Ru  | Tj
«Афсона барои калонсолон». Чаро бояд силсилафилми тасвирии «Аспи БоҶек»-ро тамошо кунем?
«Афсона барои калонсолон». Чаро бояд силсилафилми тасвирии «Аспи БоҶек»-ро тамошо кунем?
Аксҳо аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Афсона барои калонсолон». Чаро бояд силсилафилми тасвирии «Аспи БоҶек»-ро тамошо кунем?

Нашр шуд

Силсилафилми тасвирии фоҷиавӣ-мазҳакавии «Аспи БоҶек» кайҳост, ки миёни тамошобинони калонсол ба қатори беҳтарин филмҳои тасвирӣ дохил шудаасту ҳаводорони зиёди худро дорад. Фарқияти асосии ин филм аз дигар филмҳо, масалан аз филми тасвирии «Рик ва Морти» дар ҳақиқатнигорӣ ва инъикоси мушкилоти вазинини рӯзгор мебошад, ки қаҳрамонон талош мекунанд ба онҳо мубориза баранд.

Дар бораи қаҳрамонҳо


Ин силсилафилми тасвирӣ ба муносибати 50-солагии ҳунарманди то ҳанӯз пурра шинохтанашудаи «Голивуд» - БоҶек рӯи навор омадааст. Пас аз маъруфияти зиёди филми тасвирии «Режем с конем» муаллиф илҳоми дигар гирифта, ба таҳияи филми тасвирии дигар пардохтааст. БоҶек ба он одат карда буд, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи журналистон қарор дошта бошад, аммо баръакс ӯ аз маркази диққат дур рафта, танҳо монд. Ӯ дарк намуд, ки ҳаёт барояш ҳеҷ гуна муваффақият ва хушбахтиро муносиб надидааст.

Аз ин рӯ, БоҶек мехост боқимондаи умрашро бо майхорагӣ ва дур аз одамон гузаронад. Аммо шояд каме муҳаббат нисбат ба қаҳрамонони офаридааш дар дилаш вуҷуд дошт, ки дубора ба навиштан шурӯъ кард. Дар ин кор ба ӯ нависанда Диана кӯмак намуд. Бо кӯмакҳои чанде аз дӯстон ва Диана, БоҶек дубора ба зиндагии воқеӣ баргашт ва акнун саҳифаи тозаеро дар китоби рӯзгораш боз намуд, ки мо онро пайгирӣ хоҳем кард.

Дар ҷустуҷӯи маънии ҳаёт

Силсилафилми тасвирии “Аспи БоҶек” пеш аз ҳама дар бораи ҷустуҷӯи маънии ҳаёт, қонеъ будан аз худ ва хушбахтӣ қисса мекунад. Имкон ба мо даст дод то пайгирӣ кунем, ки қаҳрамонони ин силсилафилм чӣ гуна ба «ҳастии хушку холӣ» омада расиданд. Сустии ирода, бадиҳо, интихоби ҳақиқати талх дар масъалаҳои ахлоқӣ, масъалаҳои марказии ин филми тасвирӣ буда, бинандаро ба дунёи воқеии ҳар як қаҳрамон ошно мекунад. Дарки ин ҳолат дар қаҳрамони асосӣ назир надорад.


БоҶек тавассути сенарияи худ нишон додааст, ки норасоию камбудӣ ва сустиву мушкилот охир надоранд. Дар поёни ҳар як қисм, қаҳрамони асосӣ аз ин мушкилот сабақи рӯзгор мегирад, аммо дар қисми баъдии филм муаллиф ин ҳама дастовардҳои қаҳрамонро сифр шуморида, боз мушкилиҳои зиёдро нишон медиҳад, ки қаҳрамони он бо аспи худ дар паи пайдо намудани роҳи ҳалли мушкилоти худ мешавад. Яъне он боз ғарқи дарёи хатоҳои худ аст ва ин ҷараён то ба охири филм бетағйир боқӣ мемонад.

«Дар филмҳо ҳеҷ гоҳ анҷоми хушбахтонаро дида наметавонем, зеро агар ҳама хушбахт бошад, пас силсилафилм бояд ба охир расад. Бо вуҷуди ин филм бояд идома дошта бошад. Шумо метавонед ин филмро бисёр бад, беақлона, ғайривоқеӣ ва «Реҷаи муайяни асп» биномед, аммо чизе воқеитар аз анҷоми хушбухтона нест» ин порча аз суханони БоҶек аст.

Ҳақиқатнигорӣ


Ин филми тасвирӣ камназир аст. Беҳамтоии ин силсилафилми тасвирӣ низ дар воқеӣ будани лаҳзаҳои он аст. Новобаста ба он ки ин воқеият дар симои ҳайвонҳо нишон дода мешавад, муаллиф кӯшиш намудааст, ки ин воқеаҳоро ба ҳаёти нафароне, ки воқеан дар зиндагӣ чунин мушкилот доранд, наздик кунад.

«Бавуҷудоварӣ»-ин як амали хеле душвор аст, аз ин душвортар бошад «зиндагардонӣ» аст»-мегӯяд коргардони филм Рафаэл Уоксберг

Афсонаи муосир


Ҳайвонҳои антропоморфизмӣ ва ҳолатҳои аҷиб дар ин силсилафилми фоҷиавӣ-мазҳакавӣ ба таври афсонавӣ ба роҳ монда шудааст. Чӣ тавре, ки мо медонем дар ҳар як афсона ва ё худ филми тасвирӣ воқеаву ҳолатҳо ва мушкилоту роҳи ҳалли онҳо аз забони ҳайвонҳо ва лухтакҳо байён карда мешаванд. Филми тасвирии "Аспи БоҶек», ки намунаи беҳтарини филми тасвирии муосир аст, камбудию нуқсонҳо ва мушкилоти доғӣ ҷомеаро аз забони қаҳрамонон интиқод намудааст.

Мавзӯъҳои мамнӯъ


Депрессия, майхорагӣ, фавти наздикон, вобастагӣ ба маводи мухаддир, аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир аст, ки дар ин филм инъикос гардидаанд.


«Колейдасткоп-матоъҳои мардумони бостон»: Чӣ гуна рассоми ҷавоне дар фаҳмиши бисёрфарҳангӣ ноҷуриҳоро мешиканад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед