Ru  | Tj
Журналист, омӯзгор ва “ютубер”. Чаро Исфандиёр тарки дуи аввал кард?
Журналист, омӯзгор ва “ютубер”. Чаро Исфандиёр тарки дуи аввал кард?
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Журналист, омӯзгор ва “ютубер”. Чаро Исфандиёр тарки дуи аввал кард?

Нашр шуд

Сӯҳбати ихтисосӣ бо хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хатмкунандаи “Мактаби мустақили рӯзноманигории Тоҷикистон - асри 21” ва даҳҳо курсҳои кӯтоҳмуддат дар соҳаи журналистикаи телевизион ва радио - Исфандиёр Носиров.

Исфандиёр наздики 15 сол аст, ки аз фазои журналистика нону ном меёфт ва ҳоло бошад чандест аз ин касбу кор канор рафтааст. Мо бо ӯ дар бобати дилхунукӣ дар журналистика, қадру қиммати соҳибкасб ва мақсаду нақшаҳои ояндааш, ки ба соҳибкориву блогерӣ рабт мегиранд, пурсон шудем.

Журналист + омӯзгор: Аз омадан то тарк кардан


- Шумо дар баробари фаъолияти журналистӣ солҳои зиёд омӯзгори мактаби миёна ҳам будед ва ҳоло медонем, ки тарки муаллимӣ кардед, чарояшро ба мо шарҳ дода метавонед?

- Аслан, бояд бигӯям, ки ман дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаам. Падарам муаллими фанни забону адабиёти тоҷик ва модарам аз математика. Дар хусуси омӯзгорӣ бошад, ҳақиқатан ҳам, дар баробари кори рӯзноманигорӣ ҳафтае 6 соат дар мактаби деҳа дарс медодам ва маошам наздики 500 сомониро ташкил медод. Чун дидам, ки дар баробари маоши ночиз боз ҳурмату эҳтироми муаллим дар деҳа бисёр паст аст, маҷбур шудам, ки тарки ин кор кунам.

- Маош ё дилхунукии мардум, метавонед яке сабаби аслии тарк кардани ин касбро гӯед?

- Пӯшида нест, ки мақсад аз кор кардан ин ёфтани маблағи муайянест, ки бояд зиндагиро пеш бурд, аммо вақте кореро, ки анҷом медиҳӣ на маоши хуб дорӣ ва на муҳити хуб, пас ягона роҳ тарк кардан аст.

- Дар кадом ҳолат ба омӯзгорӣ бармегардед?

- Агар гӯянд, ки маоши омӯзгор аз се ҳазор сомонӣ кам нест, бовар кунед, аз баҳри ҳама кор баромада, омӯзгорӣ мекунам. Ман ин касбро бисёр дӯст медорам, вале бо ин маошу муҳит кор карда намешавад.

- Худатон дар мактаб чӣ гуна мехондед?

- Дар мактаб аълохон будам ва фанҳои гуманитариро бисёр хуб мехондам.

- Дар аълохон будани Шумо нақши волидон, ки омӯзгор буданд, то кадом андоза назаррас буд?

- Волидонам нақши бориз доранд ва аз ҳамон давраи мактабӣ то ҳол дар оилаи мо маҷлиси хонаводагӣ гузаронида мешавад. Ҳамеша вақти китобхонӣ, истироҳат, хоб кардан ва суҳбат намудан бо аҳли оила муайян аст.


- Писари омӯзгор будан мушкил аст?

- Аз ҷиҳати рафтору ободу донишу ахлоқ бисёр хуб аст, зеро аллакай аз кӯдакӣ инҳоро меомӯзӣ, вале аз ҷиҳати иқтисодӣ мушкил аст.

- Чӣ ё кӣ сабаб шуд, ки Шумо пешаи рӯзноманигориро интихоб кардед?

- Ман аз давраи мактабӣ мехостам ҳам омӯзгор ва ҳам журналист шавам. Падару модарамро медидаму хоҳиши омӯзгор шудан мекардам. Комилҷон Холов ва Орзу Исоевро медидаму хоҳиши журналист шудан дар ман пайдо мешуд.

- Тақрибан 15 сол пеш Шумо донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ будед, он замонро чӣ гуна ёд мекунед?

- Бисёр хуб. Ман шукр мекунам, ки яке аз донишҷӯёни даргоҳи мазкур будам ва аз беҳтарин устодон касби рӯзноманигориро омӯхтам. Ҳоло намедонам вазъият чӣ тавр аст, вале моро устодон дар рӯҳияи журналистӣ, на чоплусӣ таълиму тарбия доданд.

- Киҳо ба Шумо ҳаққи устодӣ доранд?

- Аз факултет устодон Баҳриддин Камолиддинов, Ҷовид Муқим, Қутбиддин Мухторӣ, Бахтиёр Қутбиддинов, Сангин Гулов, Саъдулло Ҳайдарӣ, Зафар Аскар, Иршод Сулаймонӣ ва аз журналистон бошад, Зевар Давлатова, Фаррӯх Зиёев ва дигарон ба ман ҳаққи устодӣ доранд.

- Ҳамчун журналист корро кай ва аз куҷо оғоз кардед?

- Аз соли 2007 аз Телевизиони “Баҳористон” омадаву моро ба ҳамкорӣ даъват карданд. Аз ҳамон вақт ман дар телевизиони мазкур фаъолиятамро оғоз кардам.


- Агар аз “Баҳористон” намеомаданд, чӣ мешуд?

- Инро тақдиру насиб мегӯянд. Ин як сенарияе, ки Худованд навишта буд, вале агар аз телевизион намеомаданд газета мерафтем, зеро ҳамон вақт барои газетаҳои “Фараж”, “Ҷавонони Тоҷикистон” ва “Ману ту” матлаб менавиштам.

- Дар Телевизиони “Баҳористон” чанд муддат кор кардед ва чӣ шуд, ки корро бас кардед?

- Ман дар Телевизиони “Баҳористон” ба ҳайси муҳаррир то соли 2012 кор кардам. Дар ин муддат барномаҳои “Асрор”, “Фреш”, “Интихоби ман”-ро пеш мебурдам ва инчунин дар барномаҳои зиёди дигар ҳам ровӣ будам. Сабаби аз кор рафтан нофаҳмиҳои дохилӣ буд, ки гуфта наметавонам.

- Пас аз “Баҳористон” чӣ кор кардед?

- Бисёр дилхунук шуда будам ва ҳудуди шаш моҳ бекор гаштам. Вале танҳо шаш моҳ тоқат карда тавонистаму халос. Пасон, ба Радиои Тоҷикистон рафтам.

- Кор дар радио чӣ гуна буд?

- Дар Радиои Тоҷикистон аввал ҳамчун таҷрибаомӯз се моҳ кор кардам ва оҳиста-оҳиста ба кори расмӣ оғоз кардаму то вазифаи муовини идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ расидам. Дар он ҷо муаллифи барномаҳои “Майдони сабз” ва “Танаффус” будам.

- Ҳоло аз радио ҳам рафтаед, пас аробаи зиндагиро чӣ гуна ба пеш ҳаракат дода истодаед?

- Ҳудуди ҳафт моҳ мешавад, ки аз радио дур шудаам, вале кам-кам барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва газетаҳо мақола менависам. Кам-кам ба соҳаи соҳибкорӣ ворид шуда истодаам ва ният дорам худамро дар ин самт бисанҷам.

- Чаро боз тарки соҳаи дӯстдошта кардед?

- Албатта, хеле дарднок аст, вале модоме, ки беҳбудӣ нест ва гӯши шунаво кам аст, аз будан дида, набудан беҳтар. Ва албатта, сабаби дуюм ҳам дорад, ки ин ба баланд шудани нарху наво ва ҳамоно кам будани маош рабт мегирад.

- Шумо пештар гуфтед, ки агар маоши омӯзгорӣ баланд шавад муаллим мешавед, агар маоши журналистӣ баланд шавад чӣ?

- Ин ҳамаро вақт нишон медиҳад ва барои баргаштан ба фазои журналистӣ вариантҳо бисёранд.


- Ҳоло ба андешаи Шумо ҳавои журналистикаи мо чӣ гуна аст?

- Ба андешаи шахсии ман ҳавои журналистика дар Тоҷикистон ғуборолуд аст. Барои он ки дар ВАО-и мо хеле кам аст барнома ё матлабе, ки бигӯем ба дарди мардум бармехӯрад.

- Шумо ҳикояҳои кӯтоҳ ҳам менависед. Бигӯед, ки дар кадом ҳолатҳо менависед?

- Бале, менависам ва ба наздикӣ китоберо ҳам бо номи “Аз худ шурӯъ намо” нашр кардам. Ман дар ду ҳолат менависам, якум, дар ҳолате, ки бисёр ғамгин шавам ва дуюм дар ҳолате, ки бисёр хурсанд бошам. Ҳикояҳо аксарияташон аз мушоҳидаҳоям ҳастанд, ки оҳанги тарбиявию таҳрикдиҳанда доранд.

- Ҳикояи "Ҷанг барои чӣ"-ро хондам, ки қаҳрамонаш Нафиса ном дораду шахси аввал дар нақши омӯзгор аст. Оё омӯзгор худи Шумоед?

- Бале, ин воқеият аст ва омӯзгор худам ҳастаму Нафиса хонандае, ки номашро иваз кардам.

Бурду бохти фаъолият дар Ютуб


- Чӣ гуна ютубканал кушодед?

- Вақте дидам, ки аксарияти ютубканалҳои тоҷикӣ бо наворҳои пучу бемаъно садҳо ҳазор тамошобину обуначӣ доштанд, ба фикре омадам, ки чизи хубтаре таҳия кунам ва он пеш аз ҳама барои мардум фоидаовар бошад.

- Номи канали Шумо “Дар ин дунё” ном дорад, чаро?

- Барои он ки мавзӯъҳо маҳдуд набошанд.

- Дар акси болои каналатон се ҷумла доред: “Чун кӯҳ бояд буд”, “Мо метавонем” ва “Тоҷик бояд рамзи сифат ва тавоноӣ бошад”. Метавонед ин ҷумлаҳоро ба мо шарҳ диҳед ва бигӯед, ки чаро инҳо пайдо шуданд?

- Зиндагӣ шебуфарозиҳои зиёд дорад, бояд чун кӯҳ буд. Коре нест, ки мо натавонем, яъне мо метавонем ва бояд нишон диҳем, ки тоҷик рамзи сифат ва тавоноӣ аст, на ҳарзагӯ.

- Омори каналатонро дидам аз 4-уми апрели соли 2019 то имрӯз 27 769 маротиба наворҳои Шуморо тамошо кардаанд. Ин натиҷа Шуморо дилхунук намекунад?

- Не, ман умуман дилхунук нестам ва ҳамон чун кӯҳ будан ҳамин аст. Ва боз бояд бигӯям, ки ҳарчанд аз соли 2019 мо оғоз кардем, вале то чанд моҳи охир он қадар ҷиддӣ кор намекардем ва ният дорем, ки дар наздиктарин фурсат идеяҳои ҷолибро роҳандозӣ кунем.


- Модоме ки медонед аудиторияи Ютуби тоҷикӣ ба контенти Шумо майли камтар дорад, пас чаро ин корро мекунед?

- Шумора муҳим нест, балки ба мо сифат лозим аст. Мо кӯшиш мекунем, ки одамони таъсиргузор ва бофаҳм обуначии мо бошанд. Масалан, як устоди донишгоҳ агар дар поёни навори ман фикрашро нависад, ҳамон як нафар барои ман баробар аст ба 1000 нафари ҳарзагӯ, ки чизеро дарк намекунанд ва ба худ чизе гирифта наметавонанд.

- Саломгӯии Шумо аҷиб аст: “Дуруд дӯстони гиромӣ, хуш омадед ба шабакаи худатон “Дар ин диёр”, чаро чунин салом?

- Чун ҳамаи мо дар фазои маҷозӣ бо ҳам аҳди дӯстӣ бастаем ва ҳамроҳем, пас якҷояем ва ҳар чизе, ки ҳаст аз ману ту не, балки аз мо аст.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.



Момагул Раҷабова. Пизишке, ки умри худро ба касбу мардумаш бахшидааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед