Осонкунандаи ҳаёти мардум ва хизматгори аҳли ҷомеа. Зиндагии аҷиби Ҳилола
Нашр шуд
Мо имрӯз дар бораи боварӣ ба худ, ноумед нашудан, бисёр хондан, баъди кор боз кор кардан, ёрӣ расонидану касб омӯхтан ва формулаҳои осони муваффақ шудани як духтари тоҷик мегӯем.
Ҳамсӯҳбати мо Ҳилола аст. Ҳоло ӯ дар “Алиф Бонк” фаъолият мекунад. Ӯ ба мо аз чӣ тавр дар муддати камтар аз шаш сол дар даҳ вазифа кор кардан, меҳнатдӯст будан ва дигар вазифаҳои ҳаётии худ қисса кард.
Дар шинохти ҳамсӯҳбат
- Ҳилола, мо одат кардаем, ки ҳамеша бо нафарони машҳуру маъруф дар ҷомеа мусоҳиба анҷом бидиҳем, чун Шумо сарояндаву ҳунарпешаву билохира блогер нестед, хуб мешавад нахуст худатонро барои хонандаи мо ба таври худ муаррифӣ мекардед.
- Шуморо мефаҳмам. Ман дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи коргар ба дунё омадаам. Ба мисли ҳамдеҳагонам мактаби оддии деҳаро хатм кардам. Идомаи таҳсиламро дар шаҳри Хуҷанд давом додам ва мактаби олиро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудам. Ҳоло дар “Алиф Бонк” фаъолият мекунам.
- Шумо Ҳилола ном доред, кӣ ба Шумо ин номро гузоштааст?
- Номи маро амакам гузоштаанд. Он кас китоби афсонаҳо доштанд ва номи қаҳрамони афсонае Ҳилола будааст, чун ин ном аз ҳад зиёд писандашон будааст, ба ман мондаанд.
- Мо ҳуқуқи интихоби волидон, зодгоҳ ва номро надорем, боре шудааст, ки хоста бошед, ки номатонро иваз кунед?
- Не, номам ба ман бисёр писанд аст ва ҳатто фикрашро накардаам.
- Дар мактаби оддии деҳа таҳсил кардаед, аз ҳама чизи муҳимми аз мактаби миёна омӯхтаатон чист?
- Ман дар мактаб аълохон будам ва ҳама фанҳоро то андозаи даркорӣ мехондам. Вале дар дарси забони англисӣ худамро тамоман дигар ҳис мекардам. Дар он дарс ман худам будам. Озод будам. Ва бо ёрии муаллимаам худам буданро омӯхтам.
- Узр, худ будан ин антоними сохта будан аст?
- Бале, худ будану озод будан, аввалин қадам барои омӯхтану касе шудан аст ва ин омил метавонад дигар омилҳои некро ба ҳар нафар бидиҳад. Яъне сохта набудан ин аз ҳар ҷиҳат ба фоидаи шахс аст.
- Кадом забонҳои хориҷиро медонед?
- Забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекиро медонам ва ҳоло соҳаи иқтисоди забони англисиро омӯхта истодаам.
- Донистани забони тоҷикиятон дар кадом сатҳ асту ва ҳамчунин, чаро забони русӣ забони гуфтугӯиятон шудааст?
- Ман мактаби тоҷикӣ, донишгоҳи тоҷикиро хатм кардаам, вале аз сабабе, ки атрофиёнам зиёдтар бо забони русӣ сӯҳбат мекунанд, одат кардаам, ки бо ин забон сӯҳбат кунам.
Агар “Алиф” намебуд...
- Ҳилола, Шумо нафаре ҳастед, ки мактаби олиро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудед ва 5 сол дар бонк кор кардед, вале аз баҳри коратон гузаштед ва омада дар “Алиф Бонк” аз коргари оддӣ корро шурӯъ кардед, чаро?
- Ду сабаб дорад. Якум, дар кори пештараам дар худ такмилёбиро эҳсос накардам. Дуюм, пеш аз омадан ба “Алиф Бонк” дар бораи роҳбарияти корхона маълумоти зиёд гирифтам ва ба хулосае омадам, ки бо чунин нафарон метавонам ба ҷое бирасам.
- Шумо корро аз вазифаи “офис менеҷер” оғоз кардед, фикр накардед, ки шояд вазифаи ба худатон мувофиқтаре бидиҳанд?
- Як қувва аст, ки онро боварӣ мегӯянд. Боварӣ ба худ ва оянда. Вақте ки “Алиф Бонк” омадам боварӣ пайдо кардам, ки аз кори оддӣ ҳам оғоз кунам рӯзе ба ҷойи сазовари худ мерасам. Дар бобати кори мувофиқ гуфтед, фикр мекунам он замон ба вазифаи бар зиммаам гузошташуда мувофиқ будам.
- Мутаассифон, баъзе волидоне ҳастанд, ки ба бисёр тасмимҳои фарзандонашон дахолат мекунанд ва баъзан садди роҳ ҳам мешаванд, падару модар барои дар чунин ҷойи кору чунин вазифа кор карданатонро чӣ гуна қабул карданд?
- Хушбахтона, волидонам ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дастгиру роҳбалади ман буданду ҳастанд. Онҳо ба ман бисёр озодӣ доданд. Дар ҳар кору вазифае, ки фаъолият мекардаму мекунам, зиддият нишон намедиҳанд ва ба ояндаи нек боварии зиёд доранд.
- Моҳи марти соли оянда аз кори Шумо дар “Алиф Бонк” шаш сол пур мешавад. Шумо дар ин муддат тавонистед, ки дар даҳ вазифа, аз коргари оддӣ то сармуҳосиб ва ҳоло “Продакт менеджер по разработке АБС” фаъолият намоед. Ба ин гуна муваффақият чӣ гуна даст ёфтед?
- Якум, боварӣ ба худ. Дуюм, зиёд кор кардан. Сеюм, зиёд омӯхтан. Ва чорум, роҳбарону ҳамкорони хуб доштан. Аз паҳлӯи дигар, ман бисёр ба омӯхтан шавқ дорам. Ҳамеша мехоҳам чизи нав омӯзам. Яъне аз соати 8 то 17 кор намекунам, балки то соати 19-20 нишаста, кор мекунам ва меомӯзам.
- Соддатар ё пурратар фаҳмонида метавонед?
- Ман корро аз нафарони кордон меомӯзам. Масалан, вақте ки корам тамом шуд, ба дилхоҳ ҳамкорам, ки кораш тамом нашудаст мегӯям, ки ту ба ман чӣ кор карданро бо кадом тарз анҷом доданашро бигӯ ман ёрӣ медиҳам. Ҳамин тавр, ман ҳам ёрӣ мерасонам ва ҳам самтҳои гуногуни кори як бонкро меомӯзам. Ва ҳамин аст, ки то имрӯз дар даҳ вазифа кор кардам. Дар ҳамин маврид як чизи дигарро гуфтаниям, ки фикр мекунам шавқовар аст. Ман то соли гузашта дар вазифаи сармуҳосиб кор мекардам, вале маълумоти муҳосибӣ надоштам. Танҳо вақти муайяне ба сармуҳосибамон ёрӣ мерасонидам. Вақте ки сармуҳосибамон аз кор рафт, бо довталабони кор сӯҳбат намудан зарур омад. Ман саволҳоро дастрас кардаму бо 12 довталаб сӯҳбат кардам. Ҳисоботро ба Абдулло Қурбонов пешниҳод намудам. Онҳо баъди шиносоӣ вазифаи мазкурро ба ман супориданд. Супоридан ба он маъно, ки онҳо ба ман 6 моҳ мӯҳлат доданд, то тамоми нозукиҳоро омӯзам ва то андозаи даркорӣ донам. Фармударо иҷро кардам ва сармуҳосиб шудам.
- Мо медонем, ки дар аксари корхонаҳо коргароне ҳастанд, ки пас аз вақти корӣ кор кардан ё чизе омӯхтан барояшон бисёр мушкил аст, Шумо, ки пас аз кор боз ба кор кардану омӯхтан вақтатонро сарф мекунед, бигӯед, ки нишастану омӯхтану кор кардан ягон формулаи осон дорад?
- “Google” ва нафарони соҳибкасб. Барои ман ин ду формулаи осон вуҷуд дорад. Ҳар он чизе ки намедонам ва мехоҳам бидонам аз “Google” мепурсам. Аз посух ё маълумоти фазои маҷозӣ қонеъ нашудам ба ҷустуҷӯи нафаре меравам, ки ба саволи ман ҷавоби амиқтар дода метавонад.
- Зиёд кор кардан чӣ паҳлӯи манфӣ дорад?
- Вақте ки худатро дар кор болидарӯҳ накунӣ ва вақте аз меъёр зиёд фикр куниву фикратро ба дигар тараф банд накунӣ кори мекардаат ба дилат мезанад. Яъне кор сифаташро гум мекунад ва ба саломатӣ зарар мерасонад.
- Шумо ба ҷуз кор боз вақтатонро чӣ гуна мегузаронед?
- Романҳои детективӣ мехонам, самтҳои гуногуни фаъолиятамро меомӯзам ва истироҳат мекунам.
- Хондани китобҳои детективӣ ба Шумо чӣ медиҳад?
- Сатҳи ҷустуҷӯву таҳқиқамро зиёдтар мекунанд.
- Кадом қувва ё ҳаракатест, ки Шуморо ба меҳнат кардану кор намудан талқин мекунад?
- Ду қувва аст: атрофиён ва имконот. Дар “Алиф Бонк” ҳамкорони мо бисёр меҳнатдӯстанд ва барои меҳнатдӯст шудани дигарон бисёр ангеза медиҳанд. Пасон, мо имкониятҳои зиёд дорем. Дилхоҳ вақт чизи намедонистаамонро мепурсем, меомӯзем, сӯҳбатҳои муфид анҷом медиҳем, маслиҳат мегирем, хӯрок мехӯрем, қаҳва менӯшем, хулоса кори ба диламон наздикро анҷом медиҳем.
- “Алиф Бонк”-ро коргаронаш зиёдтар аз як коргоҳ медонанд, чаро чунин аст?
- Барои он ки ҳақиқатан ҳам “Алиф Бонк” на танҳо як корхона, балки фарҳанг аст. Дар ин ҷо на танҳо ҳамчун соҳибкасб сайқал, балки ҳамчун шахсият ҳам такмил меёбӣ. Дар ин ҷо нафароне ҳастанд, ки ба ҳамдигар кӯмак мекунанд ва ба истилоҳ мо як оила ҳастанд. Пасон, роҳбарият ҳам муносибати хуб доранд. Масалан, бо дилхоҳ коргар роҳбарият муносибати якранг дорад.
- Дар як сӯҳбат бо мо Абдулло Қурбонов иброз дошт, ки барои мизоҷон агар чой лозим шавад, дилхоҳ коргари “Алиф Бонк” новобаста аз вазифааш омода аст, ки чой биёрад, оё ин дар ҳақиқат ҳамин хел аст?
- Бале, ин фарҳанги “Алиф Бонк” аст. Ман ҳам омодаам, ки ба дилхоҳ муштариямон як пиёла чой пешниҳод кунам ё кори аз дастам меомадаро анҷом диҳам.
- Дар кадом ҳолат корро дар Алиф бас мекунед?
- Дар вақти сармуҳосиб буданам рӯзе ба як ҳамкорам гуфтам, ки ман дар ин вазифа ду сол кор мекунам ва баъд меравам, яъне мумкин вазифаи дигар мегузарам. Ӯ фикр кард, ки умуман аз кор меравам ва ба Абдулло Қурбонов ин суханамро расонид. Он кас маро даъват карданд ва гуфтанд, ки “мо ният дорем Шуморо то нафақа нигоҳ дорем” ва ҷавоби ман ҳам ба саволи Шумо вокуниши роҳбарамон аст.
- Коргари Алиф будан чӣ гуна аст?
- Осонкунандаи ҳаёти мардум ва хизматкори аҳли ҷомеа будан.
- Агар Алиф намебуд, чӣ кор мекардед?
- Шояд дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекардам.
Се шашсола
- Шумо ягон маротиба фикр кардаед, ки чаро мо дар ин дунё зиндагӣ мекунем?
- Бале, фикр мекунам сабаби зиндагии мо ин ба дунё овардани насл ва аз худ чизе мондан, ки ҷомеаро аз ҷиҳати мусбат каме ҳам бошад иваз кунад, мебошад.
- Дар бораи аз худ чӣ монданатон фикр кардаед?
- Ҳоло бо чанд нафар кор мекунам, ки ба ман шогирд ҳисоб мешаванд ва фикр мекунам, ин ҳам кори хубу монданист. Ва аммо кӯшиш мекунам, ки боз корҳои хубтаре анҷом диҳам.
- Ба фикри Шумо киро метавон ҷавони муваффақ гуфт?
- Ҳар ҷавоне, ки кори дӯстдоштаашро анҷом медиҳад, аз кори кардааш лаззат мебарад, кораш зиндагияшро таъмин мекунад.
- Аз оне ки солҳои ҷавониятонро ба коре, ки ҳоло мекунед бахшидед, пушаймон нестед?
- Не, умуман пушаймон нестам, баръакс бисёр розиву хурсандам. Ҷавонӣ ба ҳар навъ мегузарад, муҳим он аст, ки мо барои худамон коре кунем ва албатта омӯзем.
- Ҳоло Шумо чӣ омӯхта истодаед?
- Дар ҳоли ҳозир психология меомӯзам.
- 6 сол пеш дар Алиф набудед, дар 6 сол хеле муваффақ шудед, 6 сол баъд худатонро чӣ гуна мебинед?
- Аз ҷиҳати корӣ умед дорам, ки Алиф дар бисёр давлатҳо намояндагии худро мекушояд ва хеле пеш меравем. Аз ҷиҳати шахсӣ бошад насиб шаҳвар мекунам ва агар Худо насиб кунад модар мешавам.
- Аз сӯҳбат ва шиносоӣ бо Шумо хушҳол шудам.
- Ман ҳам инчунин.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед