берунӣ овоз додан, сенарияи роликҳои тарғиботӣ навиштан ва ғайраҳо.

- Таҷриба ва солҳои зиёди кор дар ин соҳа ба намояндаи касб чӣ имконият медиҳад? 

- Мо ду намуди ровиҳоро медонем, ки қисме дар радиои хусусӣ ва қисми дигар дар радиоҳои давлатӣ фаъолият мекунанд. Ровии радиои давлатӣ аз муҳаррири хурд корашро оғоз мекунад ва ба вазифаҳои муҳаррир, муҳаррири варзида, ҷонишини сармуҳаррир, сармуҳаррир ва имкон бошад боз ҳам вазифаи баландтар мегирад. Ровии радиои хусусӣ бошад, метавонад рекламаи зиёд ҷалб кунад ва пули хуб ёбад. Аз ҷониби дигар, бо гузашти солҳо ва тарҷибаи зиёд гирифтан маошаш ҳам баланд карда мешавад.

Омӯзиш, интернет ва тавсияҳо

- Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин касб чӣ гуна аст?

- Интернет ин касбро ҳам оммавӣ ва ҳам каме беқадр кард, зеро ҳар нафаре, ки смартфон дорад, дигар худро ровӣ муаррифӣ мекунад. Аз паҳлӯи дигар, ҳоло вақте насли ҷавон ровиёни номдорро мебинанд, ки бо мошинҳои хуб мегарданд ва соҳибэҳтироманд, каме ҳам бошад ҳавасашон боло меравад, вале бояд донист, ки ровӣ будан ин фақат мусоҳиба кардан бо ситораҳо нест. Ҷавонон таваҷҷӯҳ доранд, вале каме саросемаанд. Ҳамин саросемагӣ ва ба қадри кофӣ омода набудан ба онҳо имкон намедиҳад, ки бисёр орзуҳояшонро амалӣ кунанд ва дар радио ба кор қабул шаванд.

- Ҳоло чанд мактаби олии мо дар ин самт мутахассис омода мекунад, ба назари Шумо оё онҳо барои ба қадри кофӣ омода шудани насли нав имкон медиҳанд? 

- Ман аз ҳамаи он имконоте, ки дар факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ мавҷуд ҳастанд, бохабар нестам, аммо чизе, ки ба забон овардам аз таҷриба ва мушоҳидаҳоям аст. Ба ҳар сурат мехоҳам, барои мисол дар факултети журналистикаи ДМТ ба ҷуз аз дарсҳои назариву амалӣ хуб мебуд ровиёни хуби мо низ курсе дошта бошанд.

- Ровигӣ ба ҷумлаи касбҳое, ки тавассути интернет омӯхта мешаванд, дохил аст? 

- Бале, имрӯз ҳама касбҳоро мешавад, тавассути интернет омӯхт, вале бояд донист, ки ровӣ дар эфири мустақим ровӣ мешавад. Ӯ дар эфир хато мекунад, барои бисёр хато накардан кӯшиш мекунад, хатоҳои мавҷударо ислоҳ мекунад ва таҷриба мегирад.

- Тавсияҳои Шумо ба нафароне, ки ровӣ шудан мехоҳанд чӣ аст?

- Ровишавандаҳо бояд адабиёти классикӣ, муосир ва ҷаҳониро ҳадди ақал аз муаллифони беҳтарин як асарӣ мутолиа кунанд, бунёди луғавии хубе дошта бошанд, лоақал ду синоними ҳар калимаро донанд, ба курсҳои махсус бираванд, ба назди устодон бираванд ва бояд аз интернет бисёр хуб истифода баранд.



Пайраҳаи муваффақият. Мубориз Усмонов чӣ гуна дар се соҳа шӯҳрат пайдо кард?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед