Ru  | Tj
Коронавирус “Додои Умедҷон”-ро тавлид кард. Саидакбар чӣ гуна дар наворҳояш муносибати ду наслро нишон медиҳад?
Коронавирус “Додои Умедҷон”-ро тавлид кард. Саидакбар чӣ гуна дар наворҳояш муносибати ду наслро нишон медиҳад?
Аксҳо: Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Коронавирус “Додои Умедҷон”-ро тавлид кард. Саидакбар чӣ гуна дар наворҳояш муносибати ду наслро нишон медиҳад?

Нашр шуд

Умедҷон бо шавқ “PlayStation” бозӣ карда истодааст. Модараш садо мекунад:

- Умедҷон, биё хӯрок тайёр шуд.

Умедҷон ҷавоб мегӯяд:

- Ҳозир бозӣ тамом шавад меравам.

Модар:

- Биё аввал хӯрокатро хӯр, баъд рафта бозӣ мекунӣ.

Умедҷон:

- Ин бозӣ бисёр зарур, тамом кардам меравам.

- Модар:

- Биё тез, ҳозир хӯрок тамом мешавад.

Умедҷон ба хонаи дигар меояд ва аз болои дастархон қошуқро гирифта, ба хӯрокхӯрӣ омода мешавад:

- Модар хӯрок канӣ?

Садои модар мебарояд:

- Ҳа, омадӣ? Ҳозир 20 дақиқа пас хӯрок омода мешавад.

Гуфтугӯи боло сужаи як саҳнаи 30 сониягии қаҳрамони имрӯзаи мо - Саидакбар Акбаров мебошад, ки гӯяндаи ҳаёти аксарияти кӯдакону наврасон аст. Яъне, ин навор аз ҳаёти рӯзмараи мо гирифта ва ба модарони ғамхори мо, ки ҳамеша дар фикри фарзандон ҳастанд бахшида шудааст. Хусусияти ҳаҷвии ин сужа аз ба ғазаб омадани насли ҷавон пайдо мегардад. Зеро бозиҳои барои мо муҳим ба насли калонсол арзише надорад ва онҳоро намефаҳманд.

Қаҳрамони мо кист?


Саидакбар Акбаров, дар айни ҳол яке аз блогерони шинохтаи тоҷик аст, ки дар Insatagram зиёда аз 100 ҳазор обуначӣ дорад. Ин блогери 25-сола бо наворҳои кӯтоҳи дорои сужаи ҳаётӣ бисёр зуд дар фазои маҷозӣ шинохтаву пазируфта шуд. Наворҳои ӯро ҳазорҳо нафар мебинанд, меписанданд ва зерашон шарҳ менависанд.

Хусусияти фарқкунандаи маводи пешниҳоднамудаи Саидакбар Акбаров он аст, ки ӯ дар наворҳояш образи махсусе бо номи “Додои Умедҷон” дорад ва илова бар ин, дар нақши чанд нафар худаш танҳо нақш меофарад.

Ӯ дар образи “Додои Умедҷон” падари сода, сахтгир, бепарво, шӯх, ғамхӯр ва “воймачӣ”-ро нишон медиҳад.

Саидакбар Акбаров дар наворҳояш дар баробари “Додои Умедҷон” писари ӯро меорад, ки онҳо якҷоя тафоввути фикронӣ ва муносибату муоширати ду наслро нишон медиҳанд. Падар – сода, писар - бепарво. Падар – сахтгир, писар – тамбал. Падар – инсони шӯравӣ, писар – замонавӣ.


Мо бо Саидакбар Акбаров атрофи блогинг дар кишвар, фаъолияти блогерӣ, пайдоиши образи “Додои Умедҷон”, назари атрофиён ба маҳсулоти ӯ, идеяи наворҳо ва дигар навгониҳояш сӯҳбат кардем.

"Додои Умедҷон"


- Саидакбар, аввалин чизе, ки Шумо дар саҳифаи Instagram-атон гузоштаед ин сурати худатон аст ва онро 18-уми майи соли 2020 мондаед. Бигӯед, ки шурӯъ аз ҳамон вақт ба Instagram омадед?

- Не, ман аз соли 2015 корбари Instagram будам ва 3-4 саҳифа доштам. Соли 2020 ҳангоми омадани вабои аср – коронавирус идея пайдо шуд, ки ба Instagram ҷиддӣ машғул шавам ва наворҳои муаллифии худамро дошта бошам.

- Шуморо ҳамагон бо образи "Додои Умедҷон" мешиносанд. Ин образ чӣ гуна пайдо шуд?

- Ҳама кор дар як дам шуд, ҳатто худам ҳам нафаҳмида мондам. Аслан, мо чунин фикр надоштем ва пас аз гирифтани чанд навор дидем, ки ба мардум писанд омад ва давом додем.

- Дида мешавад, ки аудитория “Додои Умедҷон”-ро хуб қабул кард, бигӯед, ки назари атрофиёнатон ба ин образ чӣ гуна буду ҳаст?

- Атрофиёнам ҳам ба монанди мухлисон ба образи “Додои Умедҷон” ягон зиддият нишон надодаанд, баръакс хуш қабул карда, дастгирӣ мекунанд.

- Жанри наворҳои Шуморо чӣ гуфтан мумкин аст?

- Аз сабабе, ки ман дар наворҳоям муносибати падару писар, модару писар, рафиқон, муаллиму хонандагонро нишон медиҳам ва ҳам ҳаҷв ҳам кам-кам доранд, метавон жанрро ҳаҷвҳои ҳаётӣ ё шӯхиҳои зиндагӣ ном бурд.

- Аввалин видео дар образи "Додои Умедҷон" кай ва чӣ тавр ба Instagram роҳ ёфт?

- Аввалин навори мо бо образи “Дадои Умедҷон” 1- уми июни соли 2020 баромада буд ва мавзӯи он “Аксуламали падар дар Амрико ва Тоҷикистон ба орзуи фарзанд” буд.

- Идеяи наворҳоятонро аз куҷо мегиред?

- Баъзеяшро аз ҳаёти ҳаррӯзаи худамон ва бархеи дигарро фикр мекунему месозем.


- Дар наворҳоятон “Додои Умедҷон” фақат як спартивка дорад, бигӯед, ки он аз кист ва ӯ чаро танҳо як либосро истифода мекунад?

- Спартивкаи “Дадои Умедҷон” аз падарам аст. Онро мо иваз намекунем, зеро мардум ин образро танҳо бо ҳамин қабул кард.

- Қариб фаромӯш кунам, “Дадои Умедҷон” ба ҷуз спартивка доимо дар сар тоқиву дар даст чойники чой дорад...

- Бале, мо аз аввал ин образро ба аудитория чунин шиносонидем ва то охир ҳамин тавр бояд равад.

- Шумо дар Instagram зиёда аз 100 ҳазор обуначӣ доред, дар чанд муддат ва чӣ гуна ин миқдор одамонро ҷамъ кардед?

- Зиёда аз 100 ҳазор обуначиро мо дар зиёда аз як сол ҷамъ кардем. барои ин шумораи бузургро ба даст овардан, бисёр наворҳо пешниҳод кардем ва дар баъзе “ГИВ”-ҳо низ иштирок кардем.

- Дар омода кардани наворҳо Шумо танҳо худатон саҳм доред ва ё гурӯҳи корӣ доред?

- Дар омада кардани наворҳо ба ман бародари калониам ёрдам мекунанд. Он кас муаллифи матнҳо, наворбардор, танзимгар ҳастанд, ки хамеша паси кадр мемонанд.

- Бо кадом барномаҳо “Додои Умедҷон”-ро меофаред?

- Бо барномаи Тик-Ток

Блогинг ва реклама дар Тоҷикистон


- Ба фикри Шумо бояд блогер чӣ гуна бошад?

- Ҳар як блогер пеш аз ҳама бояд равиши хосаи кори худро дошта бошад. Бояд мутолиаи зиёд ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад. Зеро насли наврас ҳатман ба блогерон нигоҳ карда, муносибату муоширатро омӯхта истодаанд. Блогер бояд намуна бошад ва якрӯву якдил.

- Масъалаи рекламахарӣ чӣ гуна аст ва барои ҳамкорӣ Шумо чӣ талабот доред?

- Гирандагони реклама айни ҳол бисёр ҳастанд, вале мо бисёри онҳоро қабул намекунем. Мо намехоҳем чизҳое, ки ба одамон зиён меоранд, реклама кунем.

- Як ҷиҳати мусбат ва як ҷиҳати манфии блогерӣ дар Тоҷикистонро гуфта метавонед?

- Ҷиҳатӣ мусбат: блогер метавонад ҳунар ва лаёқати худро нишон диханд. Ҷиҳати манфӣ: баъзеҳо ба бемории “ситорашавӣ” мубтало мегарданд ва одаму одамигарӣ ва шуурашон паст мешавад.

- Бо блогерӣ дар Тоҷикистон зиндагии хуб ва бе қарз доштан мумкин аст? Шумо ба ҷуз пеш бурдани Instagram дар ягон ҷойи дигар кор мекунед?

- Айни ҳол ман танҳо дар бораи Instagram фикр мекунам ва бинобар ин, дар дигар ҷой кор намекунам. Бояд бигӯям, ки ҳар блогер агар ба блогинг ҷиддӣ машғул шавад ва маҳсулоти хубу босифат пешниҳод кунад зиндагияш мегузарад.

- Дар Тоҷикистон барои блогер шудан чӣ лозим аст?

- Хоҳиш ва камтар ҳаракат.

- Мо қаблан бо чанд блогери раддаи аввали ҷумҳурӣ сӯҳбат доштем ва дар баробари онҳо мехоҳем фикри шуморо ҳам вобаста ба андоз супоридани блогерон фаҳмида бошем...

- Шуморо фаҳмидам, ман бо ин розӣ ҳастам. Зеро мувофиқи қонун дар Тоҷикистон ҳар нафаре, ки аз коре фоида ба даст меорад бояд ба давлат андоз супорад.

- Ба блогерони оянда чӣ маслиҳат медиҳед?

- Агар блогер шудан хоҳед, ҳаракат кунед, беҳтарин блогер шавед. Зеро ин чиз шуморо ҳамеша дар ҳаракат нигоҳ медорад.

Аз як то як


- Саидакбар, ман ҳоло чанд савол дар қолаби блитс ба Шумо медиҳам ва зуд-зуд ҷавоб мегӯед.

- Хуб, марҳамат.

- Як блогер...

- AdamW.

- Як вайнер...

- Sekavines.

- Як тиктокер...

- Khaby Lame.

- Як рекламаи калони гирифтаатон...

- Рекламаи Алиф Бонк.

- Як ровӣ...

- Ду ровӣ мегӯям: Аъзамхон Акбаров ва Мубориз Усмонов.

- Як гурӯҳи ҳаҷвӣ...

- Гурӯҳи ҳаҷвии Терретория Юмора.

- Як канал дар YouTube...

- Ютубканали Labelcom.

- Як саҳифаи Instagram...

- Саҳифаи Zanjabilbro.

- Як саҳифаи тик ток...

- Cаҳифаи Biphouse.

- Ташаккур барои сӯҳбат!

- Саломат бошед! 



Смайлик – забони нави муошират: хубӣ ва бадиҳои он

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(111) "Ҳаҷви замон: Дар Тоҷикистон чӣ тавр метавон “стендапер” шуд"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12730"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8700"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(80) "/tj/articles/education/a_vi_zamon_dar_to_ikiston_ch_tavr_metavon_stendaper_shud/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4103"
  ["CODE"]=>
  string(56) "a_vi_zamon_dar_to_ikiston_ch_tavr_metavon_stendaper_shud"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4103"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Ҳаҷви замон: Дар Тоҷикистон чӣ тавр метавон “стендапер” шуд

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(136) "Чор саҳифа: Фаррух Умарӣ кист ва бо “Ilmhona”-аш ба ҷавонон чӣ хизмат мекунад?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12496"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8525"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(101) "/tj/articles/our_people/chor_sa_ifa_farrukh_umar_kist_va_bo_ilmhona_ash_ba_avonon_ch_khizmat_mekunad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4030"
  ["CODE"]=>
  string(76) "chor_sa_ifa_farrukh_umar_kist_va_bo_ilmhona_ash_ba_avonon_ch_khizmat_mekunad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4030"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Чор саҳифа: Фаррух Умарӣ кист ва бо “Ilmhona”-аш ба ҷавонон чӣ хизмат мекунад?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(76) "Saliheen - як хатбар ва инсонҳои зиёди хайрхоҳ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12307"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8379"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(72) "/tj/articles/education/saliheen_yak_khatbar_va_inson_oi_ziyedi_khayrkho/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3969"
  ["CODE"]=>
  string(48) "saliheen_yak_khatbar_va_inson_oi_ziyedi_khayrkho"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3969"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Saliheen - як хатбар ва инсонҳои зиёди хайрхоҳ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(108) "Чеҳраи нави манфӣ дар синамои тоҷик: Сулаймон Сафаров кист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12067"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8201"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(82) "/tj/articles/our_people/che_rai_navi_manf_dar_sinamoi_to_ik_sulaymon_safarov_kist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3890"
  ["CODE"]=>
  string(57) "che_rai_navi_manf_dar_sinamoi_to_ik_sulaymon_safarov_kist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3890"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Чеҳраи нави манфӣ дар синамои тоҷик: Сулаймон Сафаров кист?

Другие новости