Ru  | Tj
«Олимпиадаи бофандагӣ». Варзишгари бритониёӣ дар саҳифаи Instagram-и худ дар бораи шуғли дӯстдоштааш қисса кард
«Олимпиадаи бофандагӣ». Варзишгари бритониёӣ дар саҳифаи Instagram-и худ дар бораи шуғли дӯстдоштааш қисса кард
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

«Олимпиадаи бофандагӣ». Варзишгари бритониёӣ дар саҳифаи Instagram-и худ дар бораи шуғли дӯстдоштааш қисса кард

Нашр шуд

Варзишгари бритониёӣ Том Дейлӣ нахустин медали тиллои худро дар Олимпидаи Токио ба даст овардааст. Ӯ дар саҳифаҳои худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳунари бофандагии худро ба намоиш гузошт.



Ин варзишгар ба бофандагӣ дар давраи карантини соли гузашта рӯ оварда буд ва ҳоло ҳунари бофандагӣ ба шуғли дӯстдоштааш табдил ёфтааст. Ӯ барои ҳайвонҳо кардиган, курта ва болопӯш мебофад. Ба наздикӣ ин варзишгар офаридаҳои нави худро, ки ба Олимпидаи 2020 бахшида шудааст, ба намоиш гузошт. Ашёҳои бофтаи ӯ халта барои медали тилло ва кардиган бо рамзи Британия дар бозиҳои олимпӣ мебошад.
Ӯ дар аввал барои аҳли оилаи худаш либосҳо бофтааст. Хамчунин Том Дейлӣ ба дугонаи наздикаш низ куртае бо усули «Gucci» бофта, ҳадя намуд.



Том Дейлӣ соли 2011 падари худро аз даст дод. Падари варзишгар дар натиҷаи саратони майнаи сар аз дунё реҳлат кард. Том Дейлӣ, тамоми маблағҳое, ки аз бофандагӣ ба даст меорад ба суратҳисоби фондҳои хайриявие, ки ба таҳқиқи саратон машғуланд, мегузаронад.




Коронавирус “Додои Умедҷон”-ро тавлид кард. Саидакбар чӣ гуна дар наворҳояш муносибати ду наслро нишон медиҳад?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед