Ru  | Tj
«Колейдасткоп-матоъҳои мардумони бостон»: Чӣ гуна рассоми ҷавоне дар фаҳмиши бисёрфарҳангӣ ноҷуриҳоро мешиканад
«Колейдасткоп-матоъҳои мардумони бостон»: Чӣ гуна рассоми ҷавоне дар фаҳмиши бисёрфарҳангӣ ноҷуриҳоро мешиканад
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Колейдасткоп-матоъҳои мардумони бостон»: Чӣ гуна рассоми ҷавоне дар фаҳмиши бисёрфарҳангӣ ноҷуриҳоро мешиканад

Нашр шуд

Оё боре фикр кардаем, матоъе, ки мо аз он либос медӯзему онро ба бар мекунем, бозгӯи хислати мост? Алия Алӣ, рассом ва аксбардори чандрасонаӣ, мутмаин аст, ки ба мисли тарзи интихоби либос, инчунин тарзи интихоби матоъ низ метавонад бозгӯи симои зоҳирии шахс бошад. Масалан, интихоби матоъ метавонад бозгӯи муносибати дигарон нисбат ба мо бошад. Алия Алӣ дар Лос-Анҷелес ва Марокаш кору зиндагӣ мекунад. Корҳои эҷодкардаи ӯ дар нашрияҳои машҳури хориҷӣ, аз қабили “Vogue”, “Le Monde”, “Elle”, “Financial Times” ва ғайра ба нашр расидаанд.

Алия соҳиби ҷоизаҳои зиёд мебошад. Масалан, соли гузашта ӯ дар озмуни “Аксбардори сол” соҳиби ҷоизаи «Chromatic Art Award»  гардид. 

«Дар рагам хуни се миллат ҷорист. Дутои он ҳоло аз байн рафтаанд, яъне Ямани Ҷанубӣ ва Югославияро дар назар дорам, аммо сеюмаш шаҳрвандии ман, ИМА аст, ман амрикоиам. Чанд соли охири умри худро сарфи расмкашӣ кардам ва кӯшиш намудам, то як рассоми муосиру замонавӣ бошам.  Қаблан бо худ ва бо низоъҳои миллии худамонба таври худ мубориза мебурдам. Ҳоло бошад аз ин мубориза даст кашидам ва кӯшиш мекунам, ки чун як рассом тамоми эҳсосотамро тавассути расмҳо баён кунам» - мегӯяд дар як мусоҳибааш рассоми ҷавон.

Имсол Алия лоиҳаи «Одамон барои намуна»-ро роҳандозӣ намуд. Ин лоиҳа 7 кишварро фаро мегирад: Мексика, Сенегал, Марокаш, Ӯзбекистон, Индонезия, Ҷопон, Ҳиндустон ва Ветнам.

Ин рассоми ҷавон тасмим гирифтааст, ки ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ, аз қабили ниёзҳо ва хостаҳои инсон рӯ оварад, аммо дар баробари ин, масъалаҳои нажодӣ ва миллиро низ ба миён гузорад.

“Матоъ чизест, ки ҳар шахс онро бо худ дорад ва дар баробари ин, он чизест, ки мо инсонҳои рӯйи оламро бо ҳам муттаҳид мекунад. Матоъ як чизи умумӣ аст, ки мо ҳар рӯз ва дар ҳама ҷо бо он муошират мекунем, аммо бо вуҷуди ин, дар лоиҳаи ман он рамзи сарҳадҳои сохтае мебошад, ки мо ҳамчун шахсони алоҳида ва ҷомеа барои ҷудо кардани ҳамдигар ва фарқ гузоштан миёни якдигар месозем"- мегӯяд Алия.\

Лоиҳаи аксҳои «Мардум барои намуна» матоъро ҳамчун инъикоскунандаи муҳити атроф ва таърихи фарҳангҳои мухталиф нишон медиҳад. Ин кор мардуми зиёдеро дар саросари ҷаҳон бо ҳам меорад ва онҳоро тавассути матоъҳои беназир, ҳунари нассоҷӣ ва технологияи коркарди матоъ ба ҳам муаррифӣ мекунад. Ин лоиҳа барои арҷгузорӣ ва қадр кардани доираи иҷтимоӣ, ҷомеа ва дар маҷмӯъ тамоми ҷаҳон, кӯмак мекунад.


«Москва, метро Люблино. Работаем»: Чӣ гуна варзишгари тоҷик “TikTok”–ро тасхир кард?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед