Ru  | Tj
Урун Кӯҳзод: “Мутаассифона, баъзе суханҳо ба гӯши одамони даркорӣ нарасиданд....”
Урун Кӯҳзод: “Мутаассифона, баъзе суханҳо ба гӯши одамони даркорӣ нарасиданд....”
Аксҳо: Halva.tj

Урун Кӯҳзод: “Мутаассифона, баъзе суханҳо ба гӯши одамони даркорӣ нарасиданд....”

Нашр шуд

Имрӯз Нависандаи халқии Тоҷикистон, муаллифи асарҳои машҳури “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз”, “Бандии озод”, “Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим”, “Тақвими раҳгум”, “Ҳайҷо” ва “Дар ҳасрати кори ҳалол” Урун Кӯҳзод 85-сола шуданд.

Мо ду рӯз пеш ба дидорбинии устод рафтем ва бо эшон доир ба умри рафта, хубиҳову бадиҳои ба эҷод машғул шудан, паҳлӯҳои норӯшани адабиёт, асарҳои навиштаву нотамом ва нақшаву умедҳои ояндаашон сӯҳбат кардем.

Аз “қаҳр” кардан бо қаламу дафтар то афсӯс нахӯрдан


- Устод, мо фикр кардем, ки ҳоло Шуморо қаламбадаст пеши дафтар мебинем...

- Ростӣ, ман қариб як сол мешавад чизе наменависам ва он қаламу дафтари гуфтаи Шуморо “се талоқ” кардам.

- Чаро?

- Сабабҳо бисёранд, сабаби асосӣ ин аст, ки майдон ва минбар надорам.

- Ҳоло бештар дар бораи чӣ фикр мекунед?

- Аксари вақт дар бораи умри гузаштаам фикр мекунам. Ба андеша меравам, ки чӣ сон гузаронидамаш, чӣ кор кардам, чӣ корҳоро накардам ва боз бояд кадом корҳоро анҷом диҳам?

- Чӣ аст дар гузаштаатон?

- Намедонам то кадом андоза андешаам дуруст аст, вале фикр мекунам ба мақсади гузоштаам нарасидам. Мақсади ман дар ҳаёт як одами хобро бедор кардан, як одами беандешаву бефикрро ба аншеша водор намудан, ба рӯзгори мардум чизи хубе бахшидан буд, вале афсӯс ягон хобро бедор карда натонистам, ягон каҷиро рост карда натавонистам, ягон андешаву фикрро тағйир дода натавонистам.


- Ин ҳамаро фикр карда, чӣ хулоса мебароред?

- Маълумам мешавад, ки ин ҳама ноҷуриҳои зиндагӣ ба як кас намешудааст, балки фикру кӯшиши одамони зиёд лозим аст, то ки дунё рангинтар шавад.

- Модоме, ки ба мақсад нарасидед, ба адабиёт омаданатон беҳуда буд?

- Не, ба мақсади аслӣ нарасидан ин маъноеро надорад, ки ман пушаймон ҳастам, балки мутаассифона, баъзе суханҳо ба гӯши одамони даркорӣ нарасиданд.

- Кӯдакиятонро ёд мекунед?

- Кӯдакӣ айёмест, ки ҳамеша бо ман аст, вале одат надорам, ки нишаста кӯдакиямро ёд кунам.

- То ҷое медонем Шумо то ҳол ёддошт нанавиштаед, чаро?

- Ё фурсат нашуд ё зарурат набуд.

- Ба фикри Шумо ёддоштнависӣ муҳим нест?

- Хеле муҳим аст, ба шарте, ки ҳамон ёддошт фарз кардем ба монанди “Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ бошад. Зеро ӯ дар ин асараш тамоми ҳаводиси замонро инъикос кардааст ва хонанда ба замони ӯ ошно мешавад.

- Боре буда, ки барои ёддошт навиштан варақеро сиёҳ карда бошед?

- Не. Ман ҳатто дар вақти донишҷӯӣ дафтари хотира надоштам ва аслан ҳеҷ вақт хотира нанавиштаам.

- Аз кадом коратон фахр мекунед?

- Фикр мекунам, ки корҳои кардаам ҷойи фахр кардан надоранд.

- Аз кадом коратон афсӯс мехӯред?

- Албатта корҳое буданд, ки аз натиҷаашон қаноатбахш нестам, вале оне ки аз коре сахт афсӯс бихӯрам, нест.

- Имкон мебуд кадом корҳоро намекардед?

- Агар имкон мебуд, ҳамаи он корҳоеро, ки кардаам такрор мекардам ва беҳтар.

Асарҳои Шумо зиёданд...


- Устод, аслан, бо Шумо доир ба асарҳоятон, адабиёт ва фазову муҳити эҷод сӯҳбати тӯлоние анҷом додан мумкин аст, вале ҳоло пурра ҳам набошад, мехоҳем чанд чизи муҳимро пурсем.

- Хуб, марҳамат.

- Навиштан дар ҳаёти Шумо аз куҷо оғоз шуд?

- Замони дар мактаби олӣ таҳсил карданам каму беш ба китобҳои нав китобиёт ва ба намоишоти театрӣ тақризгунаҳо менавиштам. Пасон, вақте ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил кардан кам-кам машқи ҳикоянависӣ мекардам, вале онҳоро дар ҷое нашр намекардам. Чанде баъд ба хизмати аскарӣ рафтам ва дар он ҷо дар “казарма” қоидае ҷорӣ буд, ки се нафар дар як шабонарӯз навбатдор меистоданд. Ҳамон вақт се нафар дусоатӣ навбардорӣ мекарданд. Чун аз соати 2 то 6 вақти оромии шаб буд, ман навбати рафиқонамро мегирифтаму ҳамон чор соати оромиро ба навиштан мебахшидам.

- Чӣ менавиштед ва аслан барои чӣ?

- Ман бисёр мехондам ва ба назарам менамуд, ки нависандагон дар асарҳояшон мағзи гапро намегӯянд, балки дар гирди як мавзӯъ чарх задан мегиранд ва ба қавле ман барои ҳамон мағзи гапро гуфтан навиштанро оғоз кардам.


- Аввалин кори Шумо дар соҳаи эҷод ин фаъолият дар маҷаллаи замоне овозадор ва нешдор “Хорпуштак” буд, қиссаи ба кор қабул шуданатон чӣ гуна аст?

- Вақте ки дар хизмати аскарӣ будам, се ҳикояамро ба маҷаллаи “Садои Шарқ” фиристодам. Аз миён ним сол гузашт ва ман ба ҷойи “Садои Шарқ” аз “Хорпуштак” бо имзои Фазлиддин Муҳаммадиев ҷавоб гирифтам. Чун он замон муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев ҳам дар ҳайати таҳририяи “Садои Шарқ” ва ҳам муҳаррири маҷаллаи “Хорпуштак” буданд, ба ман навиштанд, ки аз се ҳикояат яктоаш ба ман писанд омад ва онро дар “Хорпуштак” чоп мекунам. Инчунин он кас, таъкид карда буданд, ки агар хоҳӣ пас аз хизмати аскарӣ ба маҷаллаи “Хорпуштак” ба кор биё. Ҳамин тавр, ҳикояам бо номи “Ошпаз ва мунаққид” нашр шуд ва ман пас аз хизмати аскарӣ фаъолиятро дар маҷаллаи мазкур оғоз кардам.

- “Хорпуштак” он замон бисёр маъруф буду одамони зиёдро зери тозиёнаи танқид мегирифт, оё ҳодисае ба сари Шумо наомада буд?

- Ҳодисаҳо бисёранд. Масалан, як фелетоне дар бораи корҳои хоҷагидорӣ дар шаҳри Душанбе навишта будам. Рӯзе як нафар омад ва муҳаррирро пурсид. Гуфтам муҳаррир нестанд ва хоҳед ба ман гӯед, мерасонам. Ӯ дилашро ба ман холӣ кард ва бисёр суханони пасту баланд зад. Рафт ва ҳафтае баъд боз омад. Муҳаррирро пурсид ва чун гуфтам нест, баъдан маро пурсид ва ман худамро шинос кардам. Ӯ баробари маро шинохтан рафту дигар барнагашт.

- Асарҳои Шумо зиёданд, ба фикри худатон бояд ба кадомаш қисми дуюм менавиштед?

- Ба ҳеҷ кадомаш, вале хоҳиши болои асарҳоям аз сари нав кор кардан ҳамеша доштаму дорам.

- Асарҳои Шумо зиёданд, кадомаш аз ҳама бештар фоидаи моддӣ овардааст?

- Фоидаи моддии калоне, ки аз ин соҳа гирифтем ин Ҷоизаи адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд. Ҷоизаро барои китоби “Бандии озод”, гирифтам, ки дар дохилаш се повест дошт.

- Асарҳои Шумо зиёданд, кадомаш ба Шумо зиёдтар писанд аст?

- Ҳама навиштаҳои ман ба мисли фарзандҳоям ҳастанд ва ҳамаашро як хел дӯст медорам. Агар мантиқан фикр кунем, маълум мешавад, ки як фарзандро каму дигарашро зиёд дӯст дошта намешавад, балки ҳамагиро метавон такмил дод ва коре кард, ки ба ҷомеа нафъи зиёд расонанд.


- Асарҳои Шумо зиёданд, кадомаш ба Шумо шӯҳрати зиёд дод?

- “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз”.

- Шумо асарҳои худатонро мехонед?

- Одат надорам, ки навиштаҳои худамро гаштаву баргашта мутолиа кунам, вале агар кадомеашро нав нашр кунам, албатта мехонам.

- Аз он ки дар адабиёт умратонро гузаронидед, фоидаи моддии зиёд гирифтед?

- Бале, ҳамин хонае, ки ҳоло мову Шумо нишаста суҳбат дорем фоидаи молии адабиёт аст.

- Адабиёт боз ба Шумо чӣ дод?

- Ҳамин адабиёт буд, ки мо муқими Душанбе шудем. Ҳамин адабиёт буд, ки ними дунёро гаштем. Ҳамин адабиёт буд, ки ному нон ёфтем.

Қазоват аз хонанда


- Устод, Шумо ба ҷуз он ки аз нуги қалам нон хӯрдаед, дар тӯли ҳаёт боз буданд корҳои дигар, ки барои пешбурди зиндагӣ анҷом дода бошед?

- Пеш аз он ки ба дунёи эҷод омадам, дар мактаби миёна муаллим будам. Вале баъди ба навиштану эҷод кардан машғул шудан, дигар коре накардаам.

- Кадом вақт Шумо аз худатон розӣ нестед?

- Ҳамон вақте ки дар мавзӯе фикрамро пурра баён карда наметавонам.

- Аз ҳама чизи бад барои инсон чист?

- Тарсончакӣ ва дурӯғгӯи.

- Ба 84-солагӣ чӣ гуна хайрухӯш карда истодааст?

- Бо як ҷаҳон хотироти нек.

- Аз 85-солагӣ чӣ умед доред?

- Ҳамеша одам ба умед аст. Умеди асосиям ҳамин аст, ки дунё ором бошаду мо дар канораш сиҳату саломат зиндагӣ кунем.

- Бароятон саломатӣ хоҳонем.



Иброҳим Усмонов: “Ҷомеа бояд аз матбуоти худӣ талаботашро қонеъ кунад, вагарна...”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(149) "“Офтоби Ватанро ёд мекунам”. Роҳи муваффақият ва таҳсилу кори Меҳроҷ дар Лондон "
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20115"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "14045"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(97) "/tj/articles/talk/oftobi_vatanro_yed_mekunam_ro_i_muvaffa_iyat_va_ta_silu_kori_me_ro_dar_london_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6479"
  ["CODE"]=>
  string(78) "oftobi_vatanro_yed_mekunam_ro_i_muvaffa_iyat_va_ta_silu_kori_me_ro_dar_london_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6479"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

“Офтоби Ватанро ёд мекунам”. Роҳи муваффақият ва таҳсилу кори Меҳроҷ дар Лондон

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(93) "Худсозӣ. Моҳи Рамазонро чӣ гуна бояд истифода кард?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "19651"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(74) "/tj/articles/education/khudsoz_mo_i_ramazonro_ch_guna_boyad_istifoda_kard/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6330"
  ["CODE"]=>
  string(50) "khudsoz_mo_i_ramazonro_ch_guna_boyad_istifoda_kard"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6330"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Худсозӣ. Моҳи Рамазонро чӣ гуна бояд истифода кард?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(170) "“Профессор графических наук”. Дониёр Сангинов чӣ гуна дизайни графикиро омӯхту меомӯзонад?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "19424"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(109) "/tj/articles/talk/professor_graficheskikh_nauk_doniyer_sanginov_ch_guna_dizayni_grafikiro_om_khtu_meom_zonad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6258"
  ["CODE"]=>
  string(90) "professor_graficheskikh_nauk_doniyer_sanginov_ch_guna_dizayni_grafikiro_om_khtu_meom_zonad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6258"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

“Профессор графических наук”. Дониёр Сангинов чӣ гуна дизайни графикиро омӯхту меомӯзонад?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(95) "Ғалат ва сохта. Назаре чанд ба равиши таҷлили Наврӯз"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "19331"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "13471"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(77) "/tj/articles/analytics/alat_va_sokhta_nazare_chand_ba_ravishi_ta_lili_navr_z/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6227"
  ["CODE"]=>
  string(53) "alat_va_sokhta_nazare_chand_ba_ravishi_ta_lili_navr_z"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6227"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Ғалат ва сохта. Назаре чанд ба равиши таҷлили Наврӯз

Другие новости