Ru  | Tj
Мусоҳиба бо роҳбари волонтёрони интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2020
Мусоҳиба бо роҳбари волонтёрони интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2020

Мусоҳиба бо роҳбари волонтёрони интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2020

Нашр шуд

Дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 000 волонтёр ширкат мекунанд. Хабарнигори Halva.tj Сомон Ғафуров ба Кумитаи кор бо ҷавонон назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шуд, бо тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи фаъолияти волонтёрон дар интихобот ошно шуд.

Бо Салимзода Каримҷон, роҳбари волонтёрони Кумита суҳбате оростем.
IMG_20201010_151434_318.jpg
Сомон Ғафуров: Ташаккури зиёд ҷанобӣ Каримҷон барои иштирок дар мусоҳиба. Мехостам ба Шумо як чанд савол диҳам оиди фаъолияти Волонтёрон дар Тоҷикистон. Оё ҷавонони тоҷик дар баргузории ин интихобот фаъоланд?

Салимзода Каримҷон: Дар раванди баргузории ин интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаи ҷавонони тоҷик баръало ба чашм мерасад.

Албатта калимаи волонтёр барои мардуми шарафманди тоҷик  бегона нест, чунки ин мафҳуми хайрхоҳиро дорад ва, албатта, мардуми тоҷик дар гузаштаи таърих низ бо амалҳои хайроҳона бо ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои хайрхоҳиро амали менамуданд:  чандин мактабҳо бунёд мешуданд, масҷидҳо бунёд мешуданд, шаҳру деҳҳо ва ҷамъиятҳо бунёд мешуданд.

Вобаста ба ин Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Тоҷикистон шумораи 10 000 нафар волонтёрон дар тамоми қаламрави кишвар омода кардааст, ки дар рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар марказҳои интихоботӣ, хизматрасонии иҷтимоии ройгонро барои интихобкунандагон ба роҳ мемонанд. Ин иштироки фаъолонаи сокинон дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Сомон Ғафуров: Лутфан бигӯед, ки фаъолияти волонтёрон умуман то чи андоза рушд карда истодааст?

Салимзода Каримҷон: Ҷумҳурии Тоҷикистон – ягона кишваре дар Осиёи Миёна мебошад, ки барои татбиқи амалишавии фаъолияти волонтёри  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрон”-ро соли 2013 ба тасвиб расонид.

Ва албатта имрӯзҳо мо баръало мушоҳида менамоем, ки фаъолияти волонтёрӣ низ, нисбат ба кишварҳои ҳамсоя, яъне дар Осиёи Марказӣ, пешсаф аст. Рушди фаъолияти волонтёр тавассути амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон ва дар иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсию мадании кишвар баръало мушоҳида мегардад.

Имрӯз ташаббусу иқдомҳои волонтёрон дар ҷумҳурӣ ба чашми мардуми тоҷик ё умуман ба тамоми сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чашм мерасад. Мо, масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фаъолияти волонтёриро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб арзёби менамоем.

Сомон Ғафуров: Чихелеки мо медонем дар ин интихоботи дар пеш истода ҳамагӣ 10 000 нафар волонтёр интихоб шудаанд. Раванди интихоби волонтёрон чи гуна аст?

Салимзода Каримҷон: Интихоби волонтёрон тасодуфи нест, албатта зина ба зина пайи ҳам татбиқ шуд. Мо волонтёронро аз рӯи дониш, малака, маҳорат ва истеъдод ва таҷрибаи фаъолияти волонтёриашон интихоб кардем.

Нахуст аз сохтори маҳаллӣ, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳастанд даъват ба амал овардем, ки рӯйхати беҳтарин ҷавонони фаъоли шаҳр ё ноҳияро ба мо пешниҳод карданд, баъдан ба сохтори вилоятӣ. Аз сохтори вилоятӣ аз миёни беҳтарин ҷавонони шаҳру ноҳияҳо беҳтаринҳо интихоб шуданд ва ба озмуни  ҷумҳуриявӣ ба дастгоҳи марказӣ омаданд. Аз дастгоҳи марказӣ беҳтарин ҷавононро интихоб кардем, ки таҷрибаи на кам аз 1 сола ва ё ду солаи волонтёрӣ доранд.

Яъне ки волонтёрони мо волонтёрони тасодуфӣ нестанд. Онҳо таҷрибаи волонтёриии беш аз 1 соларо доранд. Дар дигар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ низ иштирок карда буданд ва дар ин чорабини волонтёрони таҷрибадор дар раванди маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари он, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш волонтёрони барои хизматрасонии иҷтимоии ройгонро ба роҳ монд, ҳамзамон гуруҳҳои махсус аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис дода шуд.

Гуруҳи ҷавонони забондон, ки дар ҳайати 300 нафар барои роҳнамоии Мушоҳидони байналмиллалӣ хизмат мерасонанд, омода кардем. Ҳамзамон гуруҳи волонтёрони таблиғотчиро низ омода намудем, ки раванди интихоботи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистонро таблиғ мекунанд.

Гуруҳҳое, ки мо таҳия кардем ба ягон ҳизбҳои сиёсӣ иртибот надоранд, танҳо инҳо ташаббус ва раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонанд.

Албатта дар баробари он, шумо сари андеша меоед, ки масъалан онҳо ҷонибдори ягон ҳизб бошанд ё ин, ки ба узвияти ягон ҳизб бошанд? Мо ба узвияти ҳизбии онҳо кор надорем, интихоб накардем, чунки узвият ба ҳизб озод аст. Ҷонибдорӣ ба кадом ҳизб мекунанд, ба кадом ҳизб овоз медиҳанд онҳо озод ҳастанд. Мо ба ин кор надорем, танҳо онҳо дар рӯзи интихобот ба ҳайси шахси бетараф ва шахси холис фаъолият мекунанд.

Сомон Ғафуров: Шумо худ таҷрибаи волонтёри доред?

Салимзода Каримҷон: Албатта ман худам низ, дар замони донишҷӯиям нахустин шуда соли 2013 ба фаъолияти волонтёрӣ пардохтам ба муддати 4 сол. То соли 2017 ба фаъолияти волонтёрӣ машғул будам ва дар ин давра ман таҷрибаи волонтёрии чор соларо гирифтам, ки барои ман бисёр муфид ва дар раванди фаъолияти хизмати давлатиям, шароитҳои хуберо фароҳам овард, таҷрибаи ба даст овардаам.

Сомон Ғафуров: Шахсе ки дар гузашта волонтёр набуд, аммо дар вай шавқи волонтёр шудан пайдо шуд. Метавонад ӯ волонтёр шавад? Барои волонтёр шудан чи корро бояд ба амал расонад?

Салимзода Каримҷон:  Бояд чанд зинаро паси сар кунад. Дар низоми фаъолияти кории мо, яъне ки, он нахуст ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва ҳам ба таври расмӣ муроҷиат мекунад. Муроҷиати ӯ мавриди баррасӣ қарор мегирад, ҳамзамон ин волонтёр ба курсҳои махсус фаро гирифта мешавад, семинарҳои ва тренингҳои омузишӣ гузаронда мешавад. Дар ниҳояти кор ба ҳайси волонтёр пас аз суҳбати рӯ ба рӯ (собеседование) суҳбати алоҳида бо ҷавони хоҳишманди волонтёр аст гузаронида мешавад ва  дар асоси  хулосаи ҳайати комиссияе, ки суҳбати алоҳида мегузаронанд, ки аз ҳайати кормандони Кумита иборат мебошанд, онҳо ба ҳайси волонтёр қабул карда мешаванд.

Дар ниҳоят дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ҷавонони шаҳри Душанбе ҳаст, корхонаи воҳиди давлатии марказии иттилоот ва тамоюли ҷавонони ҷумҳуриявӣ ҳаст. Дар ҳолате, ки пас аз гузаронидани семинарҳои омузишӣ унвони волонтёриро намегиранд, онҳо ба марказҳои мазкур равона карда мешаванд ба муддати аз 1 ҳафта, 10 руз, 15 руз ва 1 моҳ ба курсҳо фаро гирифта мешаванд ва пас аз ин, ба ҳайси волонтёр қабул карда мешаванд.

Шумо ҳам хуб медонед, ки фаъолияти волонтёри фаъолияти хайрхоҳи аст, ва ин чиз нигоҳи нозук дорад. Барои ҳамин мо барои монда кардани волонтёрон шароит ва имкониятҳое фароҳам меоварем, ки ҷавон дар ин ниҳод, яъне дар  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш , андеша, нигоҳ ва дониши ӯ такмил ёбад ва ҳунару истеъдодаш рушд кунад. Ҳадафи асосии мо ин чиз аст.

Сомон Ғафуров: Оё волонтёрон аз сиёсат хабар доранд?

Салимзода Каримҷон:  Албатта ҷавони асри 21 дорои дониши сиёсӣ набошад, вай ҷавони замони муосир нест. Ҷавони тамоми дунё, ҷавонони тамоми кишварҳои олам аз сиёсат баҳравар ҳастанд.

Бе андешаи сиёсӣ, ё бе нигоҳи сиёсӣ ҷавон таҳсил карда наметавонад. Дониши сиёсӣ аз худ кардан ё ин, доштани дониши сиёсӣ барои ҷавон имкон медиҳад, ки зина ба зина пайи ҳам дар зиндагӣ нахуст дар раванди таҳсил ва дар раванди фаъолияти кори боло равад.

Волонтёрони мо низ аз нигоҳи сиёсӣ, аз нигоҳи иқтисодӣ, аз нигоҳи иҷтимоъӣ, аз нигоҳи фарҳангӣ, аз нигоҳи маданӣ, аз нигоҳи таърихӣ омузонида мешаванд. Мо волонтёроне дорем, ки дар соҳаи сайёҳӣ хизматрасони мекунанд ба ҳайси роҳбалад, бо волонтёроне дорем, ки дар соҳаи варзиш фаъолият мекунанд, онҳо нуқтаҳои нозуки рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро меомузанд ва дар мактабҳои махсусгардонида шуда ё дар миёни варзишгарону дустдорони соҳаи варзиш семинару тренингҳо мегузаронанд.

Яъне, ки самти фаъолияти волонтёри ба як интихобот нигаронида шудагӣ нест. Фаъолиятӣ волонтёрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухталиф аст. Мо волонтёрони забондон дорем, ки онҳо ба ҳайси роҳбалад амал мекунанд. Мо волонтёрони соҳаи тиб дорем, ки онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд.

Ба ҳар самт амали мекунем ва бештар аз рӯи 10 самти афзалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш. Ин имкон медиҳад, ки ҷавон дар ин ё он соҳа худашро такмил диҳад, ҳунару истеъдодашро сайқал диҳад.

Вакти як ҷавон ба ҳайси волонтёр ё спикер дар семинару тренингҳои омӯзишӣ гап занад, сухан ронад, мо ӯро муддатҳои зиёд омода мекунем ва баъдан ба чорабиниҳо миёни мардум равона мекунем. Барои ҳамин фаъолияти мо густурда аст, фаъолияти мо васеъ аст. Аз мо чорабиниҳои мухталиф доир карда мешавад, семинару  машваратҳо ҳам мулоқотҳо доир карда мешавад. Аммо то он лаҳзае, ки волонтёр ба куча мебарояд ё ин ки, ба чорабинӣ меравад мо ӯро муддати то се моҳ ба омӯзиш фаро мегирем.

Сомон Ғафуров: Аз тарафи шаҳрвандони оддӣ ба волонтёрон чи саволҳо дода мешаванд?

Салимзода Каримҷон:  Саволҳо гуногунанд, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз ҳастанд. Ва саволҳое, ки ба мо дода мешаванд ин саволҳо мавзуъӣ аст.

Сомон Ғафуров: Оё ҳастанд волонтёроне, ки барои кори худ маблағ ё туҳфа мегиранд?

Салимзода Каримҷон: Тамоми ҷомеаи чаҳонӣ медонад, фаъолияти волонтёри фаъолияти хайрхоҳи аст ва бар ивази фаъолияти хайрхоҳи касе ба онҳо пул ё музде намедиҳад.

Сомон Ғафуров: Саволи охирии ман чунин аст. Метавонед гӯед, ки таҷрибаи волонтёри ба ояндаи онҳо чи таъсире мерасонад?

Салимзода Каримҷон: Тавре ман дар боло гуфтам, боз зикр мекунам. Мо волонтёрро на барои иҷрои амале мегирем. Мо волонтёрро мегирем, қабул мекунем, барои вай омӯзиш мегузаронем ва вобаста ба ҳунар ва истеъдод, дониш, биниши сиёсӣ, мавқеӣ иҷтимоъии он корҳои омӯзиширо ба роҳ мемонем ва имкон медиҳем, ки ҷавон худаш ташкаккул ёбад.

Яъне, ки фаъолияти волонтёри барои ҳар як ҷавон имкон медиҳад, ки дар замири ӯ нахуст ҳисси ватандустӣ боло гирад ва вобаста ба ҳунару истеъдоди он дар миёни ҷамъият рушд кунад. Ва донишу маҳорату малакаи сайқал диҳад.
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед