Ru  | Tj
«Москва, метро Люблино. Работаем»: Чӣ гуна варзишгари тоҷик “TikTok”–ро тасхир кард?
«Москва, метро Люблино. Работаем»: Чӣ гуна варзишгари тоҷик “TikTok”–ро тасхир кард?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Москва, метро Люблино. Работаем»: Чӣ гуна варзишгари тоҷик “TikTok”–ро тасхир кард?

Нашр шуд

Ҳоло аксарият кӯшиш мекунанд, ки тавассути наворҳо дар “TikTok” ё “Instagram” маъруфият пайдо кунанд. Ба назари блогерҳо барои ноил шудан ба ин муваффақият ҳадди ақал дар як рӯз як наворри ҷолибро дар саҳифаи худ гузоштан лозим аст. Аммо баъзе нафарон бидуни шӯҳратхоҳӣ ва ғайриинтизор соҳиби маҳбубияти беандоза мегарданд.

Ризвон Ошурмамадов - шаҳраванди Тоҷикистон, ки ба ҳайси мураббии варзиш дар муҳорибаи омехта фаъолият дошт, моҳи июни соли 2021 дар “TikTok” ба пахши наворҳои худ шурӯъ намуд. Видеороликҳои ӯ аз рафти тамрин наворбардорӣ шуда, инъикоскунандаи тарз ҳаёти солим мебошанд ва ҳамчунин дар навор суроғаи клуби варзишие, ки Ризвон дар он мураббист ба таври зайл: «Москва, метро Люблино» оварда шудааст.
Дуруст аст, ки саҳифаи  Ризвон дар “TikTok” чанд ҳазор муштарӣ дошт, аммо 12-уми  ноябри соли равон маъруфияти саҳифааш ба куллӣ тағйир ёфт.

Ин мураббӣ дар “TikTok” навореро пахш кард, ки дар он шогирдонаш машқҳои варзишии "қадамзании нишастаро"-ро таҳти суруди рэпсарои машҳури америкоӣ  “50 Cent” иҷро мекарданд. Ин наворро дар як шаб 10 миллион нафар тамошо карданд. 

«Медонед, субҳи баравақт аз хоб бархоста дидам, ки навори маро дар як шаб 10 миллион нафар тамошо кардааст. Ростӣ, ҳайрон шудам ва намедонистам онро чӣ гуна қабул кунам. То шом шумораи тамошобинони он ба 15 миллион нафар расид» – мегӯяд Ризвон дар мусоҳибаи худ.  

Навори мазкурро дар “TikTok” на танҳо нафароне, ки пайваста аз интернет истифода мебаранд, тамошо карданд, балки онро ҳайати “Роспотребнадзор” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Москва низ тамошо карда, дастгирӣ намуданд. Ҳамчунин, дастаи футболи ҷаҳонии – Real Madrid низ ба ин навор пайравӣ намуда, навори ҳаммонанди онро сабт намудаанд. 

Видеоролики «Москва, метро Люблино. Работаем» ба рӯихати наворҳои машҳуру сертамошобини “TikTok”  шомил шуда, дар соли гузашта ҷои фахриро ишғол намудааст. 

 Ҳоло Ризвон Ошурмамадов ҳамроҳи Саймӯъмин Мадиев, ки дар навор нақши калидиро бозидааст (маҳз ӯ маҳорати “бо пои нимнишаст роҳ рафтан”-ро нишон медиҳад) мусоҳибаҳо мекунанд ва дар барномаҳои мухталиф ширкат менамоянд. Онҳо ҳатто дар гузориши шабакаи телевизионии  "НТВ" низ иштирок намуданд.


«Медонед, ман нақша надорам, ки варзишро барои шоу-бизнес тарк кунам, ҳарчанд аллакай дар ин маврид чандин пешниҳод гирифтам. Бале, мо шӯҳрат пайдо кардем, аммо таъкид мекунам, ки он на аз тариқи таҳқиру қиссаҳои тира, балки бо як амали ҳалол ба даст омадааст. Мо ба варзиш, махсусан, ба ҷалби ҷавонон диққати калон додаем. Ҳоло кӯдакон, наврасон, ҷавонон мехоҳанд, ки бо мо тамрин кунанд. Медонед, ба ман ба ғайр аз муваффақият дар мураббигӣ шумо набояд чизи бештарро таманно кунед ”- гуфт Ризвон.


«Роҳкорҳои фарҳангӣ»: Тарроҳи ӯзбекистонӣ бо тарҳҳои замонавии худ Тошкандро тасхир кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед