Ru  | Tj
Момагул Раҷабова. Пизишке, ки умри худро ба касбу мардумаш бахшидааст
Момагул Раҷабова. Пизишке, ки умри худро ба касбу мардумаш бахшидааст
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Момагул Раҷабова. Пизишке, ки умри худро ба касбу мардумаш бахшидааст

Нашр шуд

Мо чанде пеш ба ноҳияи Данғара сафар намуда, бо Момагул Раҷабова дидору сӯҳбат намудем. Ӯ аз 62 соли ҳаёти худ 43 солашро дар хизмати мардум сипарӣ кардааст. 43 сол бо мардум, 43 сол дар гӯш оҳу воҳ. 43 сол гӯш ба қимор, ки касе бо ҳоҷате дарашро мекӯбад. 43 сол дар машом бӯйи дору. 43 сол табиби қалбҳои мардуми дурдасттарин деҳаҳои шаҳру навоҳии Кӯлобу Хуросону Данғара.

Halva.tj дар бобати 62 соли зиндагӣ ва 43 соли ҳамрози мардум буданаш бо ин зани дилбохтаи касби худ сӯҳбате дошт, ки манзури хонандагон мегардад.

Кӯдакӣ ва пас аз он

- Чӣ тавр ба суроғи даврони кӯдакӣ меравед?

- Сари чанд вақт ба зодгоҳам рафта ва аз ҳар дарахту девор, сангу сафол, хонаву мактаб кӯдакиамро суроғ мекунам. Ҳама чизҳои деҳаам бӯйи махсус доранд, бӯйи кӯдакии ман.

- Кӯдакии Шумо чӣ гуна гузаштааст?

- Ман он даврони ширинро бо “хола-бозӣ” гузаронидаам. Дар кӯчаамон чанд духтаре буд, ҳама ҳар рӯз дар хонаи мо ҷамъ мешуданд ва мо афсонаҳое мебофтем, ки имрӯз худ қаҳрамонашон шудаем…

- Аз мактаб ба лавҳи хотир чӣ монда?

- Дар синфи дуюм мехондам. Як рӯз муаллим дар тахтаи синф рақами “22” навишт ва аз ман чанд будани рақами навиштаашро пурсид. Ман бошам, “2” ва “2” ҷавоб дода будам.

- Ёд доред, ки охирин бор кай бо ҳамсинфонатон якҷоя вохӯрда, сӯҳбат карда бошед?

- Соли 2016 мо 40-солагии хатми мактабамонро якҷо қайд карда будем. Ҳар вақте ки ба деҳаам равам, ҳатман хона ба хонаи ҳамсинфонам гашта, онҳоро алоҳида ба алоҳида мебинам ва аз саломатию рӯзгорашон бохабар мешавам.

Аз таҳсили пинҳонӣ то эъҷози мактубҳо

- Тавре маълум аст, дар солҳои наврасиву ҷавонии Шумо аз деҳоти кишвар духтаронро кам иҷозат медоданд, ки дар мактаби олӣ таҳсил кунанд. Лутфан, бигӯед, ки Шумо чӣ гуна пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро идома додед?

- Аз синфи мо – ман ва се нафари дигар ба шаҳри Кӯлоб барои идомаи таҳсил рафта будем, ки аз аввалин нафарони таҳсилкунандаи деҳа ба ҳисоб мерафтем. Зиддиятҳо зиёд буданд, хусусан бародарони модарам дар аввал муқобили таҳсили ман буданд ва кор то ҷое расид, ки як соли расои таҳсиламро пинҳонӣ ва бо роҳҳои дарозе, ки тағоҳоям маро набинанд, гузаронидам. Баъдан бо ёрии Худованд ва модарам каме ҳам бошад тағоҳоям аз аспи хашму бадгумонӣ фаромаданду ёрирасонам шуданд.

- Аз даврони таҳсили ним пинҳонию ним ошкоратон ягон лаҳзае ҳаст, ки барои мо қисса кунед?

- Таҳсилам дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб бисёр хуб буд. Моро бештар бачаҳои гурӯҳамон фиреб медоданд. Дар роҳи хона-омӯзишгоҳ як дарахти тути калон вуҷуд дошт ва барои дар паҳлӯи мо қадам задан, бачаҳои гурӯҳамон моро метарсонданд, ки зери он дарахт аҷина аст. Мо бошем, фақат дар сояи онҳо мерафтему меомадем.

- Замони таҳсил дар мактабу омӯзишгоҳ ишқ дар “ҷузвдон”-и Шумо буд ё…?

- Вақти мактабхонӣ ақлам ба ишқу ошиқӣ намерасид. Замоне, ки дар омӯзишгоҳ таҳсил мекардам, шарму ҳаё дар ҷойи аввал меистод.

Ҳамин тавр, пас аз хатми омӯзишгоҳ бо роҳхат якуним сол дар Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси хоҳари шафқат кор кардам. Баъдан шавҳар намудам.

- Бо шавҳаратон пеш аз тӯй чӣ гуна муносибат доштед?

- Мо пеш аз тӯй ҳамагӣ як маротиба ҳамдигарро дида будем. Қиссаи хонадоршавии мо каме аҷиб аст. Вақте ки мо якдигарамонро дидем, шӯълаи меҳре фурӯзон шуд. Баъд тарафи мо, намедонам бо кадом сабабе, пайвастани моро нахостанд. Мо бо як вохӯрӣ ва як сӯҳбат ба ҳам одат кардем. Баъдан илоҷи ба ҳам расиданро бо тасаллӣ додани якдигар ба воситаи мактуб донистем…

- Дар он мактубҳо кадом ҷумлаҳо навишта шуда буданд?

- Ҳар муҳаббатномаҳоро пас аз хондан ба болои ҷевони хона мегузоштам, ки дигарон ҳам бихонанд ва аз ҳолати мо бохабар шаванд. Масалан, вай рӯзе навишта буд: “Ҳаракат кун ба висоли ҳам бирасем, ман туро дӯст медорам!”. Ҷавоби ман чунин буд: “Ман кӯшиш карда истодаам, ки якҷо шавем ва ба ин боварӣ дорам…”. Ба ҳамин монанд. Душвортарин кор дар ҳаётам ин ҷавоб гардонидан ба мактубҳо буд.

Чанд ранги як зиндагӣ

- Харитаи зиндагӣ давоми роҳи ҳаётатонро чӣ гуна нишон дод?

- Ман дар ноҳияи Хуросон 12 сол бо шавҳарам зиндагӣ кардам. Соҳиби 4 фарзанд шудем. Зиндагиамон бисёр хуб буд. Соли 1986 дар ноҳияи Данғара деҳае бо номи Чорсада бунёд шуд. Сокинони деҳа аз ноҳияи Комсомолобод муҳоҷир шуда буданд. Шавҳарам, ки биносоз буд, дар ҳамон деҳа хонааш доданд. Мо аз Хуросон ба Данғара кӯч бастем. Рости гап, пас аз омаданам пушаймон шуда будам. Зеро дар макони нави зисти мо, ки навбунёд буд, ба ҷуз дашти хоктӯдае дигар чизеро дидан ғайриимкон буд. Пас аз андаке бароям як вагон ҷудо карданд, то ба мардум хизмати тиббӣ расонам. Дар як вақт ба мардуми 6 деҳа хизмат мерасондам. Ҳамин тавр, дар ин ҷо мо боз соҳиби 3 фарзанди дигар шудем. Шавҳарам инсони хуб буд, боре ҳам гапи мо ду нашуда буд.

- Тавре медонем, ҳоло шавҳаратон дар қайди ҳаёт нестанд…

- Дуруст. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ зиндагӣ мушкил шуд. Нон пайдо кардан душвор гардид. Яку якбора 4 фарзанди мо дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил мекарданд. Ноилоҷ шавҳарам ба Русия барои кор рафт. 23-юми феврали соли 2002 рафту ва 24-уми апрели ҳамон сол мурдаашро оварданд.

- Зиндагӣ вазнинтар, гиряҳо аёнтар, ғамҳо зиёдтар, нон камтар, кори саҳро зиёдтар…

- Зиндагиам мушкилтар шуд. Бо кори саҳро тавонистам, ки фарзандонамро хононам.

- Зиндагиатон кай ранги дигар гирифт?

- Вақте ки дуюмбора барои зери об мондани яке аз деҳаҳои ноҳияи Нуробод мардуми зиёде ба Данғара кӯчонида шуданду деҳаи Чорсада-2 бунёд шуд. Ман дар ин деҳа духтур интихоб шудам ва сокинонашро мисли сокинони деҳаи худам ҳар рӯз хабар мегирам. Ногуфта намонад, ки дар деҳаи навбунёд бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ сохта, калидашро ба дасти ман доданд.

- Шумо ҳоло духтури оилавии деҳае ҳастед, ки зиёда аз 300 оила зиндагӣ мекунад. Чӣ тавр ба ин мардум хизмат мерасонед?

- Бисёр хуб. Ман аз саҳар то бегоҳ дар коргоҳ ҳастам ва ҳар вақте ки ҳоҷҷатталабон оянд хизмат мерасонам ва боз касе, ки ба хонааш ҷеғ занад рафта дар хонааш ба ӯ кӯмак мекунам.

- Яъне Шумо хона ба хона ҳам мегардед? Гаштан барои як зани 62-сола мушкил нест?

- Не, ман 43 сол боз духтурам ва тӯли фаъолиятам аз корам хаста намешавам.

- Агар раваду Шумо шабонгоҳ даъват кунанд?

- Албатта, меравам. Ман дар хизмати халқам ва барои дар ҳама ҳолат ба мардум ёрии тиббӣ расонидан қасам ёд кардаам.

- Одат, муҳаббат ва ё тақозои касб аст, ки Шумо хона ба хона мегардед?

- Ман ҳамаи вариантҳои пешниҳодкардаатонро қабул дорам ва ба фикрам, ба хотири ҳамааш. Зеро вақтҳое мешавад, ба хонаҳое меравам, ки бемор надоранд ва ин рафтанҳоро метавон аз муҳаббат ва аз рӯйи одат номид.

Танҳоӣ, гул, суруд

- Аз мушкилиҳо ба куҷо мегурезед?

- Ба танҳоӣ.

- Дар танҳоӣ чӣ кор мекунед?

- Гул мекорам.

- Дар вақти гулкорӣ суруд мехонед ё фикр мекунед?

- Суруд мехонам.

- Садоятон хаста мабод!

- Ташаккур ба Шумо



60 савол дар 60-солагӣ. Дирӯз, имрӯз ва фардои Мухтор Боқизода


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед